Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони СММ таҳқиқи заҳролудкунии Навалнийро тақозо карданд


Агнес Калламард, масъули СММ оид ба ҳукмҳои худсарона
Агнес Калламард, масъули СММ оид ба ҳукмҳои худсарона

Ду мутахассиси ҳуқуқи башари СММ ба таҳқиқоти байналмилалии қазияи заҳролудкунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний даъват карда гуфтанд, ки “ба эҳтимоли ғолиб” Навалнийро мақомоти Русия заҳролуд кардаанд. Дар изҳороти муштараке рӯзи 1-уми март Агнес Калламард, масъули СММ оид ба ҳукмҳои худсарона ва Ирен Хан, коршиноси умуми озодии баён озодии билофосилаи Навалнийро аз зиндон талаб карданд.

Ирен Хан
Ирен Хан

Дар изҳороти масъулони СММ омадааст: “Бо назардошти вокуниши номуносиби мақомоти маҳаллӣ, истифодаи силоҳи мамнӯи кимиёӣ ва ҳам зоҳиран талоши куштори ҳадафмандона, ба бовари мо, бояд як таҳқиқоти байналмилалии изтирорӣ барпо шавад ва паёмадҳои заҳролудкунии ҷаноби Навалний ҳам маълум гардид”. Калламард ва Хан гуфтанд, заҳролудкунии Навалний бахше аз тамоюли кушторҳои ғайриқонунӣ ва талош ба куштори мунаққидон дар дохил ва хориҷи кишвар буда, ҳушдор ба дигарандешони дигар мебошад. Моҳи феврал додгоҳ Навалнийро барои нақзи қарори додгоҳи соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ ба 2,6 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯву тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG