Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафт дар ваксинаи зидди COVID-19, ҳарчанд роҳи тӯлоние дар пеш аст


Президенти Ғано аввалин шахсе шуд, ки ваксинаи зидди COVID-19-ро дар чаҳорчӯби ташаббуси COVAX қабул кард. COVAX барномаи вижаи эмкунии кишварҳои нодори ҷаҳон аст, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ташкил шудааст ва ҳадаф дорад, ки дастикам ду миллиард ваксинаро тақсим кунад. Аввалин ваксинаҳо таҳти ин барнома ба кишварҳои Ғано ва Соҳили Оҷ дастрас шуданд. Мутахассисони тиб дар Чин, дар ҳамин ҳол, барномаи вижаи эмкуниро шурӯъ карда гуфтанд, ки то июни имсол 40 дарсади ҷамъияти ин кишвар эм карда мешавад.

То ҳол аз 1,4 миллиард сокини Чин наздики 4 дарсади аҳолӣ эм карда шудаанд. Дар ИМА то ҳол беш аз 50 миллион сокин ваё 15 дарсади аҳолӣ ҳадди аққал як сӯзандоруи воксинаро қабул карда, аз миёни онҳо нисфашон ҳарду дафъаи зарурии сӯзандоруро қабул кардаанд. Ин дар ҳолест, ки бритониёиҳо воксинаи сохтаи Pfizer ва AstraZeneca-ро барои муқобила бо бемориҳои бисёр ҷиддӣ “хеле фоидаовар” номиданд.

XS
SM
MD
LG