Нерӯҳои ҳусӣ дар Яман шоми якшанбеи 7-уми март бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва мушак ба таъсисоти нафтии Арабистони Саудиро ҳамла карданд. Риёз ин амали гурӯҳи Ҳусиҳоро боиси бесуботӣ дар бозори ҷаҳонии энержӣ хондааст.
Ҳусиҳо ҳамчунин дар ин рӯз эълом карданд, ки пойгоҳҳои низомии Арабистони Саудӣ дар шаҳрҳои Ад-Димом, Усайр ва Ҷозон ни ҳадафи ҳамлаҳои онҳо қарор гирифтааст.
Вазорати энержии Саудӣ ҳам ҳамла ба Раъс Танура -- яке аз таъсисоти нафтии худро таъйид кард, аммо гуфт, ки он талафот ё хисороте надоштааст. Раъс Танура минтақае аст, ки бузургтарин таъсисоти нафтии ҷаҳон дар он воқеъ аст ва аз ин рӯ халал дар кори он метавонад таъсири иқтисодии ҷиддӣ дошта бошад.
Яҳё Сареъ, сухангӯи артиши Ҳусиҳо рӯзи якшанбе гуфт, ки гурӯҳ бо 14 дрон ё ҳавопаймои бидуни сарнишин ва 8 мушак "даст ба амалиёти густурда дар қалби Арабистони Саудӣ" зад.