Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари неруҳои демократии Мянмар дар додгоҳи низомиён муҳокима шуд


Эътирози мухолифони табаддулоти низомӣ дар Мянмар.
Эътирози мухолифони табаддулоти низомӣ дар Мянмар.

Аун Сан Су Чжӣ, роҳбари неруҳои демократии Мянмар дар додгоҳи низомиён муҳокима шуд. Низомиён ӯро дар содир кардани чанд ҷиноят айбдор мекунанд.

Дар ҷаласаи нахустини додгоҳӣ Су Чжӣ тавассути дурбин ҳузур пайдо кард. Бори аввал аз рӯзи ҳабси хонагӣ шудан, ба ӯ иҷозат доданд, ки бо вакилони мудофеъ мулоқот кунад.

Аз ибтидо ӯро дар ворид кардан ва нигаҳдории чанд мухобирот (ратсия) бо роҳҳои ғайриқонунӣ айбдор мекарданд. Рӯзи душанбе ӯро дар вайрони қоидаҳои беҳдоштӣ дар замони маъракаи интихоботӣ айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG