Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Изофанависӣ" дар Муъминобод. Садҳо гектар замини картошка куҷо шуд? ВИДЕО


Раиси Хатлон 760 га картошкаро наёфтааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Гузориши видеоӣ дар инҷост

Раиси вилояти Хатлон гуфт, омори вобаста ба замини кишти картошка дар ноҳияи Муъминобод, ки ба қавли ӯ дар рӯйи коғаз дигару дар асл дигар буд, боис ба барканории раиси ноҳия шудааст.

Ишорааш ба Тоҳир Амиршозода, раиси собиқи ноҳияи Муъминобод аст, ки моҳи ноябри соли гузашта аз мақом барканор гардид, аммо дар фармони президент сабаби тасмимро "гузаштан ба кори дигар" гуфтанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотии моҳи феврал гуфт, дар ҳоле ки майдони кишти картошкаро дар коғаз 950 гектар навишта буданд, дар асл шаш баробар камтар баромад.

Ӯ афзуд: "Маълумот дар бораи 950 гектарро идораи замин пешниҳод кард. Вақте ченаки назоратии сеюм гузаронидем, ҳамагӣ 140 гектар замини кишти картошка баромад. Беш аз 900 гектар дар як ноҳия ба изофанависӣ роҳ доданд. Бо изофанависӣ шиками мардум сер карда мешавад? Асло не."

Раиси тозатаъини Идораи омори ноҳияи Муъминобод мегӯяд, гап дар бораи 1105 гектар изофанависӣ меравад, на он тавре ки ишора карданд, 900 ё 950 гектар. Талаб Азизов, сардори идораи омори ноҳияи Муъминобод, гуфт, "раиси пешини идораи омор пешдастӣ кард ва худ аз кор рафт. Масъули омори соҳаи кишоварзиро 4000 сомонӣ ҷарима бастанд. Ӯ низ корро бас карду рафт."

Мухолифон ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро ба пешниҳоди омори иборат аз изофанависӣ ва ё, баръакс, кам нишон додани миқёси мушкилот муттаҳам мекунанд.

Яке аз мусоҳибони мо гуфт, изофанависӣ бозмонда аз даврони Шӯравист ва он замон ба хотири иҷрои нақша ва аз даст надодани мансаб истеҳсоли маҳсулотро аз воқеият бештар нишон медоданд. Ва ҳоло низ зери таъсири ҳамон ақидаҳо мансабдорон ва масуълон аз усули кӯҳна кор мегиранд.

Мақомоти Тоҷикистон изофанависиро ва бахусус дар соҳаи кишоварзӣ рад намекунанд. Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ, рӯзи 9-уми феврали имсол дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки "изофанависӣ ҳангоми пешниҳоди маълумот дар бораи кишту ҷамъоварии ҳосили картошка вуҷуд дорад". Вай айни замон афзуд, аз ҳоло барои ифшои чунин мавридҳо остин барзадаанд.

Дар Тоҷикистон ба кишти картошка замоне таваҷҷуҳ карданд, ки дар чанд соли охир воридоти он аз хориҷа ба маротиб камтар ва нархаш гарон шуд. Мақомот ба сокинон тавсия доданд, ки бештар картошка коранд. Ноҳияи Мӯъминобод истисно набуд.

Тоҷикистон меъёри истеъмоли картошкаро барои ҳар нафар аз 70 килои қаблӣ дар як сол то ба 92 кило боло бурд. Ба ин ҳисоб, барои таъмини беш аз 9 миллиону 300 ҳазор аҳолии Тоҷикистон ҳудуди 830 ҳазор тонна картошка зарур аст. Оморе, ки масъулон чанд соли охир аз ҷамъоварии ҳосили картошка эълон мекунанд, аз ин бештар аст. Аммо боз ҳам кишвар ба камчинии картошка хусусан дар анҷоми зимистон ва аввали баҳор дучор меояд. Аз ин рӯ, коршинсон ба омори ҷамъоварии картошка низ бо чашми шубҳа менигаранд.

Ба иттилои расмӣ, кишоварзони тоҷик дар соли гузашта 1 миллиону 20 ҳазор тонна картошка ҷамъ овардаанд, вале Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, "на ҳама аз ин миқдор картошка вориди бозор мешавад, зеро то сеяки ин миқдор картошка барои тухмии ҳосили нав истифода мешавад".

Ба гуфтаи вазир, интизор меравад, имсол 1 миллиону 400 ҳазор тонна картошка истеҳсол шавад. Оморе, ки мақомот ҳар замон бо ифтихор дар нишасту бархостҳо ба забон меоранд, вале сокинон ҳар дафъа аз норасоии "нони дувум" ва баъзан гаронии нархи он шикоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG