Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушд на дар ҳама ҷост: Минтақаҳои Тоҷикистон чӣ гуна тараққӣ мекунанд?


Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим

Бо гузашти тақрибан сӣ сол аз лаҳзае, ки Тоҷикистон истиқлол ба даст овард, мушкили рушди нобаробари минтақаҳо ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Мақомот инро мероси Шӯравӣ медонанд ва бовар доранд, бо ёфтани сармоя мушкилӣ ҳал хоҳад шуд.

Вазъи марбут ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 дар соли 2020, ки сабаби баста шудани марзҳо ва буҳрони иқтисодиву молӣ шуд, бори дигар зарурати рушд ва худкифоии минтақаҳоро бармало кард. Ҳар қадаре, ки воҳидҳои маъмуриву ҳудудӣ тавони бе ёрии марказ таъмин кардани субот ва рушдро дошта бошанд, ба ҳамон андоза вазъ дар кишвар ором мемонад.

Дар баробари ин, минтақаи аз ҳама бештар рушдкардаи Тоҷикистон ҳанӯз аз замони Шӯравӣ вилояти Суғд будааст. Вилоятҳои Хатлону Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ то кунун минтақаҳои дотатсионӣ ҳастанд.

Барои иҷрои тарҳҳо, маъмулан, сармояҳои дохиливу хориҷӣ зарур аст. Баъзан дар натиҷаи камбуди маблағгузорӣ, тарҳҳои бисёреро зарур мешавад, ки барои давраи номуайяне як сӯ бигзорем.
Умед Давлатов

“Зарфиятҳои гуногун”

Мустафо Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, пештар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чанд далели рушди нобаробари вилоятҳоро гуфта буд. Ба қавли ӯ, "минтақаҳо дар Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳудуд, шумораи аҳолӣ, зарфиятҳои инсонӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофиёӣ, зарфиятҳои гуногун доранд. Аз ин рӯ, бахши хусусӣ ҳам дар ин минтақо дар сатҳҳои гуногуни рушд қарор дорад. Барои мисол, агар дар Суғд дар як сол 65 корхонаи хурду миёна ба кор оғоз карда бошад, пас, дар Хатлон сарфи назар аз шумораи аҳолӣ ҳамагӣ 42 корхона фаъол шудааст."

Саҳми вилояти Суғд дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар 46,9 дарсад аст. Аҳолии вилоят беш аз 2,7 миллион ё 101,6 нафар дар як километри мураббаъ гуфта мешавад. Дар вилоят 14 ноҳия ва 8 шаҳру 93 ҷамоат мавҷуд аст.

Шумораи аҳолии шаҳрҳо 635,6 ҳазор (ё 24,8% аз шумораи умумии аҳолӣ) ва аҳолии деҳот 1925,2 ҳазор (75,2%) мебошад. Дар бахши саноати вилоят 676 корхона фаъол аст. Дар минтақа нирӯи барқ, масолеҳи сохтмонӣ, пахта, қолин, ғалла, картошка, меваю сабзавот, гӯшт ва ғайра истеҳсол мешавад. Минтақа бо чунин зарфиятҳо ҳамчунин мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ қарор мегирад.

Корхонаи мурғпарварии муштаракаи истеҳсолии Тоҷикистону Русия яке аз садҳо иншооти минтақа аст, ки дар моҳи сентябри соли 2020 ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба кор сар кард. Корхона бо маблағи 1,4 миллион доллар бунёд шудааст.

Дар поёни соли 2020 раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки дар як сол бо ташаббуси соҳибкорон 90 корхонаи нав ташкил шуд ва 1469 ҷойи нави кор фароҳам шуд. Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ чизе бештар аз 3 дарсадро дар бар мегирад. Аҳолии минтақа бино ба маълумоти мавҷуд 3,3 миллион нафар бо зичии 126,5 нафар дар як километри мураббаъ гуфта мешавад.

Дар вилоят 24 ноҳия ва 4 шаҳр, 133 ҷамоат мавҷуд аст. Шумораи аҳолии шаҳрнишин 47,5 ҳазор нафар (18,0% аз шумораи умумии аҳолии вилоят) ва деҳнишин 2500,3 ҳазор нафар (82,0%) аст.

Дар минтақа, бино ба маълумоти расмӣ, 537 корхона фаъол аст. Дар баробари саноати вазнину сабук мардуми минтақа дар заминдорӣ фаъолона кор мекунанд.

Деҳқонони “хоҷагии Сафар Ҷумъаев” яке аз онҳое ҳастанд, ки тобистони соли 2020 дар бахши ҷамъоварии шафтолу ҳосили рекордӣ ба даст оварданд ва таваҷҷуҳи ҳукумати вилоят ва телевизионҳоро ба худ кашиданд. Онҳо бештар аз 300 ҳектар боғи шафтолу доранд, ки 13 навъи ин меваро парвариш мекунанд ва дар оянда мехоҳанд маҳсулоташонро ба хориҷ аз кишвар ҳам баранд. “Меваҳоро аз охири моҳи май то аввали сентябр ҷамъ мекунем”, -- мегӯяд Иброҳим, деҳқони хоҷагӣ.

Барномаҳои иҷроиношуда

Умед Давлатов, мутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, ҳар минтақа вобаста аз зарфият ва имкониятҳои худ рушд мекунад. “Дар шимоли кишвар ҳанӯз аз замони Шӯравӣ корхонаҳо фаъол буданд ва то кунун кор мекунанд. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарби кишвар мардум бештар ба бахши заминдорӣ кор мекунанд, дар ВМКБ зарфиятҳои коркарди канданиҳои фоиданок мавҷуд аст ва талошҳо барои коркарди он равона карда шудааст”, -- шарҳ дод ӯ.

Ба қавли мусоҳиби мо, мушкилиҳо асосан бар пояи маблағгузориҳо сар мезананд: “Барои иҷрои тарҳҳо, маъмулан, маблағҳои дохиливу хориҷӣ зарур аст. Баъзан бар асари камбуди маблағгузорӣ, тарҳҳои бисёреро зарур мешавад, ки барои давраи номуайяне як сӯ бигзорем, вале ин ба маънои даст кашидан аз роҳандозии онҳо нест.”

Барои рушди минтақаҳо дар назди Вазорати иқтисод ниҳоди вижае вуҷуд дорад ва минтақаҳо барномаҳои рушди панҷсолаи худро омодаву ҳукуматҳои маҳаллӣ тасдиқ мекунанд, ки на ҳамеша ба иҷро мерасанд.

Ёдгор Файзов
Ёдгор Файзов

Дар моҳи октябри соли 2020 раиси ВМКБ Ёдгор Файзов “Барномаи рушди ВМКБ барои солҳои 2015-2020”-ро танқид кард. Ба гуфтаи вай, дар бештари ноҳияҳои вилоят иҷроӣ кардани барнома ҳатто оғоз нашуд ва дар баъзе ноҳияҳо ҳадди аксар 20 дарсад иҷро шуду бас. Он замон Файзов гуфт, барномае, ки сарчашмаҳои дақиқи маблағгузорӣ надошта бошад ва бо маблағгузорон мувофиқа нашуда бошад, наметавонад муассир бошад.

ВМКБ аз ҳама минтақаи камаҳолӣ ва камрушдкарда мондааст. Саҳми вилоят дар ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ баробар ба 0,8% аст. Аҳолии вилоят 230 ҳазор нафар буда, шумораи аҳолии шаҳрнишин 13,4% ва аҳолии деҳнишин 86,6 дарсадро дар бар мегирад.

Дар вилоят, бино ба омори расмӣ, 47 корхона ба истеҳсолоти саноатӣ сару кор дорад. Дар минтақа қувваи барқ, нӯшобаҳо, ғалла, картошка, мева ва гӯшт истеҳсол мешавад.

Барномаҳои рушди вилоятҳои Суғду Хатлон низ ҳамчунин дар торнамои Вазорати рушди иқтисод ва савдо гузошта шудаанд, ки дар он ҷо додаҳои оморӣ ва ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин минтақҳо навишта шудааст. Вале, маъмулан, аз иҷрои ин гуна барномаҳо ба мардум маълумот дода намешавад.

"Барномаҳо ҳастанду гузоришдеҳӣ нест"

Иқтисоддон Назаралӣ Назаралиев панҷ далели аслиеро ном мебарад, ки ба назари вай монеи рушд шудаанд, аз ҷумла дар минтақаҳо. "Мо пеш аз ҳама ба сармоя ниёз дорем, ки бар асари харҷҳои бузург барои истеҳсолот, таъмини номутавозини қувваи барқ, сатҳи пасти зерсохтҳои логистикиву нақлиётӣ, набудани додгоҳҳои мустақил ва рушди фасод ва ҳамчунин вуҷуди монополия наметавонем ҷалб бикунем."

Ба гуфти вай, ин омилҳо намегузоранд, ки ҳатто дар оянда барномаҳои рушди минтақаҳо иҷроӣ шаванд ва набудани муваффақият мансабдорони маҳаллиро барои додани гузоришҳо шояд боз медорад.

Аммо ин баҳогузориро раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили порлумон Рустам Раҳматзода ҷонибдорӣ намекунад. Ӯ мегӯяд, “мо гуруҳи вакилон дар порлумон рӯйи лоиҳаи қонуне кор мекунем, ки ташкили минтақаҳои саноатиро пешбинӣ мекунад ва ин гуна бахшҳо дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд вуҷуд дошта бошанд. Дар оянда давлат бояд ба минтақаҳое бештар сармоя ҷалб кунад, ки камтар рушд кардаанд. Қонунҳои созгоре қабул мекунем, ки минтақаҳо рушд кунанд”, -- таъкид кард вакил.

Ба қавли ӯ, рушди минтақа натиҷаи чандгона медиҳад, аз ҷумла ба бозгашти муҳоҷирон, барқарории заминҳои корам, ҷамъоварии андоз ва бештар шудани буҷа сабаб мешавад.

Ҳоло бино ба додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ, сатҳи фақр дар вилояти Суғд 17,5 дарсад, дар Хатлон 32,7 дарсад, ноҳияҳои тобеи марказ 33,2 дарсад, ВМКБ 27,7 дарсад ва дар шаҳри Душанбе 23,5 дарсад аст.

Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва 17 шаҳру 62 ноҳия (бо шумули 13 ноҳияи тобеи марказ) ва 55 шаҳраку 368 ҷамоат иборат аст.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG