Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб аз кори хабарнигори Радиои Озодӣ қадрдонӣ карданд


Ҳангоми тақдими сипоснома ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. 9-уми марти 2021
Ҳангоми тақдими сипоснома ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. 9-уми марти 2021

Раиси ҳукумати Кӯлоб дар остонаи иди матбуот, ки ҳар сол 11-уми март дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, аз кори хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа, Маҳмудҷон Раҳматзода, низ қадр кард. Маросими тақдими ҷоизаву сипосномаҳо рӯзи 9-уми март баргузор шуд.

Радиои Озодӣ пайваста аз мушкили сокинони минтақаи Кӯлоб гузориш медиҳад ва дар оянда низ ба ин шеваи кораш идома хоҳад дод. Ҳар рӯз чандин сокини минтақа барои ҳалли мушкилашон, аз ҷумла дар масъалаи бекорӣ, тақсими ноадолатонаи замин ва мушкили бехонагӣ шикоят мекунанд.

Қодир Вализода, раиси ҳукумати Кӯлоб, рӯзи 9-уми март, ҳангоми тақдими ҷоизаву сипосномаҳо аз намояндагони идораҳои расмӣ хост, бо хабарнигорон наздик бошанд ва аз ифшои камбудҳо наҳаросанд.

Дар сипоснома ба хабарнигори Радиои Озодӣ низ гуфтаанд, ки "барои саҳм гузоштан дар рушди маънавиёти ҷомеа ва эҳсоси масъулияти баланди касбӣ" қадрдонӣ мешавад. Айни сипоснома ва ҷоиза ба чанде аз хабарнигорони дигар дар минтақа низ дода шуд.

Ҳар сол дар остонаи иди матбуоти тоҷик раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ бо баргузории маҳфиле аз хабарнигорон қадрдонӣ мекунанд.

Баъзе аз мунтақидон мегӯянд, эҳтимол мақомот бо ин васила мехоҳанд, хабарнигоронро ба худ моил карда, пеши роҳи танқидҳо ва ифшои камбудҳоро бигиранд. Хабарнигорони мустақил мегӯянд, аз қадрдонии мақомот дар соле як бор истиқбол мекунанд, аммо ҳаргиз ба камбудҳои мақомоту ҷомеа чашм намепӯшанд.

Созмонҳои байнулмилалӣ солҳои охир Тоҷикистонро барои маҳдудияти озодии баёну матбуот танқид мекунанд. Мақомот баъзе маҳдудиятҳоро барои, ба гуфтаи худашон, ҳифзи субот муҳим мешуморанд, вале мегӯянд, вазъият ба он ҳадде нест, ки созмону кишварҳои ғарбӣ тасаввур доранд.

XS
SM
MD
LG