Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентӣ - 2020

Рустам Латифзода: "Як хонаи панҷҳуҷраӣ дорам, замину бӯстонсаро надорам" ВИДЕО

Рустам Латифзода

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон, гуфт, қасди иштирокаш дар интихоботи моҳи октябр "намоишӣ” нест ва талош мекунад ройи бештарро соҳиб шавад. Мунтақидони Латифзода мегӯянд, пешбарии номзадии ӯ дар интихобот танҳо барои пуррақобат ҷилва додани ин корзори сиёсӣ асту бас. Суҳбати мо бо Рустам Латифзода дар ин бора ва масъалаҳои дигар рӯзи 25-уми август сурат гирифт.

Радиои Озодӣ: Суоли аввал ин аст, ки бовар доред, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб хоҳед шуд?

Рустам Латифзода: "Ҳар як ҳизб дар маъракаҳои сиёсӣ бо ҳадафи муайян иштирок мекунад, вале интихоб аз тарафи мардум аст. Арзандатарин интихоб мешавад. Ман ҳам дар ин роҳ талош хоҳам кард."

Радиои Озодӣ: Тахминатон чӣ гуна аст? Чанд дарсад овоз хоҳед гирифт?

Рустам Латифзода: "Барои тахмин ва пешгӯӣ кардан майл надорам, лекин то имрӯз як стратегия ё тактикаеро пеш гирифтаем, ки муваффақ будааст. Фикр мекунам, аз рӯйи стратегия ва тактикаи худ дар интихоботи қарибулвуқуъ ширкат мекунем ва кӯшиш мекунем, раъйи бештар ба даст орем."

Радиои Озодӣ: Дар ду интихоби гузаштаи президентӣ, ки номзадҳои Ҳизби аграрӣ иштирок доштанд, раъйи хеле кам ба даст оварда буданд...

Рустам Латифзода: "Мо имрӯз дар порлумон ҳафт ҷойро соҳиб шудем, ки назар ба даъвати панҷум ва чаҳорум бештар аст. Фикр мекунам, ин кам нест."

Радиои Озодӣ: Манзур интихоботҳои гузаштаи президентӣ буд.

Рустам Латифзода: "Интихоботи президентӣ маъракаи муҳими сиёсӣ аст ва талаботу шартҳои иштирок ва худи шахсиятҳои номзадҳо нақши муассир мегузоранд. Аз ин бисёр вобастагӣ дорад. Маъракаи мураккабу мушкил дар пеш аст. Барои иштироки ҳизбҳои сиёсӣ як сабқати бисёр ҳам сатҳи олӣ ҳисоб меравад. Кӯшиш хоҳем кард, ки аз интихоботҳои қаблӣ раъйи бештар ба даст орем."

Бахше аз суҳбати видеоиро дар ин ҷо бинед:

Рустам Латифзода ба мубоҳиса бо Эмомалӣ Раҳмон омода будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

"Суръати Интернет дар Тоҷикистон ба талабот ҷавобгӯ нест"

Радиои Озодӣ: Аз соли 2014 раиси Ҳизби аграрӣ ҳастед. Ҳизби Шумо дар шаш сол барои кишвар ва мардуми он чӣ корҳоро анҷом додааст?

Рустам Латифзода: "Аз соли 2005 дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳастем ва аллакай нақши муассири худро гузоштем."

Радиои Озодӣ: Агар дақиқ гӯем, чӣ корҳоро анҷом додед?

Рустам Латифзода: "Мушаххасан, чун мо соли 2010 дар мақоми олии қонунгузории мамлакат шомил гаштем, фаъолият дар ин мақом ҳам фаъолияти намояндагӣ, ҳам таҳияи қонунҳо ва ҳам муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Мо ҳамчун намояндаи ҳизби сиёсӣ дар ин самт фаъолияти густурда доштем. Қонунҳои зиёде дар соҳаи кишоварзӣ қабул кардем ва ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон аз мушкилоти онҳо огоҳ шуда, онро ба таваҷҷуҳи вазорату идораҳо расондем."

Радиои Озодӣ: Дар як мусоҳиба гуфта будед, ки фаъолияти ҳизби Шумо дар порлумон ба таври зарурӣ дар расонаҳо инъикос намешавад. Аз тарафи дигар, бисёриҳо мепурсанд, вақте нархи Интернет чанд баробар гарон шуд ё масъалаи симкортҳо пеш омад, вокуниши шумо ё вакилони ҳизбро нашуниданд...

Рустам Латифзода: "Ман тарафдори беҳтар кардани хизматрасонии иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ҳастам ва дар барномаи мо ин масъала мушаххас гуфта шудааст. Он суръати Интернет ва имкониятҳое, ки имрӯз дар фазои иттилотии кишвар аст (фазои электрониро дар назар дорам) ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест."

Радиои Озодӣ: Пас, чаро вокуниш накардед?

Рустам Латифзода: "Шахсан шояд эътирози маро нашунида бошед. Лекин мо дар худи кумитаҳо, дар фраксия ин масъалаҳоро баррасӣ кардем ва қобили қабул набудани ин қарорро дар онҷо баррасӣ карда будем."

"Ба кисагӣ хондани ҳизб розӣ нестам"

Радиои Озодӣ: Дар як мусоҳиба, рӯзноманигор ва таҳлилгар Раҷаби Мирзо аз Шумо пурсид, ки ҳизбатонро дар расонаву суханрониҳо "ҳизби кисагӣ" меноманд. Ҷавоб додед, ки "ин як масъалаи нозук аст". Манзуратон аз "масъалаи нозук" дақиқан чист?

Рустам Латифзода: "Ман дар онҷо ҳам шарҳ дода будам. Пеш аз ҳама мехостам, ба ҳамон коршинос ё “таҳлилгар” вохӯрам ва далелҳои кисагӣ буданро аз онҳо шунавам то ҷавоби саҳеҳ ба ҳамон шахсият диҳам.”

Радиои Озодӣ: Биёед, баъзе далелҳоро, ки дар матбуот навиштаанд, номбар кунем. Баъзеҳо бовар доранд, ҳизби Шумо дар баробари сиёсатҳои ҳукумат “сукут” ихтиёр кардааст, ба ягон пешниҳод ва қарорҳои фиристодаи ҳукумат ба порлумон норозигӣ надорад...

Рустам Латифзода: "Ин эътироз бояд дар кадом шакл бошад? Оё эътирози ягон вакили дигарро шунидед?​ Вақте як қонун ё созишнома ба порлумон мерасад, ба кумитаҳо ворид мешавад ва ин масъалаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи кумитаҳо баррасӣ мешавад. Баъд дар сатҳи саркумита ва баъдан дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон. Масъала қариб, ки дар шакли тайёр ба ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мешавад. То онҷо бисёр мушкилот ва масъалаҳои нофаҳмо ҳалли худро меёбанд."

Радиои Озодӣ: Боз баргардем ба масъалаи “ҳизби кисагӣ”, ки Шумо онро “масъалаи нозук” номидаед. Ин масъала чӣ гуна “нозук” аст?

Рустам Латифзода: "Шояд назари шахсони таҳлилгар ва “коршиносони номаълум” ин бошад, ки мо дар бисёр масъалаҳо ҳамфикри ҳукумат ҳастем ё инки дар масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷомеа баррасӣ мешаванд, эътироз намекунем. Лекин ин хел нест. Нафарони зиёде аз аъзои мо дар вазорату идораҳо дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд. Вақте назари худро дар ин ё он масъала мегӯем ва ин масъала қабул мешавад, аллакай фикр кардан даркор, ки мо дар ин масъалаҳо саҳми худро гузоштаем."

Радиои Озодӣ: Аммо соли 2015 Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфта буд, "албатта, Рустам Латифзода, раҳбари ин ҳизб шахси арзанда ва инсони хуб аст, аммо рӯирост мегӯям, ки ин ҳизбро ҳукумат ташкил кард". Посухи Шумо чист?

Рустам Латифзода: "Ман фикру ақидаҳои Шодӣ Давлатовичро шарҳ додан намехоҳам, худашон шарҳ диҳанд, ки дар кадом асос чунин мегӯянд. Бигзор ягон далел оранд ва гап зананд, мо суҳбат мекунем. Нисбат ба он шахс эҳтиром дорам. Медонам, ки ин суханро кай гуфта буданд. Вақте дар натиҷагирии интихоботи соли 2015 он кас ба эҳсосот дода шуданд ва баъдан аз ин суханашон даст кашида буданд. Боз ҳам мегӯям, ки кадом шахсе набошад, марҳамат, мо дафтари корӣ дорем ва барои муколама омода ҳастем.”​

Радиои Озодӣ: Мушаххаас кадом бахши сиёсати ҳукуматро мехоҳед тағйир диҳед?

Рустам Латифзода: “Мо гуфта будем, ки соҳаи кишоварзӣ ва деҳоти кишвар дар авлавият қарор дода шаванд. Барои онки қисмати зиёди ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Вале солҳост, ки деҳқони тоҷик аз фишори мақомот шикоят доранд. Мегӯянд, мақомот ба онҳо "дикта" мекунанд, ки чӣ кишт кунанд ва чӣ накоранд. Гандумро мекананду мегӯянд, картошка шинон ё талаб мекунанд, ки пахта парвариш кун ё тарбуз ва ғайра. Ин ҳол оё дуруст аст?

Рустам Латифзода: "На дар ҳама ҷо."

Радиои Озодӣ: Вале ҳолатҳо ҷой доранд...

Ҳолномаи Рустам Латифзода

Рустам Латифзода 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1984 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва соли 1990 Донишгоҳи кӯҳшиносии Санкт-Петербургро бо ихтисоси муҳандис-эколог хатм кардааст. Дар Кумитаи давлатии ҳифзи табиати Тоҷикистон, вазорати мелиоратсия ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2010 вакили порлумон мебошад. Як муддат узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон ҳам буд. Солҳои 2013-2014 дар вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кор кардааст. Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Рустам Латифзода: "Тибқи қонун деҳқон дар интихоботи кишту кор ва зироати худ соҳибихтиёр аст. Аммо дахолат то чӣ андоза? Дар маҷмуъ дар кишвар ҳадафи стратегӣ қабул кардем, ки таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Вақте деҳқон огоҳ мешавад, ки кадом зироатро кишт кунад, кадом зироат баъди 3-4 моҳ бо нархи муносиб ба фурӯш меравад, ин тавсияи муфид ба ҳисоб меравад. Вақте ҳукумат тавсия медиҳад, ки кадом зироат кишт шавад, чун дурнамои ҳосил ба назар гирифта шудааст. Деҳқон дар ин масъала умуман фикр намекунад."

“Агар бо Э.Раҳмон дар дебат иштирок кунам...”

Радиои Озодӣ: Дар интихоботҳои президентии кишварҳои дигар дебат ё баҳси номзадҳо баргузор мешавад. Агар раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дигарбора номзад шавад дар дебат ё баҳси зинда бо ӯ рӯбарӯ шавед, чӣ мепурсед?

Рустам Латифзода: "Аввал ин ки агар чунин дебат шавад, ифтихор мекунам, ки дар чунин як муколама иштирок мекунам. Саволҳо дар рафти ҳамон дебат пайдо мешаванд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар зеҳнатон ягон суоле аст, ки дар вақти дебат ба Эмомалӣ Раҳмон бидиҳед?

Рустам Латифзода: "Ин дебатҳо баъд аз муайян шудани барномаи ҳизбӣ, барномаҳои номзад сурат мегиранд. Мо таҳлил мекунем, мушкилоти ҷомеа аст, дидгоҳу назари президенти амалкунандаро мепурсем. Фикр мекунам, агар чунин дебат шавад, дебати бисёр мароқанганзе мешавад ва шояд 9 миллион аҳолии Тоҷикистон онро тамошо кунад."

Радиои Озодӣ: ҲХДТ ҳоло номзади худро пешниҳод накардааст ва маълум нест, раиси ҷумҳури феълӣ дар интихоб боз ширкат мекунад ё на. Имкон дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ширкат дар интихоботи президентии 11-уми октябр даст кашад? Он гоҳ чӣ ҳолат пеш меояд?

Рустам Латифзода: "Барои мо ҳам бисёр мароқангез аст, ки аз ҲХДТ дар ин маъракаи сиёсӣ номзадии киро пешбарӣ мекунанд. Мо чунин иттилоъ надорем ва фикр мекунам, ҲХДТ номзади арзандаи худро пешниҳод мекунад, шояд президенти феълӣ бошад, шояд шахсияти дигар."

Радиои Озодӣ: Агар Эмомалӣ Раҳмон дар интихоб ширкат накард, ба назари Шумо, чӣ ҳолат пеш меояд?

Рустам Латифзода: "Ман пешгӯӣ кардан намехоҳам, мебинем, анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба наздикӣ баргузор мешавад. Баъд аз анҷуман мебинем, ки кадом номзад пешниҳод мешавад."

Хонаи панҷҳуҷраӣ -- дороии ягонаи раиси ҲАТ?

Радиои Озодӣ: Интихоботи президентӣ маъракаи хурд нест ва харҷи зиёд металабад. Шумо ҳамчун номзад чӣ қадар дороӣ доред ва барои иштирок дар интихобот чӣ қадар пул сарф карданӣ ҳастед?

Рустам Латифзода: “Дар маъракаи пештара ҳам таваҷҷуҳ нисбат ба масъалаҳое, ки дар барномаамон зикр мекунем, зиёд аст. Шахсони зиёде аз рафиқон ва бародарон дорем, ки ба ҳизби мо таваҷҷуҳ доранд ва кумакҳои моливу пулӣ мекунанд. Ин хилофи қонун нест ва дар оинномаи мо қайд шудааст. Албатта, маблағҳои дигар ҳам ҷалб карда мешаванд. Вале имрӯз ман гуфтан намехоҳам, ки то имрӯз чӣ қадар маблағ ҷамъ кардем. Мо як миқдор маблағ ҷамъ кардем ва интизор дорем, ки маблағҳои дигар ҳам ҷалб карда мешаванд.”

Радиои Озодӣ: Дар интихоботи президентии соли 2013 ҳизби шумо чӣ қадар маблағ сарф кард?

Рустам Латифзода: “Бигзор як сирри ҳизбӣ бошад. Дар интихоботи солҳои 2006 ва 2013 аз лиҳози молиявӣ он қадар бисёр набуд, лекин имконият дод, то андозае ҳадафу мақсадҳои худро амалӣ кунем.”

Радиои Озодӣ: Худи шумо вакил ҳастед ва оё гуфта метавонед, ки чӣ қадар дороӣ доред?

Рустам Латифзода: “Ман аз соли 1989 ба Душанбе кӯчида омадам ва як хонаи дуҳуҷрагӣ доштам. Баъдан шароит хубтар шуд, боз сеҳуҷрагӣ гирифтам. Имрӯз соҳиби як хонаи панҷҳуҷрагӣ ҳастам, замини кишоварзӣ надорам, бӯстонсаро ҳам надорам.”

Радиои Озодӣ: Агар президент интихоб шавед, аввалин ислоҳоте, ки анҷом медиҳед, кадом аст?

Рустам Латифзода: “Мо ба ҳамаи соҳаҳо ва мушкилот дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳ дорем.”

Радиои Озодӣ: Бубинед, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, ки дар сурати ғолиб шудан дар низоми бонкӣ ислоҳот мегузаронад, андозро кам мекунад ва сармоягузорӣ ба илмро афзоиш медиҳад. Шумо дар сурати ғалаба дар интихоботи президентӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳед?

Рустам Латифзода: “Воқеияти имрӯзаро бояд таҳлил кард. Дар низоми бонкдорӣ чӣ тағйирот овардан мешавад?”

Радиои Озодӣ: Ин гапи мо нест, барномаи раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аст. Шумо чӣ кор мекунед дар сурати пирӯзӣ?

Рустам Латифзода: “Мо имрӯз метавонем ваъдаҳои зиёд диҳем. Лекин амалӣ кардани онҳоро ҳам бояд мо фикр кунем. То чӣ андоза ин ваъдаҳои мо амалишаванда ҳастанд. Мо, албатта, пешниҳод карда будем ва дар ин пешниҳоди худ истодаем, ки соҳаи кишоварзӣ пурра аз андоз озод карда шавад. Дар бораи дотатсия ҳарф намезанем. Ақалан аз молиёт озод кардани соҳаи кишоварзӣ амалӣ шавад, ин худ як дастгирии бисёр муҳими давлатӣ аст. Масъалаҳои нафақа ва маоши кормандони соҳаи кишоварзӣ. Маош ва нафақаи аз ҳама паст дар ин бахш аст. Ин масъаларо бознигарӣ кардан даркор. Дигар масъалаҳое ҳастанд дар бораи маърифати ҷавонон, дигар кардани симои деҳот ва кам кардани тавофут миёни деҳот ва шаҳр. Вақте мо деҳотро ба дараҷае дастгирӣ мекунем, ки шароити иҷтимоии мардум дар деҳот баланд бардошта мешавад, ин худ як такон ва пешравӣ барои шаҳру марказҳои вилоятҳо мегардад.”

Радиои Озодӣ: Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон шаби гузашта дар изҳороте интихоботи президентии моҳи октябрро, «ғайриқонунӣ», «зиддиконститутсионӣ» ва «зиддимардумӣ» хонд ва гуфт, аз иштирок дар чунин интихобот даст мекашад. Вокуниши Шумо ба ин гуфтаҳо чӣ аст?

Рустам Латифзода: “Ман гуфтаҳои Раҳматилло Зойировро шарҳ намедиҳам.”

Радиои Озодӣ: Ин изҳорот нисбат ба интхоботест, ки Шумо дар он иштирок мекунед...

Рустам Латифзода: “Интихоботе, ки эълон карда шудааст ва доир мегардад, дар доираи қонун аст. Ҳар як қароре, ки дар чунин сатҳ қабул мешавад, таҳлиҳои зиёд карда мешаванд. Вақте қарор қабул мешавад, бояд дар инҷо шубҳа дар бораи қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани он набояд бошад. Ин назари худи Раҳматилло Ҳамидович аст. Бигзор назари худро шарҳ диҳад. Ҳизби сиёсӣ аст аст, назари худро гуфтааст.”

"Маро анҷумани ҳизб номзад кардааст, на ҳукумат"

Радиои Озодӣ: Дар ҷомеа ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи номи Шумо ва чаҳор номзаде, ки то имрӯз пешниҳод шудаанд, суханҳои зиёде садо медиҳад. Аз ҷумла, менависанд, ки номзади Шумо ва се нафари дигарро худи ҳукумат барои пуррақобат нишон додани интихобот пешниҳод кардааст. То куҷо қабул доред, ки иштирокатон рамзӣ аст?

Рустам Латифзода: “Моро анҷумани ҳизб пешбарӣ кард ва чунин мурракаб сохтани маъракаҳои сиёсӣ барои ҳукумат чӣ зарурат дорад? ҲХДТ иқтидори зиёд дорад, ки ҳама масъалаҳоро ҳаллу фасл кунад. Имрӯз имконият дар фазои сиёсии Тоҷикистон барои ҳар як ҳизби сиёсӣ баробар фароҳам оварда шудааст. Мо бовар дорем, ки КМИР тамоми чораҳоро меандешад, ки шароити баробар ба ҳама ҳизбҳои сиёсӣ дода шавад.”

Радиои Озодӣ: Пас ин ҳама назарҳо аз куҷост?

Рустам Латифзода: “Мо ин назарҳоро таҳлил мекунем. Инҳо 5-6 ё бисёр бошанд 10 нафар ҳастанд, ки доимо ин гуна нуқтаи назарҳоро роҳандозӣ мекунанд. Хушбахтона, он қадар тарафдорони зиёд надоранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудани як ё ду фикр нисбат ба чорабиниҳои сиёсӣ маънои онро надорад, ки тамоми ҷомеаи Тоҷикистон чунин фикру андеша доранд. Вақте мо сафарҳо мекунем, назари мардуме, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дур аст, тамоман дигар аст. Дар бораи тақаллуб, сохта будан, чорабинии қарибулвуқуъ дар кадом сатҳ мегузарад, назарҳо гуногун мешавад. Шояд ба касе маъқул нашавад, вале мо бояд фикру андеша ва раъйи мардумро писандем.”

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Латифзода: "Мардум мегӯянд, алакай интихоби худро кардаанд"

Рустам Латифзода

Рустам Латифзода, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми сентябр гуфт, дар чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ва Хатлону Суғд бо мардум дидору мулоқот дошт ва маълум шудааст, ки онҳо аз ҳоло "интихоби худро кардаанд".

"Мардум мегӯянд, алакай интихоби худро кардаанд, ҳарчанд намегӯянд ба кӣ овоз медиҳанд. Ба ҳар ҳол, аз онҳо даъват дорем, ки дар интихобот ширкат кунанд ва ба ҷонибдорӣ аз номзади ҳизби мо овоз диҳанд", -- афзуд ӯ.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, бовар дорад, ки ҳама номзадҳои дигар, ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон, шахсони идорашаванда ҳастанд ва нияти раисҷумҳур шудан надоранд. Ӯ гуфт, барои чунин номзадҳо, аз ҷумла Латифзода, иштирок дар чунин маъракаи аз қабл тарҳрезишуда кори осон нест.

"Бовар дорам, ширкат дар интихобот барои ӯ (Рустам Латифзода) як сарбории гарон аст. Ҳатто дар ҳамин вазъият ҳам метарсанд, ки мабодо рафторе анҷом диҳанд, гапе зананд, ки ба “боло” писанд наояд", -- шарҳ дод ӯ.

Мамадшоев ба суоли он ки чаро дар ин сурат номзадҳо вориди интихобот шудаанд, гуфт: "Мумкин аст, ки ҳатто чизе ба инҳо надиҳанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон тавре мушоҳида мешавад, бархе ҳозиранд, чӣ коре, ки аз "боло" фармоянд, иҷро кунанд."

МУҲАНДИСИ ОБ, УСТО ВА УЗВИ ПОРЛУМОН. РУСТАМ ЛАТИФЗОДА КИСТ?

Рустам Латифзода, муҳандиси об, раиси Ҳизби аграрӣ ва вакили порлумон, дар интихоботи имсола нахустин нафаре буд, ки номзадии худро ба мансаби президент пешниҳод кард.

Мунтақидон мегӯянд, нақши Латифзода аз қабл тарҳрезӣ шуда, ӯ аз худ наметавонад мустақилият нишон диҳад. Ҷонибдорон ва ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ дар тасмимгириҳои худ, аз ҷумла ширкат дар интихобот мустақилона амал кардааст ва шонси худро месанҷад.

Рустам Латифзода соли 2014, пас аз марги Амир Қароқулов, ба курсии раиси ин ҳизб такя зад. Дар интихоботи соли 2015 ҳизб зери роҳбарии ӯ пас аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ бештари овозҳоро ба даст овард ва бо ҳафт вакил дувумин ҳизби порлумонист, ки фраксия ё фирқаи худро дорад.

Латифзода соли 1960 дар ноҳияи ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Институти кӯҳшиносии шаҳри Санкт-Петербургро хатм намудааст. Дар вазифаҳои усто, инженер ё муҳандиси калони идораи “Тоҷикводстрой”, сардори шуъбаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва сармутахассиси шуъбаҳои кишоварзӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулодаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ падари чаҳор фарзанд ва айни замон раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси Намояндагон аст.

НАЗАРИ МУХОЛИФОН ВА ҶОНИБДОРОН

Мунтақидон мегӯянд, Латифзода ҳамчун раиси ҳизб дар таҷрибаи панҷсолаи вакилиаш дар масоили доғи кишвар садо баланд накарда, бо масоили хурду ҷузъӣ иктифо намудааст. Ишораи таҳлилгарон ба пойфишории ӯ ба ворид кардани калимаи “авлод” ба қонун “Дар бораи зотпарварӣ” аст, ки мояи баҳси гарме дар порлумон шуда буд.

Марат Мамадшоев, муҳаррири собиқадор ва таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, то ба ҳол изҳорот ё вокуниши Рустам Латифзодаро дар масоили доғи кишвар надидааст. Ӯ мегӯяд, “нақши Рустам Латифзода дар арсаи сиёсати Тоҷикистон ба мисли номзадҳои дигар аст. Онҳо ҳамагӣ статистанд (актёре, ки дар саҳна нақши бесадоро иҷро мекунад), на бештар аз он. Онҳоро сиёсатмадор гуфтан душвор аст. Ҳузурашон дар интихобот танҳо барои он аст, ки рақобатро дар миёни номзадҳо ба мақоми президентӣ ҷилва диҳанд. Ҳамчун сиёсатмадор арзиш надоранд.”

Коршиносон дар саҳифаҳои матбуот ва расонаҳои мустақили тоҷикӣ аз Латифзода ва ҳизбаш “кисагӣ” ном мебаранд. Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби аграрӣ, мегӯяд, ин иддао бепоя аст. Ба гуфтаи ӯ, муассисон дар такя ба вежагиҳои иқтисодӣ ва воқеиятҳои Тоҷикистон ҳизбро ташкил додаанд.

"МАГАР МО НАМЕТАВОНЕМ ҲИЗБИ ХУДРО ТАЪСИС ДИҲЕМ?"

“Дар саргаҳи таъсиси ҳизб шахсиятҳои бузургу донишманд, академик Амир Қароқулов ва боз як олими дигар буданд. Мо ҳизбро таъсис додем, оинномаи онро навиштем. Ин чӣ гап аст, ки моро ҳизби кисагӣ мегӯянд? Ин гапҳои беҳудаи шахсонест, ки аз дасташон чизе намеояд, дар умрашон коре ҳам накардаанд... Дар ҳар давлат вобаста ба вазъияту хусусияти ҳамон кишвар ҳизбҳо ташкил мешаванд. Масалан, дар Русия беш аз сад ҳизб ҳаст. Ҳизби дӯстдорони оби ҷав вуҷуд дорад, ки мақсадаш беҳтар кардани сифати он аст. Беш аз 70 дарсади иқтисоди Тоҷикистон марбут ба соҳаи аграрӣ аст. Магар мо наметавонем ҳизби худро таъсис диҳем?”, -- гуфт Сафаров.

Зайниддин Сафаров мегӯяд, “Латифзода мутахассиси соҳаи худ, шахси кордон ва роҳбари дурбине ҳаст, ки чанде аз таклифу пешниҳодҳои ӯ, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзиро ҳукумат ба инобат гирифта, мавриди амал қарор дод”.

Ба ин тартиб, ёрону ҳамсафони Латифзода мегӯянд, ӯ довталабона номзадиашро ба мақоми президентӣ гузошт ва талош дорад шонси худро дар ин корзор бисанҷад.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр доир хоҳад шуд ва дар он президент барои 7 соли дигар интихоб мешавад.

Барои иштирок дар интихоботи имсола ба ҷуз аз президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, боз чаҳор номзади дигар – Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номнавис шудаанд.

Фаромуз Иргашов: "Аз интихоботи имсола сабақ мегирам"

Фаромуз Иргашов: "Аз интихоботи имсола сабақ мегирам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Зеварбону Рауфӣ: Чаро дар интихобот номзади сазоворе нест?

Зеварбону Рауфӣ

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд, ҳаммеҳани азиз!

Хеле вақт аст, ки бо ҳам суҳбат накардаем. Имрӯз мехоҳам, дар бораи интихобот ҳарф бизанем. Шояд ту бо ҳарфҳои ман мувофиқ бошӣ, шояд ҳам баръакс – мухолиф. Шояд баъзеяшонро қабул дошта бошӣ ва баъзеяшонро рад бикунӣ. Ман ҳам интизор надорам ҳамешаву дар ҳама ҳолат афкору назару натиҷагириҳои монанд дошта бошем. Дар ҳар сурат, дилам хост, он чиро, ки аз зеҳнам мегузарад, бо ту дар миён бигзорам.

Агар ҳоло хориҷ аз кишвар намебудам, шояд имсол ман ҳам метавонистам мисли хеле аз ҷавонони дигари меҳанамон, ки ба синни қонунии овоздиҳӣ расидаанд, дар интихобот иштирок кунам ва ба номзаде, ки лоиқаш мешуморам, раъй диҳам. Вале оё номзади сазоворе дар интихоботи имсола иштирок дорад?

Гумон намекунам. Шояд бипурсӣ, барои чӣ? Чун аз байни панҷ номзад дар интихобот аксари аҳолӣ танҳо як нафарро мешиносанд ва он ҳам раисҷумҳури феълии кишвар аст. Чаҳор номзади дигар, бо инки ба ном иштирокчии интихобот ҳастанд, барои шиносондани худ ва барномаи худ дар амал ҳеч талоши муассире накардаанд.

Албатта, ин костии онҳо замоне чашмрастар гашта, ки тайи чанд моҳи ахир тамоми расонаҳои давлатӣ дасти кам рӯзе як бор номи Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас мешаванд. Дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо ва аксҳои таблиғии ӯ дар гардишанд ва сухан кӯтоҳ барои таъсиррасонӣ ба афкори умум тамоми воситаҳои мумкинро истифода мебаранд.

Пас, табиист, ки номзадҳои дигар бо барномаҳои заифи омодакардаашон ва таблиғоти суст ва назарногири то ба ҳол иҷро намудаашон камтарин шонсе дар баробари ҳарифи хеш надоранд. Ҳоло, ки ин интихобот танҳо як номзади ба истилоҳ “омода” дорад, биёед, вақтро талаф накунему мустақим биравем суроғи ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон мутаваллиди соли 1952 ва аз соли 1994 раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Наздик ба 28 сол аз умри 68-солааш дар раъси идораи давлат қарор дорад. Шояд оқилона мебуд, агар бо хоҳиши худ аз иштирок дар интихоботи имсола даст мекашид, аммо ба назар мерасад ӯ ба роҳатӣ аз курсии раисҷумҳурӣ рафтанӣ нест.

Аҷиб аст, бо ин ки аз 22-юми майи соли 2016 синни номзад ба курсии раисҷумҳурӣ ба 30 сол коҳиш ёфта, дар байни номзадони имсола ҷавонтаринашон 60 сол дорад.

Инчунин намешавад зуҳури Фаромуз Иргашовро, ки мехост ба таври худпешбарӣ ба интихобот роҳ пайдо кунад, нодида гирифт. Зеро ягона иттифоқи ғайримунтазираи мусбати интихоботи имсола ҳамин ҷуръат ва талоши ӯ аст, ки мутаассифона номуваффақ, аммо умедбахш буд. Шояд талоши имсолаи ӯ фоли некест, ки дар интихоботҳои баъдӣ сафи ҷавонон дар ин қабил маъракаҳои муҳими сиёсӣ афзоиш хоҳад ёфт. Албатта, агар зимомдорон барои ҷавонон ҳамвора садд насозанд.

Ман дар кул мухолифи онам, ки инсонҳои зиёд солхӯрда раисҷумҳури Тоҷикистон шаванд. Махсусан, ҳоло, ки барои пешрафт ва такомули кишвар ниёзи мубраме ба нерӯи нав, идеяи нав, роҳкорҳои нав ва роҳбарони нав ҳаст.

Натиҷаи чанд соли охири фаъолияти ҷаноби Раҳмон низ худ таъиде бар ин назар аст. Зарфиятҳои ҳеч инсоне бениҳоят нест. Пас, табиист, ки раисҷумҳури феълӣ низ тӯли ин 26 сол дигар ба сарҳади зарфиятҳояш расида ва чизи бештаре дар ростои рушди кишвар анҷом дода наметавонад. Баръакс, шароити ҳар чи бештар зарар расондан ба Тоҷикистонро имконпазир мекунад. Медонам, ҳоло бо чашмҳои кушоду ҳайроншуда мепурсӣ, чӣ тавр?

  • Сафи хешовандони раисҷумҳур рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш аст. Ин ки фарзандон, домодон ва дигар хешовандону дӯстони наздики хонаводаи раисҷумҳур дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият мекунанд, ба ҳеч кас пӯшида нест. Ин вазъ худ ба худ шароити эҷоди қабзаи қудрат ё инҳисори густурдаеро ба вуҷуд овардааст.
  • Ҳамчунин, заминаи фасод дар тамоми сохторҳои мавҷуд дар кишвар фароҳам аст ва он барои худи Эмомалӣ Раҳмон ҳам пӯшида нест. Зеро борҳо дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ба раисону рутбадорон таҳдид карда, ки аз амалҳои ҳар яки онҳо бохабар аст. Ишораи ӯ ба хонаву мошину дигар дороиҳои зердастонашро чандин бор шунидаем. Воқеан, агар бо миёнгини маоши давлатӣ ҳисоб кунем, аксари онон на тӯли 5-10 сол, ки то охири умр ҳам соҳиби чунин сарвате намешуданд. Пас, суоле пеш меояд, ки чиро раисҷумҳур бо огоҳӣ аз фасоди густурда дар ҳукумат ба фикри чораҳои қатъӣ ва муборизаи шадиде бар зидди фасодкорӣ намешавад?
  • Шак надорам, касе дар ин миён хоҳад гуфт: "Ҷаноб як худаш чӣ хел ба ҳама кор “успет” кунад? Айб, айби одамони гирду атрофаш аст, агар не, ҷаноб худаш марди Худоай. Атрофиёнаш ҳама корро “ҷазир” мекунанд.” Ҳоло мехоҳам, ин нуктаро бароят хотиррасон кунам, ҳаммеҳани азиз. Агар таваҷҷуҳ карда бошӣ, ҳар гоҳ касе ба мансабе таъин мешавад, ё аз мансабе сабукдӯш мегардад, дар расонаҳо мегӯянд бо қарори президенти кишвар... Пас, суол, чиро раисҷумҳур афродеро, ки лаёқати иҷрои вазифаро надоранд, ба мансабе таъин мекунад? Ҷои дуре намеравем, Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар боризтарин намунаест аз афроде, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаб таъин мекунад. Ва аҷибтар аз ҳама ба ҷои он ки ба беҳтарин наҳв аз интернет баҳра бигирад ва дар пайдо кардани кӯчактарин ихтилоли мавҷуд дар фазои сайберии кишвар пешдаст бошад, Бег Сабур эътироф карда, ки аз интернет истифода намебарад. Фоҷеа аст, не?
  • Набуди ҷои кор, маоши муносиб ва фазои озод барои рушди фардӣ дар кишвар боис шуда, ки қувваи корие болиғ ба як миллион шаҳрванд, ки аксарашон ҷавононанд, ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират кунанд. Фикр намекунӣ 26 сол, ҳоло, биё шаш соли аввал, ки ба тармими харобиҳои ҷанг сарфшударо ҳисоб накунем, оё 20 сол замони кофие барои ҳукумат набуд? То битавонанд дасти кам барои 50% аз он муҳоҷирон ҷои кории муносиб фароҳам оваранд? Ин вазъ боис шуда Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҳамсояаш ва ба хусус Русия як кишвари заиф ва вобаста ба назар расад. Ва чи шармовар ва мусибатбор, ки кишваре 29-30 соле аз ба даст оварадани истиқлолаш сипарӣ шавад, аммо ҳанӯз ба маънои воқеӣ мустақил нашуда бошад?!
  • Як нуктаи нигаронкунандаи дигар, ки хеле муҳим аст, обрӯи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалист. Ба назар мерасад, раисҷумҳури феълии кишвар тӯли ҳукумати 26-солаи хеш тавониста ба андозаи кофӣ мухолифони амиқан норозие эҷод кунад, ки табиист бо шеваҳои гуногун норозигии хешро ба намоиш мегузоранд ва гирдиҳамоиҳои солҳои ахир дар Лаҳистон, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун ҳукумате хонаводагӣ ва диктатурӣ дар тамоми Аврупо муаррифӣ карда. Ҳамчунин хабарҳое перомуни боздоштҳои ғайриқонунӣ ва одамрабоии мақомоти Тоҷикистон, ки мухолифонашро ба зӯр ба кишвар баргардонда онҳо ва бастагонашонро зери шиканҷа қарор медиҳад, дар расонаҳои кишварҳои Аврупо ва Амрико нашр шудаанд. Амалҳое аз ин қабил, ки бо ҳар гуна гуманизм ва ҳуқуқи инсон дар таноқуз аст, боиси поин рафтани ҳар чи бештари эътибори кишвар дар миқёси ҷаҳонӣ мегардад, ки воқеан мояи нороҳатӣ ва нигаронист.

Ҳаммеҳани азиз! Росташро бихоҳӣ ҳанӯз нуктаҳои зиёдеро метавонам бароят мисол оварам. Аммо бо ҳамин панҷто ҳарфҳоямро тамом мекунам, то беш аз ин вақтатро нагирам. Ҳамон тавре, ки дар боло ҳам гуфтам, шояд ту бо андешаҳои ман комилан мухолиф бошӣ, лек хостам бидонӣ, ба назарам дар интихоботи имсола ва шояд интихоботҳои оянда интихобе сурат намепазирад.

Ҳамчун ҳусни мақтаъ як сухани Лукиан, нависандаи Юнони бостонро меорам, ки ду ҳазор сол пеш гуфтааст: "Вақте рақибе нест, пирӯз омадан осон аст." Дар ҷойи дигар ин мутафаккир мегӯяд: "Бузургтарин ғалаба ин пирӯзӣ бар худ аст."

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Педагоги президентшав, вориси Кенҷаев ва метросози Душанбе. Абдуҳалим Ғаффоров кист?

Абдуҳалим Ғаффоров

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров сарфи назар аз шикастҳояш дар маъракаҳои сиёсии гузашта бори дигар дар интихоботи президентӣ иштирок дорад. Ба бовари тарафдоронаш, фаъолияти зиёд дар бахши маориф ва қонунгузорӣ ба ӯ бартарӣ мебахшад ва шонси сиёсияшро афзоиш медиҳад. Мунтақидони Ғаффоров ба нақшбозии шахсияти сиёсии вай ишора мекунанд ва ба ин назаранд, ки иҷозаи даъво барои қудратро ба ӯ худи ҳукумат додааст.

Абдуҳалим Ғаффорови 69-сола, раиси Ҳизби состсиалистии Тоҷикистон, дар муддати хеле кӯтоҳ имзоҳои лозимро барои сабтином дар Кумисюни марказии интихобот ҷамъ овард ва бори сеюм номзад ба мақоми президент шуд.

Пешбарии ӯ ба ин мақом вокуниши вижае дар пай надошт, ба ҷуз аз суолҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки чӣ гуна номзади хеле ношинохта дар як давраи кӯтоҳ метавонад бештар аз 250 ҳазор имзо ҷамъ биоварад.

Абдуҳалим Ғаффоров аз соли 1998 узви Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аст. То соли 2004 раиси созмони ин ҳизб дар шаҳри Душанбе буд ва ҳамон сол дар анҷумани ғайринавбатии ҳизб раиси он интихоб гардид. "Мо роҳи душвореро гузаштем, то ба ин рӯз расидем. Ҳадафи асосӣ хидматгузорӣ ба мардуми Тоҷикистон маҳз бо роҳи сиёсӣ буд", -- мегӯяд ӯ.

Ба қавли Абдуҳалим Ғаффоров, вақте раҳбари ҲСТ шуд, ин созмон дар марҳилаи фурӯпошӣ қарор дошт, вале бо гузашти солҳо муяссар шуд, ки онро тақвият диҳад ва порлумонӣ кунад. "Ҳоло 21 600 нафар дар дохил ва 9000 нафар дар хориҷ узви ҳизби мо ҳастанд. Ба ҷуз ин, дар ҷумҳурӣ 366 созмони ибтидоӣ дорем", -- изофа кард номзад.

СИЁСАТМАДОРИ МУВАФФАҚ, Ё ГАПШУНАВ?

Вале сарнавишти ҳизби зери раҳбарии ӯро на ҳама ин қадар рӯшан эътироф мекунанд. Ҳизб соли 1999, се моҳ пеш аз интихоботи президентӣ, аз сӯйи сиёсатмадори тоҷик ва додситони пешин Сафаралӣ Кенҷаев таъсис дода шуд.

Ин сиёсатмадори дар миёни рақибони худ бадном ба орзуи худ нарасид ва ҳамон сол ба таври мармуз кушта шуд. Баъд аз чанд соли марги Кенҷаев ҳизб ба ду бахш шуд: ҷиноҳе, ки Мирҳусейн Назриев раҳбарӣ мекард ва қаноте, ки зери раҳбарии Ғаффоров буд. Соли 2004 Вазорати адлияи Тоҷикистон Ғаффоровро раиси расмии ҳизб эътироф кард.

Ба гуфти муҳаққиқи таърихи пасошӯравии Тоҷикистон, Нуриддин Чолов, Ғаффоров харизмаи вижае аз худ нишон надод ва суханвар нест: "Азбаски ӯ бар хилофи тарафдорони дигари Кенҷаев мухолифи мубориза бо ҳукумат буд, ба содагӣ мавриди пуштибонии ҳукумат қарор гирифт. Мақомсозии ӯ дар Академияи илмҳо ва соҳаи маориф маҳз баъд аз ҷудоӣ дар ҳизб оғоз шуд. То ин вақт ӯ як коргари муқаррарӣ буд."

Мирҳусейн Назриев дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ гуфт, ки асноди расмии Ҳизби сотсиалистӣ то кунун дар дасти ӯ қарор доранд ва ӯ худро раиси воқеии ҳизб медонад. "Ҳизберо, ки Ғаффоров раҳбарӣ мекунад, бо ҳизбе, ки замоне Кенҷаев таъсис дода буд, ҳеч иртибот надорад", -- гуфта буд он замон Назриев.

МАҚОМСОЗӢ ВА ЗИНДАГӢ

Абдуҳалим Ғаффоров зодаи шаҳри Панҷакент ва хатмкардаи риштаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории Душанбе аст. Ба сифати лаборанти калони шуъбаи фалсафаи Академияи улуми Тоҷикистон, корманди кафедраи марксизм-ленинизм ва таърихи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, тарҷумони заводи нуриҳои азотӣ, муовини аввали раиси Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, декани факултаи бозомӯзии кормандон дар назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон кор кардааст. Номзади илмҳои педагогӣ ва аълочии маорифи Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибдоронаш аз бахши маориф ӯро номзади арзанда бо таҷрибаи қонунгузорӣ ва раҳбарӣ медонанд. “Ғаффоров як шахси бисёр шоиста аст ва тайи солҳои кор дар донишгоҳ худро раҳбари муассире муаррифӣ кард. Дар ҳизб ҳам фазои бисёр озод ва демократӣ ташкил кард”, -- мегӯяд мудири кафедраи забонҳои Омӯзишгоҳи геологӣ Давлатхотун Саидошурова.

БАҲОГУЗОРИҲОИ ГУНОГУН

Дар солҳои 2006 ва 2013 низ Ғаффоров барои курсии президентӣ мубориза кард, вале муваффақиятҳои чашмгире надошт. Дар интихоботҳои порлумонии солҳои 2020, 2015 ва 2020 вакил интихоб шудааст. Дар доираҳои коршиносии мустақил курсии ваколатро барои даъвогарони собиқи қудрат “туҳфаи сардори давлат” барои нишон додани рақобат дар интихоботи президентӣ меноманд.

Дар корзори имсолаи сиёсатмадор дар баробари ваъдаҳои ҳифзи субот, боло бурдани сатҳи зиндагӣ, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо, ҳарфи пурвокуништар ваъдаи бунёди метро дар Душанбе буд, ки онро бисёриҳо талоши ҷалби таваҷҷуҳ ба шахсияти худ аз сӯйи ин номзад номиданд.

Шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, корзори Ғаффоров идорашаванда будани ин номзадро тасдиқ мекунад: “Шиорҳои хандаовари ӯ марбут ба бунёди метро, гирифтани пул барои вуруд ба Душанбе бисёр соддалавҳонаанд. Ин амалкардҳо ӯро наметавонанд ба қудрат бирасонанд, вале бори дигар ивазнашаванда будани раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳанд.”

Интихоботи 11-уми октябр панҷумин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон аз соли 1994 аст. Кумисюни марказии интихобот раиси ҷумҳурии амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро пирӯзи ҳамаи чаҳор интихоботи пешин (1994, 1999, 2006 ва 2013) эълон кардааст. Натиҷаи интихоботҳое, ки ҳукуматҳои кишварҳои дӯсти Тоҷикистон демократӣ эътироф карданд, аммо кишварҳову ниҳодҳои ғарбӣ ношаффофу ноодилона номиданд.

Гапи Озод: Ба интихобот меравед, ё не? ВИДЕО

"Шумо ба интихобот меравед?" Дар барномаи "Гапи Озод" посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар чунин шахсонро накуҳиш мекунанд ва мегӯянд, интихобот тақдири ояндаи кишварро ҳал мекунад ва бояд бираванд.

Имрӯз тарафдорони ин ду ақидаро ба барномаи "Гапи Озод" даъват кардем.Маҳдии Собир, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки мегӯяд, ҳатман ба интихобот меравад ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, як узви фаъоли “Гурӯҳи 24” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст) дар Русия, ки мегӯяд, ба интихобот намеравад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Дар он ҳамроҳ бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон чаҳор номзади дигар ширкат меварзанд.

Мақомот мегӯянд, наздики 5 миллион шаҳрванди қобили раъй дар 68 ҳавзаи раъйдиҳӣ дар дохил ва дар 39 қитъаи раъйдиҳӣ дар хориҷи кишвар бояд овоз диҳанд.

Баҳси ҷолиби Маҳдии Собир ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳорро дар инҷо тамошо кунед ва Шумо ҳам бигуед, ки ба интихобот меравед, ё не:

Гапи Озод: Ба интихобот меравед, ё не?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:56 0:00

Барномаро дар Ютуб бинед:

Гапи Озод: Ба интихобот меравед, ё не?

Гапи Озод: Ба интихобот меравед, ё не?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:56 0:00

Раъйдиҳӣ дар аҳди COVID-19. Мақомот мегӯянд, намегузоранд, интихобот сабаби густариши вирус шавад. ВИДЕО

Омодагӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон дар шароити пандемия

То замони баргузории интихоботи президентӣ 18 рӯзи дигар мондааст. Ин нахустин маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар шароити пандемияи COVID-19 ва нигарониҳо аз густариши бемории ҳамагир баргузор мешавад.

Бархе аз сокинону коршиносон ба овоздиҳии онлайн даъват доранд. Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) гуфтанд, кишварҳои дигар интихоботро дар шароити пандемия таҷруба карданд ва Тоҷикистон низ маъракаро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом медиҳад.

Дар саросари кишвар 68 ҳавза ва 3375 қитъаи овоздиҳӣ ташкил кардаанд. Барои иштирок дар интихоботи президентии Тоҷикистон панҷ номзад сабтином шуданд.

ОВОЗДИҲӢ ДАР ҲУҶРАҲО Ё МАЙДОН?

Бархе аз сокинон мегӯянд, агар мақомот воқеан ба раъйи онҳо эҳтиром доранд, бояд чораҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд, то маъракаи сиёсӣ ба манбаи густариши беморӣ табдил нашавад. Тоҳир Лашкаров дар Душанбе ронанда аст ва мегӯяд, "беҳтар аст, раъйдиҳӣ на дар ҳуҷраҳои хурду баста, балки дар хиёбон ё майдонҳо сурат бигирад. Маводи беҳдоштиро бисёртар гузоранд."

Омодагӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон дар шароити пандемия
Омодагӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон дар шароити пандемия

Як мушоҳидаи мо дар чанд нуқтаи овоздиҳӣ дар пойтахти Тоҷикистон нишон дод, ки масъулон дар баробари феҳрасти интихобкунандаҳо ва санадҳои дигари муҳим, ҳамчунин, маҳлулҳои беҳдоштӣ гузоштаанд.

Зарифбой Ҳусейнов, раиси кумисюни қитъаи интихоботии рақами 11 дар ноҳияи Шоҳмансур ба Радиои Озодӣ гуфт, инҷоро барои бештар аз ҳазор овоздиҳанда омода кардаанд. Вай афзуд, "омодагии участкаҳо аз 17-уми август оғоз шуда, то имрӯз пурра ба анҷом расидааст. Участка аз хонаи модару кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, кабинаи овоздиҳӣ ва утоқи иттилоотӣ иборат аст."

ШИНОСНОМА, НИҚОБИ ТИББӢ ВА...

Масъулони қитъаҳои раъйдиҳӣ мегӯянд, ҳар сокине, ки вориди участкаҳои интихоботӣ мешавад, бояд дар баробари доштани шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҳатман ниқоби тиббӣ ва дастпӯш дошта бошад ва фосилаи ҷисмониро, ки ду метр таъин шудааст, риоя кунад.

"Дар дохили ҳуҷраҳои овоздиҳӣ маҳлулҳои беҳдоштӣ гузошта шудааст. Ҳар шахс дар баробари он ки дастонашро дар берун пок мекунад, дар дохили ҳуҷраҳо ҳам имкони безарар кардани дастонашро доранд", -- гуфт мусоҳиби мо.

Омодагӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон дар шароити пандемия
Омодагӣ ба интихоботи президентии Тоҷикистон дар шароити пандемия

Марям Ғиёсова, котиби кумисюни қитъаи интихоботии рақами 7 гуфт, бо дастури ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансур ба хонаи сокинон рафта, аъзои хонаводаҳои қобили раъйро аз рӯйи шиносномаҳояшон ба қайд гирифтанд. Вай ҳамчунин гуфт, тасмим доранд, ҳангоми тақсими даъватнома ба овоздиҳанда пӯшидани ниқоби тиббӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро таъкид хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 5 миллион кас ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати ширкати нисфе аз онҳо дар интихобот хатари васеъ паҳн шудани беморӣ вуҷуд дорад. Бархе аз коршиносон дар чунин вазъият овоздиҳии онлайнро тавсия медиҳанд, то амнияти мардум аз беморӣ бештар таъмин карда мешуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Тоҷикистон ба интихоботи давраи пандемия омода мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

ЧАРО БА РАЪЙДИҲИИ ОНЛАЙН РОЗӢ НЕСТАНД?

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари тоҷик гуфт: "Агар Тоҷикистон аз нигоҳи фанновариҳои иттилоотӣ як кишвари пешрафта мебуд, овоздиҳии онлайн метавонист, беҳтарин роҳ барои ҷилавгирӣ аз сирояти беморӣ ва тақаллуб мешуд. Аммо ба ҳама маълум аст, ки дар кишвари мо имкон надорад."

Масъулони КМИРТ дар як посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ дар ин бора навиштанд: «......Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" интихоботи раёсатҷумҳуриро аз тарафи шаҳрвандон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ муқаррар намудааст. Шакли дигари овоздиҳӣ дар қонунгузории кишвар муқаррар нашудааст».

Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт машварат додаанд, ки назорати қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин маъракаи серодам ҷиддӣ гирифта шавад. Ин ниҳоди байналмилалӣ, аз ҷумла гуфтааст, интихобот, ки маъракаи серодам аст, метавонад, сабаби паҳншавии фавқулодаи беморӣ гардад, барои ҳамин, тамоми ниҳодҳо, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

ТОҶИКИСТОН ДАР АҲДИ КОРОНАВИРУС

Пизишкон ҳузури ҳамтоёни худро дар марказҳои овоздиҳӣ муҳим медонанд.

То имрӯз коронавируси дар Тоҷикистон ба тақрибан даҳ ҳазор кас сироят кардааст. Ба иттилои расмӣ, 73 нафар аз ин беморӣ фавтида, беш аз 80 дарсад шифо ёфтаанд.

Ҳарчанд дар кишвар расман карантин ҷорӣ нагардид, мақомот барои пешгирӣ аз паҳншавии босуръати он муҷозот таъин карданд. Аз ҷумла, барои надоштани ниқоби тиббӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Интихоботи моҳи октябр аз соли 1994 ба ин тараф интихоботи панҷуми президентӣ дар Тоҷикистон аст. Дар чаҳор интихобот расман Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунуниро пирӯз эълон карданд. Натиҷаи интихоботҳое, ки мақомоту кишварҳои дӯсти Тоҷикистон онро демократӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ ношаффофу ғайриодилона хондаанд.

Хостаҳо аз президенти ояндаи Тоҷикистон дар "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО

Аз президенти ояндаи Тоҷикистон чӣ мехоҳед? Имрӯз дар Озодӣ Онлайн посухҳо ба ин суолро мебинем ва дар ҳамин бора гап мезанем.

Дар воқеъяк видео дар вебсайти мо сабаб шуд, ки корбарони зиёде дарди дил кунанду бигӯянд, ки аз президенти Тоҷикистон чӣ мехоҳанд. Корбаре бо номи «Ноумед» дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, аввалин коре, ки мехоҳад, президент ба анҷом расонад, нобуд кардани коррупсия аст.

«Ба мансабхариву мансабфурӯшӣ хотима дода шавад. Аз мансаби раиси ҷамоат, раисони ноҳия ва вилоят то мудири мактаб ҳама фурӯхтаву харида мешавад. Бо ин ҳол магар ободӣ мешавад? Ҳеч гоҳ! Ба Худо, хаста шудем, аз пулчиниҳои Шумо. Барои имзо пул деҳ, барои санад пул деҳ, барои гузаштан аз роҳ пул деҳ», -- навиштааст ӯ.

Корбари дигаре ҳам дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, то замоне ки дар Тоҷикистон фасоду порахӯриро аз байн набаранд, баъди интихобот ҳам ҳеч чизе тағйир намеёбад ва беҳтар намешавад. Шарҳи ин корбарро мехонем, ки нахостааст, номашро бигӯяд:

«То коррупсионерҳоеро, ки ба президенти кунунӣ маълум ҳастанд, аз реша нест накунанд, баъди интихобот аҳволи Тоҷикистон бадтар мешаваду беҳтар не. Адолати додгоҳӣ нест, боварии мардум ба коргарони милиса, амният бисёр кам шудааст. Роҳи ҳалли масъаларо бояд ҷуст.»

Дар воқеъ, худи мақомоти расмии Тоҷикистон ва то раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эътироф кардаанд, ки фасоду ришвахорӣ дар кишвар бисёр паҳн шудааст ва амнияту суботи онро зери хатар гузоштааст.

Корбаре бо номи Абдулло дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, бояд қавлу амали раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон як бошад ва ҳар ваъдае, ки дод ба он вафо кунад. Абдулло чунин шарҳеро дар вебсайти Радиои Озодӣ гузоштааст: “Президенти ояндаи кишвар бояд дар амал худашро исбот кунад, на инки фақат сухан гӯяд. Аз ӯ интизор дорем, ки барои мардум ҷойи кор биофарад, то мардум ба Русия нараванд. Бас аст, дигар миллати тоҷикро хору залил кардан. Ва як чизи дигар, ин ки президенти оянда қавму маҳалбозиро аз байни мо тоҷикон бардорад.»

Барномаро дар инҷо бинед:

Хостаҳо аз президенти ояндаи Тоҷикистон дар Озодионлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

«Лоиҳакаши оянда» номи корбари дигарест, ки хостаи ӯ ҳам аз раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон фароҳам кардани шароит барои бештар шудани ҷойҳои корӣ аст. Шарҳеро мехонем, ки ин корбар зери видеои Радиои Озодӣ навиштааст:

«Ман шахсан аз президенти оянда хоҳиш дорам, ки дар Тоҷикистон ба ҷойи боғу гулгаштҳои зиёд корхонаву фабрикаҳо созанд, то камбизоатӣ кам шавад. Мардум ба муҳоҷират кам раванд ва дар кишварамон соҳиби ҷойи кор шаванд.»

Айни шарҳҳо зиёданд ва ҳам шарҳҳо дар бораи онки дар Тоҷикистон суботу оромӣ бошад, кофист. Аммо дар ин миён як нафар бо номи «Шаҳрванд» доир ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум навиштааст ва аз раиси ҷумҳури оянда чунин хоҳише кардааст: “Мо мехоҳем президенти оянда озодии мардумро таъмин кунад, мардум дар ҳама тасмимгириҳояшон озод бошанд. Президент хидматгори мардум бошад, на ин ки мардум дар хидмати президенту авлодаш.»

Барномаро дар Ютуб бубинед:

Шумо аз раиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон чӣ мехоҳед? Нависед, ё дар видео бигӯеду ба мо бифристед ва дар барнома худатонро бубинед. Барои қабули видеову назарҳои Шумо Вотсапу Вайберу Имову Телеграм дорем.

ODIHR: Барои назорат аз интихоботи Тоҷикистон эҳтимол гурӯҳи хурди коршиносон мераванд

Яке аз нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), ниҳоди вобаста ба Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, ҳанӯз дар бораи чигунагии назорат аз интихоботи президентии Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Як масъули созмон гуфт, ба эҳтимоли зиёд, бо фиристодани гуруҳи хурди коршиносон иктифо хоҳанд кард.

ODIHR дар интихоботи порлумонии моҳи март низ гуруҳи хурди коршиносонро ба Тоҷикистон фиристода буд, вале дар интихоботҳои гузашта нозирони дарозмуддаташ иштирок мекарданд.

Лорен Барановска, ноиби сухангӯи ODIHR, рӯзи 21-уми сентябр дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳанӯз масъала ҳалли худро наёфтааст. Агар аз ҷониби мо назорати интихоботӣ барпо шавад, як гурӯҳи арзёбикунандаи хурди интихоботӣ, бо шумули тими мутахассисони калидӣ, хоҳанд рафт. Ҳамонгуна, ки дар моҳи март буд.”

Барановска 15-уми сентябр хабар дод, ки ODIHR барои фиристодани ҳайати нозиронаш ба Тоҷикистон аз мақомоти Душанбе даъватнома гирифтааст.

Бори аввал дар соли 2020 созмон аз ирсоли ҳайати дарозмуддати худ барои назорат аз ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон худдорӣ карда, танҳо ҳайати хурди коршиносонашро фиристода буд.

Гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки моҳи март барои назорати интихоботи порлумонӣ омаданд, рӯзи 27-уми май гузориши ниҳоии хешро нашр карданд. Онҳо гуфтанд, интихоботи порлумонӣ дар як фазое баргузор шуд, ки “нақзи пайвастаи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои бунёдӣ, фазое барои мубоҳисаҳои гуногунандеши сиёсӣ нагузошт ва мухолифони аслӣ аз саҳнаи сиёсӣ ронда шуданд.”

Дар натиҷа, ба гуфтаи муаллифони гузориш, мардум дар Тоҷикистон алтернатива ва ё гузинаҳои сиёсӣ барои интихоб надоштанд.

Баҳои ин ниҳод аз интихоботҳои президентӣ дар давоми солҳои истиқлол ғолибан интиқодӣ буда, ҳама овоздиҳиҳоро мухолиф бо меъёрҳои интихоботи демократӣ арзёбӣ кардааст.

Дар интихоботи президентии имсола панҷ номзад иштирок мекунанд, ки яке аз онҳо президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон аст. Мунтақидону мухолифон мегӯянд, ширкати президенти 68-солаи Тоҷикистон, ки аз соли 1994 дар интихобот ҳамеша баранда эълон шудааст, натиҷаҳои онро аз ҳоло пешгӯишаванда мекунад.

Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон довталаб Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократро ба далели мушкил дар санадҳояш сабтином накард.

Фаромуз Иргашев, ки мехост аз роҳи худбешпарӣ ё мустақилона дар интихобот ширкат кунад, сабаи ҷамъ наовардани 260 ҳазор имзои зарурӣ аз идомаи мубориза даст кашид ва гуфт, барои зарар нарасидан ба тарафдоронаш имзои ҷамъовардаи худро аз байн мебарад.

"Одил бошад, халқро дарк кунад." Раҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, ки президент бояд чӣ гуна бошад. ВИДЕО

Президент бояд чӣ гуна бошад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:10 0:00

"Дилаш ба мардум сӯзад, одил бошад ва халқро дарк кунад." Ин тасвири президенте аст, ки чанде аз раҳгузарон дар Душанбе гуфтанд, мехоҳанд дар сари қудрат бубинанд. Рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва Кумисюни марказии интихобот барои иштирок дар он панҷ нафар, аз ҷумла раиси ҷумҳури ҳозираро сабтином кардааст.

Назари сокинон ин аст:

  • "Дилаш ба мардуми тоҷик ва ватанаш сӯзад. Фақат барои халқу ватан хидмат кунад."
  • "Бояд шахси одил, меҳрубон, дилсӯз ва созанда бошад."
  • "Ба халқаш хубиву ободӣ кунад."
  • "Муҳим, ки Тоҷикистонро обод кунад."
  • "Бояд барои халқ худро фидо намояд."
  • "Мардумро фаҳмад ва дастгирӣ кунад."
  • "Бо тоҷики мо кор сарукор гирифтан мушкил аст. Президенти ҳозира бо фарҳанги тоҷикони мо мувофиқат мекунад. Бо тоҷикон кор кардан бениҳоят мушкил аст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Чанде аз раҳгузарон гуфтанд, ки президент бояд чӣ гуна бошад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Дар зер навиштани назару пешниҳодҳои худро ҳам фаромӯш накунед.

Милисаи собиқ, коммунисти содиқ. Номзад ба мақоми президент аз Ҳизби коммунист кист? 

Мироҷ Абдуллоев

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон нафареро номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешниҳод кард, ки чеҳраи ношинохта дар сиёсат дониста мешавад. Нафаре, ки собиқаи кор дар милиса, Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва дигар идораҳои ҳукуматиро дорад, пас аз шаш соли нафақа, раиси куҳантарин ҳизб дар Тоҷикистон шуд.

Мироҷ Абдуллоеви 72-сола бузургсолтарин нафар дар миёни панҷ номзад аст, ки се сол пеш, дар 69-солагӣ вориди сиёсат шуд ва якбора ба болотарин мақоми Ҳизби коммунистӣ расид. Ҳизб, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукуматро дар даст дошт, пас аз пош хӯрдани он қудратро аз даст дод ва ба гуфтаи коршиносон, ба “як созмони куҳансолони сарсупурдаи идеологияи коммунистӣ” табдил ёфт.

Аз оғози истиқлоли Тоҷикистон то соли 2016, раҳбарии ҳизбро 24 сол Шодӣ Шабдолов бар дӯш дошт, ки аз сиёсатҳои ҳукумат танқид мекард. Ҳизби онҳоро дар интихоботи порлумонии соли 2015 мағлуб эълон карданд. Баъдан дар як ҷаласаи ҳизб, ки Шодӣ Шабдолов онро “табадуллот” номид, аз ҳизб рафт ва муовинаш Исмоил Талбаков ҷойгузини ӯ шуд. Талбаков пас аз як сол даргузашт.

Номи Мироҷ Абдуллоев, сеюмин раҳбари коммунистҳои Тоҷикистон дар расонаҳо панҷ моҳ пас аз даргузашти Исмоил Талбаков дар моҳи апрели соли 2017 пайдо шуд. Ӯро раиси нави Ҳизби коммунистӣ баргузиданд. Шарҳи ҳолаш бозгӯи он аст, ки то соли 2017 таҷрибаи кор дар Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро надошт. Соли 2017 раҳбари созмони ҷамъиятии “Ҳомиёни ватан”, як иттиҳоди бознишастаҳои мақомоти интизомӣ буд.

Дар Чехословакияи собиқ коммунист шуд

Cоли 1948 дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон дар хонаводаи коммунист ба дунё омадааст. Факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст ва пас аз як соли кори омӯзгорӣ ӯро ба артиш бурдаанд. Мироҷ Абдуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Солҳои 1968‑70 дар Чехословакия хизмат кардам ва дар ҳамон ҷо узви Ҳизби коммунистӣ шудам. Ин орзуи ман буд, ба орзуям расидам. Мо он ҷо, чуноне мегӯянд, “қарзи байналмилалиамонро” иҷро кардем­.”

Хидмат дар артиш ҳадафҳои омӯзгор ва коммунисти ҷавонро тағйир дод. Ӯ касбашро дигар кард ва ба сафи милиса пайваст. Баъди соли 1984 ва хатми давраи омӯзишии дусола дар Академияи милисаи Шӯравӣ дар Маскав, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) таъйин шуд. Соли 1999 ба Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гузашт ва то соли 2005 дар мақомҳои гуногуни оҷонсӣ кор кардааст. Рутбаи полковникӣ дорад.

То расидан ба раҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 11 сол ҳуқуқшиноси ҳукумати Кӯлоб будааст. Шариф Сафаров, котиби шуъбаи Ҳизби коммунистӣ дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, якбора ба мақоми баланди ҳизбӣ расидани Мироҷ Абдуллоев барояш ғайриинтизор буд. Ба гуфтаи Сафаров, ӯ як аъзои оддии ҳизб буд, вале фаъолона дар ҷаласаҳои он ширкат мекард. Соли 2017 раҳбари шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб таъйин карданд ва пас аз муддати кутоҳе коммунисти рақами 1 дар кишвар шуд.

Дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2020 соҳиби курсии вакили Маҷлиси намояндагон гардид. Интихоботе, ки ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ озоду холисона сурат нагирифт. Шариф Сафаров, раҳбари шуъбаи Ҳизби коммунистӣ дар Кӯлоб мегӯяд: “Ба ин гап, ки чеҳраи шинохтаи ҳизбӣ набуд, розиям. Кори партиявӣ ҳам накарда буд. Назарияи марксизмро хуб намедонад. Шояд корҳои ташкилотчигиашро ба назар гирифтанд. Вақте дастгирӣ ёфт, дигар боло рафт.”

Сабти номи осон шубҳа барангехт

Номзадии Мироҷ Абдуллоевро, ки пас аз якуним соли раҳбарии ҳизб вакили порлумон шуд, Комиссияи марказии интихобот бе ягон эроде сабти ном кард. Ҷамъоварии беш аз 260 ҳазор имзои интихобкунандагон дар як ҳафта шубҳаи коршиносонро ба номзади мутақил будани ӯ ба бор овард. Коршиносон гуфтанд, ки бо кӯмаки ҳукумат то ба ин сатҳ расидааст. Ҳарчанд масъулини Ҳизби коммунистӣ чунин чизеро рад карданд.

Зафар Муродов, рӯзноманигори тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ Мироҷ Абдуллоевро мешиносад, мегӯяд, бе кӯмаки хос, ӯ ҳеҷ гоҳ то мақоми номзад ба мақоми раиси ҷумҳур намерасид, чун таҷрибаи раҳбари сиёсӣ ва ҳаводори зиёде надорад. Зафар Муродов ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо ӯ соли 1988 вақте майори милиса буд, шинос шудам. Ҳамчун милиса коргари хубе ба назар мерасид, чун дар он вақт ҳар касро ба чунин вазифа намегузоштанд. Ҳамчун сиёсатмадор таҷриба надорад. Ҳарчанд, таҷрибаи ҳаётӣ дорад, назари худро дорад, лекин на дар ҳама ҷо ва ба ҳар кас андешаи худро ошкоро мегӯяд. Хомӯширо авлотар медонад.”

Пас аз рафтани Шодӣ Шабдолов ва фавти Исмоил Талбаков бархе коршиносон мегуфтанд, мумкин аст, Ҳизби коммунист комилан аз саҳнаи сиёсӣ биравад, аммо бо омадани Мироҷ Абдуллоев ҳизб дар интихоботи порлумонӣ садо баланд кард.

Ба инобат гирифтани назари ҳамсояи бузург?

Толибҷон Саъдуллоев, устоди таърих, ки равандҳои сиёсиро дунбол мекунад, мегӯяд, зоҳиран омадани Мироҷ Абдуллоев тасодуф нест. “Барои ҳукумат, ки муносибати хуб бо Чин дорад, ки он ҷо Ҳизби коммунист ҳукмрон аст, вуҷуди ҳизб муҳим буд. Он ҳам дар шакле, ки ҳизб зери назари ҳукумат амал кунад. Фикр мекунам, ки дар доираҳои болоии ҳукумат дар чеҳраи Абдуллоев ҳамин гуна одамро диданд. Ӯ одами санҷидашуда ва боэътимоди ҳукумат буд ва ба ӯ ин ҳизб ва ҳатто нақш бозидан дар мақоми президентии Тоҷикистонро бовар карданд. Фақат сафи як нафари бо ном рақиб зиёд шуд, тамом. Ӯро на касе мешиносад, на чеҳраи мардумӣ аст, вале интихоботи Тоҷикистонро бо иштирокаш демократӣ нишон медиҳад”, гуфт ӯ.

Масъулони Ҳизби коммунистӣ иддао мекунад, ки онҳо мустақиланд ва номзадашон рақиби воқеии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҳикматулло Ҳомидов, як узви собиқадори Ҳизби коммунист мегӯяд, ба мақоми раҳбарии коммунистҳо ва пешбарии номзадиаш ба мақоми раиси ҷумҳур натиҷаи талошҳои худи ӯст ва касе дар пушташ қарор надорад: “Ӯ сазовор аст. Талошҳои худаш буд, ки коммунистҳо ӯро раҳбар интихоб карданд. Муносибати хуб дорад ва дар тамоми соҳаҳо кор кардааст. Бовар дорем, ки аз уҳдаи вазифаи президентӣ ҳам мебарояд.”

Раҳбарони ин ҳизб иддао доранд, ки ба касе пойбанд нестанд ва мустақиланд ва беш аз 38 ҳазор тарафдор доранд, ки 12 фоизи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мироҷ Абдулоев барои ташвиқи номзадиаш ба Кӯлоб сафар кардааст ва мегӯяд, ба пирӯзиаш дар интихобот бовар дорад. Иддаое, ки бовар кардан ба он бисёр сахт аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

"Вазифаи хонагӣ"-и Усмонзода. Кӣ метавонад Эмомалӣ Раҳмонро ба суҳбат бо рақибонаш моил кунад?

Саидҷаъфар Усмонзода ва Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҳарчанд Саидҷаъфар Усмонзода ба интихоботи президентӣ роҳ наёфт, имкон дорад худро таъсиргузортар аз онҳое нишон бидиҳад, ки дар ин сабқат иштирок доранд. Гап сари иддаое нест, ки сабти ном нашудани раҳбари демократҳоро ба фаъолмандии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ нисбат дода, аз ӯ "қаҳрамон" тарошиданӣ мешаванд.

Дар анҷумани Ҳизби демократ, ки ӯро номзад пешниҳод карданд, яке аз ҳамсафонаш - Мирзо Нуриддинов пешниҳод намуд, ки ба Президенти Тоҷикистон расонад, то бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ мулоқоти ҷудогона ташкил намояд.

Воқеан, ин гуна вохӯриро дар маҳфилҳои сиёсии кишвар шояд ба хотир надоранд.

Зимнан, агар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон як маъракаи ҷолибу пуррақобате мебуд, ки ҳамаи номзадҳо дар мулоқот бо интихобкунандаҳо ҳозир мешуданд, баҳс мекарданд ва зарфиятҳои худро нишон медоданд, шояд зарурати ин гуна мулоқот пайдо намешуд. Аммо интихобкунандаи тоҷик ёд надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои интихоботии инак панҷуми худ кай бевосита ҳамчун номзад бо мардум сӯҳбат дошт, ба саволу масъалагузории онҳову рақибонаш посух дод. Имсол ҳам ба ин сӯҳбату мулоқотҳо шахсони боэътимодашро мефиристад.

Ин гуна мавқеъгирӣ, аз як ҷониб ҷаззобияти интихоботро ҳарчӣ камтар намояд, аз сӯи дигар боис ба "сироят шудани" дигарон мегардад. Номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода низ дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо интихобкунандагон дар Данғараву Кӯлоб иштирок накард ва ба ҷои худ шахси боэътимодаш Фирӯз Ҳақназарзодаро фиристод.

Раиси коммунистҳо ҳарчанд дар мулоқоти Бохтар ҳузур дошт, ба ҷои ӯ шахси боэътимодаш ҳарф зад. Дар Кӯлобу Данғара ҳам, тавре аз гузориши шабакаҳои телевизионӣ дидем, Мироҷ Абдуллоев айнан ҳамин корро кард: дар минбар ӯ менишаст, аммо барномаи ҳанӯз дар расонаҳои хабарӣ муаррифинашудаашро намояндаи ҲКТ дар Кӯлоб шарҳ медод.

Ҳоло танҳо Рустам Латифзодаву Абдуҳалим Ғаффорзодаро мебинем, ки дар мулоқоти ташкилнамудаи КМИР шахсан иштирок мекунанд. Намегуфтем, ки бисёр ҷиддӣ масъалагузорӣ мекунанд, вале кӯшишҳое ҳаст ва ин маънои эҳтиром ба мардуму маъракаҳои муҳиме чун интихоботро дорад.

Албатта, аҷиб намебуд, ки рӯзи эълони натиҷаи интихобот ин ду нафар аз "номзадҳои номаълум" камтар овоз бигиранд. Зеро мо интихоботҳои парлумониеро низ бисёр шоҳид будаем, ки маҳз номзадҳое ба вакилӣ пазируфта шудаанд, ки тақрибан бо мардум сӯҳбат надоштаанд. Онҳоро боре инҷониб "фариштаҳои ҳамабин” номида будам, ки ба пеши мардум наомада, аллакай паёми худро мерасонанд...

Хуб, Эмомалӣ Раҳмон метавонад ҳузур надоштанаш дар ин маъракаҳоро ба серкории худ ва сафарҳои кориаш ҳамчун президенти амалкунанда ва маълум аст, ки оянда, нисбат бидиҳад. Қонунгузории Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд маълум накардааст, ки дар сурати номзад буданаш, оё ӯ ҳаққи иҷрои мансаби президентиро дорад ва агар чунин талабот дар қонунгузорӣ нест, ин наметавонад ба ҷараёни интихобот таъсир расонад?

Ба ҳар сурат, масалан хабари №1 -и шабакаҳои телевизионӣ маҳз гузориши муфассали сафару иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. Танҳо пас аз он дар бораи ягон мулоқоти суратгирифтаи номзадҳо ва "омодагиҳои ҳамаҷонибаи қитъаҳои интихоботӣ ба маъракаи муҳим" хоҳанд гуфт.

Ин як масъалаи ҳуқуқист, ки ҳоло баррасӣ нашудааст. Номзадҳо бошанд мегӯянд, ки барои интихобот "ҳамаи шароитҳо муҳайёст".

Вале иштирок накардани номзадҳо дар мулоқот бо мардуми ақаллан ҷамъовардаи ҳавзаҳои интихоботӣ аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?

Масалан ҳамин Рустам Раҳматзода кори муҳимтаре аз интихобот дар ин шабу рӯз бояд дошта бошад? Ё ӯ дар ҷои дигар бо мардум сӯҳбат дошт? Оё аз ситоди интихоботии ӯ хабаре ҳамчунин шунидед? Ва аслан дар бораи мавҷудияти ин ситоди интихоботӣ, ки Раҳматзода даъво дорад, ки доранд, бохабаред?

Чунин саволу баррасиҳо ба маъракаи бисёр камранги интихоботии президент дар Тоҷикистон ҳатман асаргузор хоҳад шуд. Масалан нозирони байналхалқӣ, ки ахиран мегӯянд барои мушоҳида меоянд, ҳамаи ин нуктаҳоро пайгирӣ мекунанд.

Барои ҳамин, баргузор намудани як мулоқот бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ ё баҳс (дебат) бо рақибони интихоботӣ дар ин шабу рӯз барои Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ба назар мерасад. Ҳоло бояд баҳси "сатҳи номзадҳо"-ро канор гузошт, агар мехоҳанд то ҷое фазои интихоботӣ ҳоисл шавад.

Бовар дорам ду Рустам - Латифзода ва Раҳматзода дар бахшҳои вобаста ба худ метавонанд дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон ҳарфҳое бигӯянд. Ҳатто Ғаффорзода, ки президент дар дидори аввали худ, вақти оғози даъвати нави парлумон дар соли 2015, барояш хушгӯиҳое намуд, имкон дорад як "комплимент"-и дигар ба ҷаноби Раҳмон намояд. Мироҷ Абдуллоев бигзор ба ин дебат ё мулоқот биёяду хомӯш нишинад. Ҷои аслии сукути ӯ ҳамин ҷост, на назди мардум...

Аслан мавзӯи дидору мулоқот бо Президенти Тоҷикистон нав нест. Соли 2009, дар оғози бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ раиси сотсиал - демократҳо Раҳматилло Зойиров ин гуна пешниҳодро матраҳ кард. Аммо ношунида монд. Масъулини ҳукумат бар ин назаранд, ки доираи Шӯрои ҷамъиятӣ намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ иштирок мекунанд ва ин кифоя аст. Вале на дар ҳамаи ҷаласаҳои ин ниҳод президент иштирок мекунад ва масъулини ҳизбҳо мегӯянд аз ҷаласаҳои дигар, ки бе иштироки Эмомалӣ Раҳмон мегузарад, на ҳамаи пешниҳодоти онҳоро барояш манзур мекунанд.

Дар солҳои аввали пас аз Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон як таҷрибаи нодир буд, ки президент сари чанд вақт бо раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дидору мулоқот анҷом дода, бисёр масоили ҷамъшударо баррасӣ мекарданд ва ин барои рушди ҷомеа хеле муҳим ба назар мерасид.

Абдуҳалим Ғаффорзода дар сӯҳбат бо инҷониб аз тавофуқи ҳосилшудае дар соли 2004 -2005 ёдоварӣ намуд, ки тибқи он гӯё ҳар сол ду маротиба бо Президент ва ду маротиба бо раиси Маҷлиси намояндагон бояд сӯҳбату вохӯриҳои раисони аҳзоб ташкил мешуд. Аммо дар бораи баргузории онҳо чизе нашунидем. Роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, агар иштибоҳ накунам, фақат соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат доштанд. Он ҳам пас аз интихобот буд, ки президенти навинтихоб бо рақибони худ мулоқот намуд. Соли 2013 ин гуна иқдом сурат нагирифт.

Вале муҳимияти мавзӯъ ҳоло ҳам мондааст. Дуруст аст, ки аз аҳзоби фаъол ба сифати нерӯҳои тавонманде сӯҳбат намешавад, ки маълумоти кофии зарурӣ аз вазъи ҷомеа дошта бошанд, ё чизи муҳиме ба роҳбари давлат расонанд. Ҳарчанд Муҳиддин Кабирӣ соли 2013 дар мусоҳибае бо инҷониб изҳор намуд, ки тобистони соли 2010 номаи расмие дар бораи мулоқот бо Президент фиристода буд. "Зеро хабарҳое дар бораи эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои Рашт доштам. Фикр мекунам, имкони пешгирии ин ҳаводис вуҷуд дошт. Вале шояд аз серкорӣ буд, ки ин дархости мо сарфи назар гардид" -- гуфта буд ӯ, ки он замон ҳизби зери роҳбариаш расман амал мекард.

Пас, бигзор ҳизбҳои фаъол ҳоло тавонмандиву зарфияти зиёде надошта бошанд, аммо аз онҳо мешавад ба сифати як канали мустақими гуфтугӯ бо ҳукумат истифода намуд. Инро набояд ҳамчун минбари интрига ё ғаразҳои сиёсӣ қабул кард, балки масоили зиёде вуҷуд доранд, ки қобили баррасианд:

  • истифодаи зарфияти (потенсиали) ақлӣ ва зеҳнии тамоми миллат. Яъне ҷалб намудани намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар сохторҳои давлатӣ, ки онро мешавад ҳамчун шурӯи ҳамкории байни раҳбарияти кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул кард. Ин масъала хусусан дар давраи навбатии президентии Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта мешавад охирин аст, муҳим арзёбӣ мешавад;
  • огоҳ гардидани раҳбарияти давлат аз воқеиятҳои ҷомеа. Зеро ба назар мерасад, ки раҳбарияти кишвар на аз ҳама он чизе, ки дар ҷомеа мегузарад, огоҳ аст. Ё, агар огоҳ бошад, тарзе вонамуд мекунад, ки ин мушкили сатҳи поин ва ё миёнаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ аст, на тасмим ва иродаи раҳбарияти кишвар.

ХУЛОСАИ МУҲИМ ДИГАР АСТ:

  • ҳукумат бояд эҳсос намояд, ки мардум танҳо бо онҳо нест. Марказҳои қабули қарорро зарур аст ниҳоят эътироф кунанд, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин шояд нерӯ ва шахсиятҳои ҷудогонае ҳастанд, ки мардум ба онҳо эътимод дорад!

Аз ҳамин ҷост, ки фикр мекунам, раиси демократҳои тоҷик Саидҷаъфар Усмонзода, агар барои баргузории мулоқоте ҳамчунин мусоидат карда тавонист, нақши бузургтаре аз номзадҳои дигар ба президентиро иҷро мекунад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Талош барои дарёфти курсии президенти Тоҷикистон – бо 4000 доллар?

Акс аз бойгонӣ

Маъракаи таблиғи номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон расман оғоз шуд. Довталабони курсии раиси ҷумҳурӣ мегӯянд, бо кӯлбори пур аз барномаву ваъдаҳо ба назди сокинон мераванд, вале намегӯянд, ки барои маъракаи таблиғотӣ чӣ қадар пул доранд.

Фақат масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои таблиғот 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан чаҳор ҳазор доллар ба нақша гирифтаанд. Бо ишора ба ин, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ба ҷуз аз раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон боқии номзадҳо нияти таблиғи густарда надоранд ва зоҳиран барои рақобатӣ нишон додани интихобот ба ин маърака ворид шудаанд.

ВАРАҚА, НАШРИЯ ВА...

Ҳизби аграрии Тоҷикистон барои таблиғи номзадаш 15 ҳазор варақа ва овезаҳои таблиғотӣ омода кардааст. Рустам Латифзода, раиси ҳизб ва номзад ба мақоми президентӣ, гуфт, рӯзномаи ҳизбро 40 ҳазор нусха нашр ва дастраси мардум мекунанд. Ин номзади интихоботи президентӣ ҳамчунин ба 15 шахси боэътимодаш умед мебандад, ки ӯро миёни сокинон таблиғ хоҳанд кард.

“Фаъолони мо кор мебаранд. Маводи тарғиботиро ба мардум дастрас мекунем. Аз нашрияҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳам истифода мебарем. Роликҳои тарғиботӣ омода карда истодаем”, -- афзуд Латифзода.

"СИРРИ ДОХИЛИҲИЗБӢ"?

Масъулони чаҳор ҳизби дигар ҳам гуфтанд, тақрибан ҳамингуна ба таблиғи номзадашон шуруъ кардаанд. Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, чӣ қадар маблағ сарф кардан барои таблиғотро “кори дохилиҳизбӣ” донист. Посухи кӯтоҳи Раҳматзода чунин буд: “Барои таблиғот дар сатҳи баланд маблағи кофӣ дорем.”

Дар ин миён танҳо Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунист гуфт, ки барои таблиғи номзадашон 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд ва аллакай 18 ҳазори он сарф шуд. Коммунистҳои Тоҷикистон бо 22 ҳазор сомонии боқимонда мехоҳанд давоми ду ҳафтаи оянда барномаи Мироҷ Абдуллоевро таблиғ кунад.

“Тамоми имкониятҳо барои мо фароҳам аст. Ягон кас фишор намеорад. Дар телевизионҳои давлатӣ 40 дақиқа вақт ҷудо шудааст,” -- мегӯяд муовини раиси Ҳизби коммунист.

МУШКИЛЕ, КИ КОРОНАВИРУС ЭҶОД КАРД

Шароити баргузории таблиғоти номзадҳо аз интихоботҳои пешина фарқ дорад, чун паҳншавии коронавируси нав яке аз шаклҳои асосии таблиғи номзадҳо - вохӯрӣ бо сокинонро мушкил кардааст.

Дар интихоботҳои гузашта номзадҳо асосан аз тариқи ҷамъ кардани сокинон дар биноҳои маъмурӣ барномаҳои худро таблиғ мекарданд. Намояндагони баъзе аз ҳизбҳо гуфтанд, ин бор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион паёми худро ба мардум мерасонанд. Аммо ба ҷуз аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ чаҳор ҳизби дигар сомонаи худро надоранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол нестанд.

Дар чанд оҷонсиҳои таблиғотии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ягон номзад барои сохтани наворҳои кӯтоҳи таблиғотӣ дархост нагирифтаанд.

Як мушкили дигаре, ки ҳизбҳо дар бораи он зиёд суҳбат намекунанд, муҳлати ками таблиғ мебошад. Номзадҳои интихоботи президентӣ аз рӯзи 16-уми сентябр то 10-уми октябр ҳамагӣ 24 рӯз барои таблиғ фурсат доранд.

"ШАВҚ АГАР РОҲБАР НАБОШАД..."

Бо ишора ба ин вазъ, коршиносон мегӯянд, бархе аз номзадҳои интихоботи президентӣ дар тасмими худ ҷиддӣ нестанд ва ба ин хотир барои таблиғоти худ кӯшиши зиёд намекунанд. Интиқоде, ки номзадҳои сабтшуда онро рад кардаанд.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик, ду интихоботи қаблии президентиро мушоҳида кардааст ва ҳоло ҷараёни сабқати моҳи октябрро мушоҳида дорад. Мегӯяд, бархе аз номзадҳои сабтшуда аз сари шавқ ва аз сари сидқ вориди ин маъракаҳо намешаванд.

“Чанд рӯз пеш яке аз номзадҳо дар мусоҳибааш эътироф кард, ки номзад шудан намехост, вале дар ҳизб хоҳиш кардаанд. Яъне чӣ? Ту аз номи халқ мебароӣ, даъвои курсии президентӣ мекунӣ, вале дар дилат нияти пирӯз шудан нест. Ё бо талоши ҷиддӣ вориди маъракаи интихоботӣ шаванд ё аз иштирок даст кашанд. Бо раъй ва бовари мардум бозӣ накунанд”, -- афзуд ӯ.

Масъулони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот ширкат мекунанд, ба ин гуна интиқодҳо розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, бо барномаҳои мукаммал ва фарқкунанда ба интихобот ворид шудаанд ва нияташон ғалаба кардан аст.

"МО ҶИДДӢ ҲАСТЕМ"

Мирзоанвар Ахмедов, вакили Ҳизби аграрӣ дар порлумон мегӯяд, талош доранд бо вохӯрӣ ва тақсими варақаҳои таблиғотӣ барномаи ҳизбро ба мардум расонанд. Ӯ гуфт: “Мо ҷиддӣ ҳастем, ҳаракат дорем, ки мавқеи худро дар ҳаёти сиёсӣ мустаҳкам кунем. Агар раваду дигар номзадҳо ғолиб оянд, мо омода ҳастем барномаи худамонро барои амалӣ кардан ба онҳо пешниҳод кунем.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад ва панҷ номзад дар он ширкат меҷӯянд. Аз соли 1994 ба ин тараф ин интихоботи панҷуми президентист. Дар чаҳор интихоботи гузашта, ба иттилои Кумисюни марказии интихобот, раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шудааст. Бисёриҳо аз ҳоло мегӯянд, ҳузури ӯ дар интихоботи моҳи октябр ва набудани намояндаи барҷастаи мухолифин “интрига”-ро аз байн бурдааст. Чизе, ки мақомот бо он розӣ нестанд.

Интихоботи якхела. Масъулияти аслии интихобот ба зиммаи шабакаҳои телевизионӣ афтодааст?

Яке аз овезаҳо дар бораи интихоботи президентӣ дар Душанбе

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон танҳо аз як нигоҳ ба Белорус монанд мешавад. Дар Минск ҳам розӣ шуданд, ки танҳо панҷ нафар ба сабқати асосӣ роҳ ёбад, дар мо ҳам. Як фарқи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки дар маъракаи интихоботии мо ягон бону номзад нест. Он ҷо ду нафар буданд, ки ахиран якеаш фазои интихоботӣ ва пас аз онро дигаргун кард.

Аслан дар таърихи сиёсии Тоҷикистон ҳамагӣ як бор кӯшиши иштироки бонувон ба чунин маъракаи муҳим дар соли 2013 сурат гирифтааст, ки он ҳам ба рақобати асосӣ роҳ наёфт. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки дар он аҳзоби мухолифи ҳукумат шомил буданд, моҳи сентябри ҳамон сол Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ эълон намуд. Аммо чанд рӯз пеш аз хатми расмии маъракаи имзоҷамънамоӣ гуфтанд, ки ҳамагӣ 202 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд, на 210 ҳазоре, ки он замон меъёр ба ҳисоб мерафт.

Як бор тамдид намудани мӯҳлати ҷамъоварии имзоро он замон чунин арзёбӣ карданд, ки дар сатҳи расмӣ омода буданд номзади ягонаи нерӯҳои мухолифро ба маърака ворид намоянд. Вале мухолифин, ки дар дохили худашон ихтилоф ба вуҷуд омад, розӣ нашуданд, то асноди заруриро ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кунанд.

Бо ин вуҷуд, ҳамин ҳолатҳои пурихтилоф низ як навъ аломатҳои фазои интихоботиро нишон медод. Кабирӣ, ки он вақт вакили парлумон буд ва ҳизбаш ҳам мамнӯъ не, Раҳматилло Зойиров, ки он замон мисли имсол маъракаро таҳрим (бойкот) эълон накарда буд, шахсан худашон ба хонаи мардум мерафтанд, имзо ҷамъ мекарданд ва хабару гузоришҳо дар ин бора нашр мешуд.

“Интихоботи хомӯшона”-и имсол аз соли 2013 ҳамин қадар фарқ дошт. Як тафовути нисбии дигар ҳам буд - шумораи номзадҳо. Ҳафт сол пеш шаш номзадро сабти ном карданд, аммо як парадокс ба миён омад. Дар соли 2006, ки низ панҷ номзад дар сабқат буд, КМИР ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 79,3% раъйи интихобкунандаро нисбат дод. Соли 2013, ҳарчанд теъдоди номзадҳо шаш нафар буд - ҳудуди 84 фоизро.

Яъне шумораи номзадҳо ҳар қадар бештар бошад, ҳамон қадар эътиқоди мардум ба Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад?

Воқеан, дар як матлаби дигарамон ишораҳоеро аз мардум оварда будем, ки мегуфтанд: “бархе номзадҳоро гӯё махсус ба маърака ворид мекунанд, то дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дида, барояшон овоз надиҳанд”.

Бубинед, дар миёни номзадҳо сабти ном шудани раҳбари нави коммунистҳо суол, баҳс ва шубҳаҳои мухталифро ба бор овард. Номзаде, ки на танҳо дар байни мардуми оддӣ, ҳатто дар доираҳои коршиносиву таҳлилӣ ва маҳфилҳои сиёсӣ аслан шинохт надорад. Дар фурсати кӯтоҳ ҷамъ овардани имзо барои ин номзади ношинос аз як тараф, аз ҷониби дигар ҳоло маълум мешавад ҳарф зада натавонистанаш дар байни мардум шубҳаҳоро боз бештар хоҳад кард. Дирӯз, агар иштибоҳ накунам, аввалин мулоқоти номзадҳо бо интихобкунанда дар шаҳри Бохтар сурат гирифт. Ду нафар буданд, ки ба ҷои номзадҳо шахсони боваринокашон ҳарф заданд: Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сабабҳои маълум дар чунин маъракаҳо иштирок намекунад ва ҳамеша шахсони боваринокашро мефиристад, Мироҷ Абдуллоев – раиси ҲКТ.

Аммо ба фарқ аз президент, раҳбари коммунистҳо дар ин мулоқот ҳузур дошт, бо ин вуҷуд на худаш, балки шахси боэътимодаш суханронӣ намуд. Хотиррасон мешавем, ки коммунисти №1 ҳамчун вакили калонсолтарин мебоист то интихоби раиси Маҷлиси намояндагон роҳбарии иҷлосияи навтаъини даъвати навро ба зимма мегирифт. Шояд таҷрибаи чунин корҳоро надорад, ки ин рисолатро каси дигар анҷом дод.

Баҳси дигари ба миёномада дар интихоботи имсола, ба қайд нагирифтани номзадии раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба ҳисоб меравад. Назарҳое гуфта шуданд, ки шояд ба хотири “сергапиаш” дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро аз ин ҳақ маҳрум карданд. Фикр мекунам, мусоҳибаи ӯ дар расонаҳои хабарӣ дар авҷи коронавирус, ки гуфта буд, бояд дар мамлакат “вазъияти ҷангӣ ва карантини сартосарӣ” эълон шавад, низ дар тасмими ниҳоӣ бетаъсир намонд.

Ӯ вобаста ба мушкилоти бӯҳронии он замон гуфта буд, ки мебояд роҳбарии ситоди зидди коронавирусро аз сарвазир Қоҳир Расулзода гирифта, ба зиммаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯъмин Ятимов вогузошт ва шояд барои эҳтиёт, то ӯро дигаргуна нафаҳманд, гуфт, муовини раиси ин ситод бояд Рустами Эмомалиро таъин кард. Ба эҳтимоли зиёд ӯро дигаргуна фаҳмиданд ва Усмонзода маҷбур шуд дар саҳифаи Фейсбукиаш дигарбора нависад, ки ӯ чӣ мехост.

Дертар бошад, раиси демократҳо дар посух ба мухолифони дар хориҷа қарордоштаи ҳукумат навишт, ки “дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ҳизби сиёсӣ, ҷараёни демократӣ ва гурӯҳе қудрат надорад, кишварро аз ин беҳтар пуштибонӣ кунад”.

Бо ин вуҷуд, натавонист ба маъракаи интихоботи президентӣ раҳ ёбад. Албатта, ворид шудани ӯ низ гумон буд чизеро тағйир бидиҳад. Ҳамон тавре, ки соли 2013 ҳамагӣ 1 фоизи раъйро КМИР ба ҷонибдории Саидҷаъфар Усмонзода эълон намуд, ки ҳатто аз Абдуҳалим Ғаффоров ним фоиз кам буд.

Бидуни шубҳа одамон дар интихоботҳои Тоҷикистон ба фикр фурӯ хоҳанд рафт: ба кӣ ва барои чӣ бояд овоз дод? Ба номзадҳои ношинос, ё на он қадар шинос? Ба онҳое, ки ҳатто намедонанд ситоди интихоботӣ доранд, ё не? Чӣ барномаҳои тафовутпазир аз ҳукумат доранд?

Ба ҳар сурат, интихоботи президентӣ бояд муборизаи идеологияву идеяҳо, баҳсҳои ҷиддии стратегӣ бошад.

Аз мулоқоти нахустини номзадҳо, ки рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Бохтар сурат гирифт ва шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон гузориши якхела дода, суханрониҳои айнанро такрор карданд, маълум шуд, ки онҳо баҳси ҷиддие надоранд.

Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ боз ҳам баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таҷдиди онҳоро дар миён гузошту гуфт дар замони шӯравӣ Тоҷикистон ҳамагӣ 500 колхозу совхоз дошту ҳоло қариб 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ. Манзураш ин аст, ки ин хоҷагиҳои хурди деҳқониро бояд ба хоҷагиҳои калон табдил дод. Дар интихоботи парлумонӣ, ки низ ин мавзӯъро мегуфт, пурсида будам, ки инро чӣ гуна роҳандозӣ карданианд, посух дод, ки ҳанӯз то охир баррасӣ накардаанд.

Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, ки бо мусоҳибааш дар бораи пулакӣ кардани воридшавӣ ба пойтахт “хеле машҳур” гардид, дар шаҳри Бохтар “гапи нав” гуфт, аммо мисле, ки популистона: «Ҳар зане, ки 5 тифл таваллуд кунад, бояд давлат барояш нафақа таъмин намояд!»

Аммо ин идеяро дар замони пас аз бӯҳрони коронавирусӣ, ки ҷаҳон дармондааст, бо чӣ роҳ метавон роҳандозӣ кард, посух надошт. Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло буҷаи ҳарсолаи худро бо мушкилӣ пур мекунад, чӣ расад ба барномарезиҳои дигар, ки ҳатто бисёр муҳим намоянд ҳам.

Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки “кисагӣ” номидани ҳизбашро таҳқир дониста, таҳдид мекунад, ҳар касе онҳоро чунин гуфт, “беҷавоб намемонад”, ба назар мерасад чандон ҷонибдори моликияти шахсӣ нест. Ба ҳар сурат, ӯ гуфт, ки 80 фоизи буҷаи Тоҷикистонро аслан 30 корхонаи бузурги давлатӣ таъмин мекунанд ва давлат бояд сафи ин корхонаҳоро афзоиш диҳаду баъзе фишангҳоро ба даст гирад. Ба ин номзад, соҳибкорону тоҷирони хусусӣ, ки дар Тоҷикистон ҳоло нақши муассир доранд, чӣ вокуниш хоҳанд кард, шояд рӯзи 11-уми октябр шоҳид шавем.

Муовини раиси ҲХДТ, ки ҳамчун шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ мекард, аслан гапи наве нагуфт ва бештар тамаркуз кард сари сохтмони нерӯгоҳҳои нав, ки як масъалаи баҳснок аст.

Ба ҷои Мироҷ Абдуллоев аз ҲКТ, ҳамон тавре гуфтем, шахси боэътимодаш Зарагул Мирасанова ба назди мардум баромад, ҳарчанд худи номзад дар нишаст ҳузур дошт. Он чи ки ду шабакаи телевизионӣ аз ӯ мисли дигарон такрор нишон дод, фарогири як мавзӯъ буд: робитаи мактабу оила. Он чи ки ҳукумати феълӣ бо амалисозии “қонуни миллии” “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” масъалаи ҳалшуда мепиндорад...

То имрӯз ҳарфи нав аз номзадҳо ҳамин аст. Бархеҳо акнун аз масъалагузориҳои қаблиашон худдорӣ мекунанд. Масалан, Рустам Латифзода дар бораи қонунӣ кардани дузанагӣ дигар ҳарф намезанад.

Таври маълум, онҳо сӯҳбату мулоқотҳои ҷудогона анҷом намедиҳанд ва танҳо аз рӯи нақшае амал мекунанд, ки КМИР барояшон таҳия кардааст. То имрӯз берун аз он чизе надидаем. Соли 2006 ё 2013, вақте аз як масъули маъракаи интихоботӣ пурсиданд, ки чаро номзадҳо дар алоҳидагӣ бо интихобкунанда мулоқот анҷом намедиҳанд, посух шуд, ки ба ин васила амнияти онҳоро таъмин хоҳанд кард.

Гӯё гап дар бораи одамони аз ҳад муҳим ва як кишвари ноамн меравад. Ҳол он ки дар як мамлакати демократӣ ва ҳуқуқбунёд шахсиятҳои пуртаъсир вориди маърака мешаванд, худашон иқдомҳои ҷудогонаи ҷиддӣ ташкил мекунанд, ба муқобили рақибонашон сахт мубориза мебаранд ва ба амнияти онҳо чизе халал намерасонад.

Дар натиҷа гӯё мушкили аслии интихоботи президентӣ ба зиммаи шабакаҳои телевизионӣ афтодааст. Чизи наве нест ва онҳо фақат дар бораи “омодагиҳои сатҳи баланди ҳавзаву қитъаҳои интихоботӣ ба маъракаи муҳим” гузориш таҳия мекунанду бас. Ҳадди ақал бояд фазоро интихоботӣ нишон дод.

Ду рӯзи ахир хабарнигорони шабакаҳои ТВ аз сокинон мепурсанд, ки оё медонанд интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон кай баргузор мешавад?

Баъзан дар посухи ин саволи оддӣ ҳам ба назар мерасад, ки одамон ҳарфҳоеро аз рӯи варақи қаблан омодашуда мехонанд. Бигзор. Дар ин бора хабар ёфтани мардум чизи бад нест. Дар идомаи барномаҳояшон, агар ақаллан пурсанд, ки кадом ҳизбу номзадҳоро медонанд, шояд барои як қисмати мардум маълумоти нав мешуд. Ба ҳар ҳол, то интихобот рӯзҳои башумор мондаасту гузориши расонаҳои дигар ҳокӣ аз онанд, ки мардум фақат як номзадро мешиносанд. Аз ҷониби номзадҳои дигар талоше нест. Масъулияти асосӣ бошад, мисле, ки ба зиммаи шабакаҳои телевизионист...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

"Гапи Озод": Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар? ВИДЕО

Дар барнома Сайфулло Сафаров ва Иззат Амон иштирок карданд. Гардонанда Муъмин Аҳмадӣ аст

Талоши худпешбарии Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси ҷавон аз Хоруғ, монеаеро дар Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ошкор кард, ки шаҳрвандон ҳақ надоранд мустақилона номзад ба мансаби раиси ҷумҳурӣ шаванд.

Қонун танҳо ба ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқҳои касаба, Иттифоқи ҷавонон ва маҷлисҳои вилоятӣ иҷоза додааст, ки номзадҳоро ба мақоми президент пешбарӣ куннад. Иддае мегӯянд, ин банди қонун бо Конститусия мухолифат дорад. Оё ин ҳолат барои кишвар хуб аст, ё бад?

Дар баҳси имрӯз Сайфулло Сафаров, муовини пешини мудири Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон ва Иззат Амон, раҳбари Маркази тоҷикон дар Маскав ва фаъоли ҷамъиятӣ иштирок карданд.

  • Чаро шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи худпешбарӣ ба мақоми президенти кишвар маҳруманд?
  • Маҳдуд будани роҳҳои пешбарии номзад дар интихоботи президентӣ ба манфиати кист?
  • Ин пешгирӣ аз хеле зиёд шудани номзадҳост ё ба таври сунъӣ сохтани фазое, ки танҳо афроди дилхоҳ пешбарӣ шаванд?
  • Ҳамаи номзадҳои феълии интихобот арзандаанд ва рақобат вуҷуд дорад?
  • Бе таъсиси ҳизби сиёсӣ оё дар идораи давлати Тоҷикистон саҳим будан мумкин аст?
  • Чаро қонунро бояд ислоҳ кунанд?

Посух ба ин суолҳоро дар нашри нави барномаи "Гапи Озод" пайдо кунед. Онҳое, ки мехоҳанд, баҳсро идома диҳанд, дар шарҳи ин матлаб фикри худро бинависанд. Имкони ширкат дар баҳс бо ин роҳ дар саҳифаи Ютюб, Инстаграм ва Фейсбуки Радиои Озодӣ низ мавҷуд аст.

Баҳсро дар инҷо бинед:

"Гапи Озод" Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:15 0:00

Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:

"Гапи Озод" Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар?

"Гапи Озод" Манъи худпешбарӣ фоида ба кишвар ё зарар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:27:15 0:00

Рақибони Эмомалӣ Раҳмон, ё номзадҳои "идорашаванда"?

Дар акс: Рустам Раҳматзода, Рустам Латифзода, Мироҷ Абдуллоев ва Абдуҳалим Ғаффоров

Аксар коршиносон чаҳор номзадеро, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, президенти амалкунанда барои иштирок дар интихоботи 11-уми октябр сабти ном шудаанд, “номзадҳои идорашаванда аз ҷониби ҳукумат” меноманд. Назаре, ки номзадҳои сабтиномшуда “туҳмати беасос” медонанд.

Рӯзи 14-уми сентябр Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва чаҳор нафареро, ки худро аз рақибони ӯ медонанд, барои ширкат дар интихоботи 11-уми октябр сабти ном кард. Саидҷаъфар Усмонзода, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон бо далели “мутобиқ набудани санадҳои пешниҳодкардааш ба қонун” аз маъракаи интихоботӣ берун шуд. Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси ҷавон аз Хоруғ, ки мехост бо роҳи худпешбарӣ вориди маъракаи интихобот шавад, натавонист имзои кофӣ ҷамъ кунад, ҳарчанд, ин амалашро низ мақомот берун аз доираи қонун унвон карда буданд.

РАҚИБОНИ “СУНЪӢ”?

Акнун, ба гуфтаи Файзи Олӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик дар интихоботи президентӣ номзадҳое иштирок хоҳанд кард, ки “аз доираи хатти кашида берун намебароянд”. Ба андешаи ӯ, ин номзадҳо ҳеч гоҳ мустақилона амал намекунанд ва ҷиддӣ барои соҳиб шудан ба курсии президентӣ мубориза намебаранд.

“Аз ин рӯ, ҳизби халқии демократӣ онҳоро на ҳамчун рақиби ҷиддӣ, балки дӯстоне медонад, ки барои демократӣ нишон додани ҷомеаи Тоҷикистон дар паҳлӯяшон қарор мегиранд”, -- афзуд Файзи Олӣ.

Ҳуқуқшиноси тоҷик ба ин назар аст, ки аз соли 1994, пас аз рақобати ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон бо Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири вақт дар интихобот идеяи “рақибони сунъӣ” пайдо шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 1992 ҳамчун раҳбари Шӯрои Олӣ Тоҷикистонро идора мекард, соли 1994 пас аз қабули Конститутсияи нав дар интихоботи президентӣ иштирок кард. Ӯ дар ин интихобот ва интихоботҳои соли 1999, 2007, 2013 пирӯз эълон шуд. Интихоботҳое, ки мухолифон ва созмонҳои байналмилалӣ шаффоф надонистаанд.

“Дигар пас аз он ки ҳама ҳизбҳо зери назари ҳукумат ва ё як ҳизб амал карданд, мафҳуми ҳизб ҳам дар ҷомеа бемантиқ шуд. Мардум фаҳмид, ки ҳизбҳо асар надоранд. Ин барои ҳукумат фоида надорад, балки барои ҳукуматдорон фоида дорад", -- гуфт Файзи Олӣ, ҳуқуқшиноси тоҷик.

ЯКЕ АЗ НОМЗАДҲО: «ИН ГАП БЕҶАВОБ НАМЕМОНАД»

Раҳбарони аҳзоби сиёсие, ки вориди сабқати интихобот шудаанд, бетаъсир будани ҳизбҳои сиёсиро дар ҷомеа ҳарфи шахсоне медонанд, ки дар миёни мардум нестанд. Онҳо ибораи “номзадҳои идорашаванда”-ро барои худ таҳқир мешуморанд.

Рустам Раҳматзода, номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, якнавохт, бидуни далел “ҳизбҳои кисагӣ, ё номзадҳои идорашаванда” номидани онҳо таҳқир аст, ки “беҷавоб намемонад”.

Ӯ гуфт: “Ҳар як сухане, ки гуфта мешавад, бояд далел дошта бошад. Ин хел ҳавоӣ набояд гап зананд. Далел дошта бошанд, гапи дигар аст. Борҳо гуфтам, ки мо мустақилем, 31 ҳазор узв дорем. Ягон бор дар ҳукумат ҳисобот супориданамро диданд, пул гирифтанамро диданд, чӣ ҳаст далелашон?”

ҲИЗБҲОИ «САРКАШ» ВА «ГАПДАРО»

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон мегӯяд, далели «кисагӣ» будани онҳо дар ин аст, ки «ҳукуматҳои маҳаллӣ барои сабти ном шуданашон имзо ҷамъ кардаанд ва ба ҷуз аз маъракаҳои интихоботӣ ҳеҷ корашон маълум нест».

Ибораи “ҳизбҳои кисагӣ” аз интихоботи соли 2007 пайдо шуд. Дар интихоботҳои порлумонии соли 2010 ва интихоботи президентии соли 2013 бо сабти номи чанд ҳизби нав ва дигар шудани раҳбарони аҳзоби ба истилоҳ “саркаш” ибораи маъмулӣ гашт. Дар ин муддат Вазорати адлия ба ҷойи Мирҳусейн Нарзиев, ки сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекард, Абдуҳалим Ғаффоровро раҳбари ҳизби сотсиалистӣ шинохт. Ӯ пайиҳам дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ иштирок мекунад ва соҳиби курсии вакилӣ дар Маҷлиси олӣ ҳаст.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз ҳизбҳои мунтақиди сиёсатҳои ҳукумат буд. Пас аз ҳабси раҳбараш Маҳмадрӯзӣ Исканадаров, раёсати онро Масъуд Собиров ба дӯш гирифт. Дертар санадҳои Собиров ғайриқонунӣ дониста шуд ва Саидҷаъфар Усмонзода раҳбари ҳизб шуд.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ҳизби аграрӣ, аз ҳизбҳои навтаъсисе буданд, ки дар зудтарин фурсат дар порлумон соҳиби курсӣ шуданд. Ҳизби комунисти Тоҷикистон пас аз барканории Шодӣ Шабдолов ва фавти Исмоил Талбаков, ду раҳбаре, ки ҳамеша бо сӯҳбатҳои тундашон шинохта мешуданд, ба дасти Мироҷ Абдуллоев, як шахси ношинохта дар сиёсат гузашт, ки ҳоло яке аз рақибони Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот аст.

САБАБ ЧИСТ?

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раиси ҲСДТ ба ин назар аст, ки идеяи рӯйи кор овардани номзадҳои идорашаванда аз ҷониби элитаи ҳукмрон аз тарси аз даст надодани қудрат аст. Бо ин роҳ, ба гуфтаи ӯ, «ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додан мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон демократия ва гуногунҳизбӣ вуҷуд дорад».

Ӯ афзуд: “Сабаби асосии чунин муносибат дар интихоботҳо набудани иродаи сиёсӣ ва номукаммалии қонун ва ҳарос аз рақобати солим аст. Агар инҳо ба фоидаи ҷамъият кор мекарданд, бояд рақибони пурзӯрро роҳ медоданд. Бар асоси ин набзи ҷомеаро меомӯхтанд. Дар баҳсҳои солим камбудҳо ошкор мегашт ва агар ҷиддан мехостанд, онҳоро ислоҳ мекарданд”.

Ин тамоюл, ба гуфтаи Ҳакимов, аз оғози соли 2000-ум пайдо шуд ва далел ҳам пешгирӣ аз ҷанг номида мешуд. Ӯ мегӯяд, солҳои 90-ум мардуми Тоҷикистон дар пасманзари эълони бозсозии Горбачёв, охирин раҳбари Шӯравӣ дигарандеш шуда буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ин рӯҳияро хадшадор кард ва ба гуфтаи Ҳакимов бо ҳамин баҳона дигар пеши роҳи дигарандешон гирифта мешавад.

ҒАФФОРОВ: «МОРО БА ҚОНУНШИКАНӢ ТЕЛА МЕКУНАНД»

Андешае, ки Абдуҳалим Ғаффоров, номзади дигар ба мақоми президенӣ онро қабул надорад. Ӯ мегӯяд, баръкс гурӯҳе бо «кисагӣ» ва «идорашаванда» хондани онҳо мехоҳанд, онҳоро эҳсосӣ кунанд. Ба иддаои ӯ, барои ин гурӯҳ, танҳо ҳизбе мустақил дониста мешавад, ки қонушиканӣ кунад.

“Мо ҳизбе ҳастем, ки на аз ҷониби ҳукумат, балки аз тарафи қонун идорашавандаем. Мо ҳама камбудҳоро мегӯем. Онҳое моро ҳизби «кисагӣ» мегӯянд, ки мехоҳанд, қонуншиканӣ кунем, лекин мо ба чунин гапҳо ҳаргиз гӯш намекунем”, -- гуфт ӯ.

Алим Шерзамонов, як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, “ин ҳизбҳо барои машруъият бахшидан ба ҳокимияти ҳизби ҳоким заруранд, вагарна ягонтои онҳо садди 5 дарсадиро гузашта наметавонанд”.

“Баъд аз имзои созишномаи сулҳ, ҳизбҳои сиёсии мамнуъро дубора сабтином карданд. Иловатан ҲСДТ ба арсаи сиёсӣ омад. Сулҳ ба иқтисоди Тоҷикистон хазинаҳоеро низ ихтисос дод ва ба хотири ҳар чӣ бештар ба даст овардани ин маблағҳо ҳукумат барои рақобати сиёсӣ ва озодии матбуот фазоро каме боз монд. Новобаста аз ин аз рӯзи аввали баҳамоии нерӯҳои мухолиф ҳукумати Раҳмон тамоми имкониятҳоро барои заиф кардани мухолифонаш ба кор бурд», -- гуфт Алим Шерзамонов.

Қарор аст, рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор шавад. Дар ин интихобот дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунӣ чаҳор номзади дигар – Абдуҳалим Ғаффоров, Мироҷ Абдуллоев, Рустам Латифзода ва Рустам Раҳматзода вориди сабқат шудаанд. Сабқате, ки бозигаронаш ба ҷиддӣ будани он таъкид доранд, вале аксарият бо шубҳа менигаранд.

Усмонзода аз сабқат берун шуд. "Ҷазо" барои танқидҳо, ё "бозӣ"-и дигари ҳукумат?

Саидҷаъфар Усмонзода

Тасмими ғайримунтазираи Комиссияи марказии интихобот дар бораи сабти ном накардани Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бархе мегӯянд, Усмонзодаро барои танқидҳояш ба корзори сиёсӣ роҳ надоданд, гуруҳи дигар инро гашти навбатии ҳукумат арзёбӣ мекунанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шоми 14-уми сентябр хабар дод, ки дархости Саидҷаъфар Усмонзода барои иштирок дар интихоботи президентӣ рад шудааст. Дар баёнияи кӯтоҳи КМИРТ омадааст, “санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд”, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмонзодаро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот дар баёнияи худ ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд, ки далели рад шудани дархости Усмонзода кадом аст. Дар иттилоияи КМИРТ ба қонуни интихоботи президентӣ ишора шудааст, ки пешбинӣ мекунад, шахси номзад дар интихоботи президентӣ бояд имзои 5 дарсад аз интихобкунандаҳоро пешниҳод кунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мушкил сари имзо аст”, аммо нахост дар ин бора зиёд суҳбат кунад. Раиси ҳизби демократ гуфт, ҳоло танҳо шикоят ба додгоҳ мемонад, ки ӯ ба ин роҳ намеравад, чун аллакай муҳлати сабти номи номзадҳо ба анҷом расид.

Сабти ном нашудани Саидҷаъфар Усмонзода, ки бо вуҷуди интиқод аз кори баъзе вазоратҳо, дар кул аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекард, барои расонаҳо ғайриинтизор буд. Усмонзода рӯзи 11-уми сентябр дар баробари панҷ номзади дигар гуфт, имзои заруриро ҷамъ овард ва ба КМИР супурд.

Худдории раиси Ҳизби демократ ва ҳам масъулини Комиссияи марказии интихобот аз шарҳи мавзуъ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст, ки пушти масъалаи сабт нашудани Усмонзода чӣ меистад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, Ҳизби демократ ҳоло ҳизбе дар дохили низом аст, вале шояд интиқодҳои Усмонзода ба баъзе доираҳо писанд наомадааст. Ӯ афзуд: “Шояд каме аз ӯ норозӣ бошанд. Дар давоми ду соли гузашта изҳоротҳое дод, ки шояд ба мақомот писанд наомадааст. Мисол танқиди вазоратҳову интиқод аз қарорҳои иқтисодӣ. Шояд дар ин маврид ҳам норозигӣ то андозае вуҷуд дошта бошад. Албатта, фикр намекунам, ки ҳизби вай мухолифи ҳукумат аст.”

Ба таъкиди Муллоҷонов, сабт нашудани Усмонзода метавонад як гашти навбатии мақомот пеш аз интихобот ҳам бошад, ки таваҷҷуҳро ба самти дигар баранд.

Бо рад шудани дархости раиси Ҳизби демократ, акнун панҷ нафар – Абдуҳалим Ғаффоров, Мироҷ Абдуллоев, Рустам Латифзода, Рустам Раҳматзода ва Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи октябр иштирок мекунанд. Бисёриҳо аз ҳоло тахмин мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон номзади асосии интихобот аст ва иштироки номзадҳои дигар ба хотири пуррақобат нишон додани интихобот аст. Назаре, ки ҷонибдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳатто дар сурати роҳ ёфтани Саидҷаъфар Усмонзода ба интихоботи президентӣ чизе тағйир намеёфт.

Абдуғанӣ Мамадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ таъкид мекунад, Усмонзода худро ҳамчун вакили мардумӣ нишон дод: “Аммо иштирок доштан ё надоштани Усмонзода ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ ягон таъсири ҳалкунанда надорад. Ҳарчанд ба ҳайси раиси Ҳизби демократ дар баромадҳо метавонист масоили мубрами рӯзро бардорад ва онро ба афкори ҷомеа партояд.”

Саидҷаъфар Усмонзода соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ин ҳизб ширкат кард. Вакили Маҷлиси Намояндагон аст. Азбаски сиёсатҳои ҳукуматро тарафдорӣ мекунад, коршиносону таҳлилгарон мегуфтанд, ки ҳизбаш қабл аз ҳар кор, ризояти ҳукуматро мегирад ва ба саҳна овардани ӯ як навъ рақобатӣ нишон додани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Аммо худи Усмонзода борҳо ин ақидаро рад карда, гуфтааст, ҳизби ӯ «мухолифи созанда» аст.

Бовар ба 260 ҳазор имзо. Нодида ва носанҷида?

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунист ва номзади ҳизб ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил

Бознашр аз блоги муаллиф

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо имзои беш аз 260 ҳазор интихобкунанда иҷоза пайдо кард, ки номзади худро вориди користони интихобот кунад. Ҳамакнун номи Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади ин ҳизб барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ, дар қатори номзадҳо аз аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ, сотсиалистӣ ва ҳизби халқии демократӣ дар баргаи раъйдиҳӣ ба унвони довталаб навишта мешавад.

Ин ҳизб, ки кӯҳантарин созмони сиёсии Тоҷикистон мебошад, давоми солҳои ахир камфаъолият буд ва Анҷумани қабл аз интихоботиашро ҳам аз ҳама ахир - рӯзи 5-уми сентябр ва бо шумораи камтари вакилон - 55 нафар доир кард. Аз ин ҷост, ки дар як фурсати ниҳоят тангу маҳдуд, ҳамагӣ чаҳор рӯз, гирдоварии имзои беш аз 260 ҳазор интихобкунанда аз сӯи ин ҳизб як навъ гумонҳоеро метавонад ба бор оварад.

Бо ин назар наметавон мутмаин буд, ки аҳзоби дигар ба ғайри халқии демократӣ имзои тарафдорони худро бидуни мусоидат ва ёрӣ ба даст оварда бошанд. Агар интихоботи ахири парлумонии моҳи марти соли ҷориро ҳам маҳак қарор бидиҳем, танҳо Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон буд, ки бо касби раъйи бештари интихобкунанда комёб шуд, ки дар парлумон ҷиноҳи худро таъсис бидиҳад. Аммо ҳоло рӯи суханамон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва дар як фурсати танг гирдоварии имзоҳо аз тарафи ҲКТ аст.

ҲКТ Анҷумани худро рӯзи 5-уми сентябр доир кард. Табъан, ки асноди онро дар ихтиёри Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бигзошт, то баъди мутолаа ва исботи баргузории Анҷуман барояшон варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бидиҳад. Барои ин кор ҳатман рӯзи 5 ва шоядам то нимарӯзи 6-уми сентябр сипарӣ мешавад. Баробари дарёфти варақаҳо барои ҷамъоварии имзо бо суръат ва шитоб мераванд ба ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар, то имзову мӯҳри онҳоро дар ин варақҳо бигиранд.

Барои ин кор гурӯҳи ташаббускор ва масъулони ҳизб сафарбар мешаванд, ки вақт металабад. Дар идораи ҳукумати ноҳияву шаҳр навбат меистанд ва дар инҷо ҳам вақт якҷо намеистад, мегузарад. Як рӯз набошад ҳам, ним рӯз барои ин кор сипарӣ мешавад. Ҳамин тавр, омад рӯзи 7-уми сентябр.

Гурӯҳи ташаббускор ва шояд бо мадади ихтиёриён аз шумори ҳаводорони ҲКТ дар саросари кишвар мустақим назди мардум, ба манзили зист, кӯчаҳо, бозорҳо, корхонаҳо, мактабҳои ҳамагонӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо мераванд, ки имзоҳоро бигиранд. Барои ин кор сахт шитоб кунанд ҳам, на танҳо фурсат, ҳамчунин пулу мошин ҳам лозим меояд. Дар шаҳрҳои пурҷамъияти Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ҳам бояд, ки мошин савор шавӣ ва аз маҳалле ба маҳалле биравӣ. Вале рустоҳо, ки аксарияти интихобкунанда дар онҷо зиндагӣ мекунанд, боз махсусиятҳои худро дорад, ки вақту фурсати зиёд металабад.

Вақте аз маркази ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва ё Исфараву Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Айниву Панҷакент ва ё Муъминободу Ховалинг ё Лахшу Рашт то деҳаҳои онҳо меравӣ, боястӣ хеле роҳҳо тай ва мошин киро карда шавад. Чунки варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бояд раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ имзо ва мӯҳр монанд ва сипас иҷоза аст, ки имзо ҷамъоварӣ кунед.

Баъдан аз деҳаҳо то ба марказ оварда, дар якҷо ҷамъ карда ва аз онҷо ба қароргоҳи ҲКТ овардан низ вақти зиёдеро мегирад, ки як рӯз кифоят намекунад. Ин ҳама фурсат мехоҳад ва маблағ. Барои ташкили гурӯҳҳои ташаббускор ва ё ихтиёриёне, ки ҳозиранд барои ҲКТ кумак кунанд, низ вақти кам талаф намешавад.

Дар ҳоле ки шароити зиндагӣ тавре шудааст, ки ҳамсоя ба ҳамсоя бепул кор намекунад. Ҳоло мафҳуми ҳашар аз байн рафтааст ва дар қонунгузории интихобот ҳам ин тарзи ҷамъоварии имзоҳо роиҷ нест. Манзур ин аст, ки ҳатто ҳамин Гурӯҳҳои ташаббускор, ки агар ташкил шуда бошанд, баъид аст, ки бе музд ва ройгон деҳ ба деҳ бигарданд. Масалан, аз Панҷакент то Ғазаву Ворӯ ва ё аз Махшеват то дашти Сабақи Мастчоҳ ва ё аз Исфара то Чоркӯҳ хеле роҳ аст ва аз эҳтимол дур аст, дар як рӯз ҳам равиву ҳам имзо ҷамъовариву ҳам боз баргардӣ ва биёӣ ба қароргоҳи ҳизб, ки табъан дар маркази ноҳия аст, албатта, агар чунин қароргоҳро ҲКТ дошта бошад.

Нуктаи дигар ин аст ки ҳамаи ин варқаҳоро дубора ба назди раиси шаҳру ноҳия бояд бурд, ки аз назар бигузаронад (Ба гуфтаи Сайидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ, ин навигарӣ дар ҳамин интихобот ҷорӣ шудааст: “Бар асоси қоидае, ки имсол ҷорӣ шуд, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд варақаҳои имзошудаи номзадҳоро тафтиш ва тасдиқ кунанд ва баъдан онро Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ қабул мекунад”). Акнун баъди ин ҳама бояд аз навоҳӣ биёварӣ ба Душанбе ва сипас барои мутолиба ва бозрасии саҳеҳиву дурустии имзоҳо таслими КМИР кунӣ.

Тамоми ин марҳала ва корҳоро ҲКТ аз рӯзи 6-уми сентябр то 9-уми сентябр ва шояд то нимарӯзи 10-уми сентябр иҷро кардааст.

Сайидҷаъфар Усмонзода, ки мегӯяд 285 ҳазор бештар имзо ҷамъ овардааст, хиҷил аст, ки аз ҳама дер, рӯзи 9-уми сентябр аснодашро ба КМИРТ додааст, то имзоҳояшро бисанҷад. Аз ин бармеояд, ки ҲКТ аз ҲДТ пештар асноди имзоҳо - варақаҳоро таслими Комиссияи марказии интихобот кардааст. Фарз кардем, рӯзи 8-уми сентябр ва ё субҳи рӯзи 9-уми сентябр. Акнун суол ин аст, ки беш аз 260 ҳазор имзоро ҲКТ дар чанд рӯз ҷамъоварӣ кард?Ду рӯз? Яъне 7 ва 8-уми сентябр? Ва ё се рӯз? 6, 7 ва 8-уми сентябр?

Яъне ҳар рӯз ҳудуди 90 ҳазор имзоӣ? Албатта, ин суръату ин чустиву чолокиро аҳзоби дигар ҳам зоҳир кардаанд. Масалан Ҳизби демократи Тоҷикистон 285 ҳазор, сотсиалист 295 ҳазор, ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ ҳам на камтар аз 270-ҳазорӣ имзо ҷамъ овардаанд. Аммо инҳо чанд рӯзӣ фурсати бештар доштанд. Гап дар инҷост, ки ҲКТ рӯзи 5уми сентябр Анҷуман доир кард ва аллакай рӯзи 11-уми сентябр Комиссияи марказии интихобот эълом кард, ки номзади ин ҳизб сабти ном шуд.

Ин ҳам аҷиб аст, ки ҳамагӣ дар чанд соати рӯз дурустии ин имзоҳо аз ҷониби КМИРТ санҷида шудааст. Бармеояд, ки КМИРТ ҳам бо аҷала ва бо шитоб ва шояд ҳам шабона кор кардааст, ки давоми як рӯз беш аз 260 ҳазор имзои ҲКТ-ро тафтишу таҳқиқ кардаву камбуд наёфтааст. КМИР хеле сахт кор карда истодааст. Қироати ҳатто сарсарии 260 ҳазор имзо ҳам хеле замон мебарад. Баъид аст ки як рӯз кофӣ бошад. Боз ҷаласа баргузор ва овоздиҳӣ кардаву қарор қабул ва Протокол пур мекунанд. Ҳамаи ин дар як рӯзи 10-уми сентябр иттифоқ афтодааст.

Маълум нест аз соҳибони имзо чанд нафарашонро сӯҳбат карда, дурустии имзои ӯро пурсида бошанд.

Ҳамаи ин талошҳо ба манзури чӣ аст? Чиро бояд нишон доду исбот кард? Баргузории интихоботи борақобат ва ғалабаи шаффофи номзади сазоворро? Фикр намекунед, ки фаъолияти босуръати лазерӣ ҳам боис ба шакку шубҳа мешавад?

Аз хелеҳо пурсидам, гуфтанд, касе барои гирифтани имзоҳо наёмадааст. Бубинед, ки ҳар имзо дона-дона, на яклухт ҷамъ оварда мешавад. Оё дар чунин ҳолат имкон вуҷуд дорад, ки дар ду рӯз 260 ҳазор бештар имзо ҷамъ овард?

Тамоми талошамро кардам, бовар кунам,ки аҳзоб мустақилона, бе мусоидат ва росту дуруст имзо ҷамъ кардаанд ва Шумо ҳам тамоми талошатонро ба харҷ диҳед ва худро водор созед, ки бале, аҳзоб ва аз ҷумла ҲКТ ин ҳама имзоҳоро ҷамъ карданд, бинед, ки мешавад ё не? Агар бовар кардед, бовар кунед, ки дар Мурғоб пахтаи маҳиннах мерӯяду захоири бузурги яху барфи Айваҷ камтар аз захоири Аляска нест.

Агар ба мавзуъамон наздиктар оварем, Лукашенко ва ё як нафаре дигари амсоли ӯ дарозумри сиёсӣ истеъфояшро бо майлу хоҳиши худ эълон карда бошад. Ва гӯяд,ки мардуми азизам, бубахшед, ман ғалат кардам, ки ба интихобот омадам ва ё ба интихобот рафтаниам.

Чӣ олӣ мешуд, агар КМИРТ дар посух ба чунин шубҳаҳо, ҳамаи маълумотро нашр кунад, ки кадом ҳизб дар кадом ноҳия чӣ қадар имзо ҷамъ овард. Бовар доред, ки ин корро мекунанд? На. Зеро ҳаросе мавҷуд аст, ки мумкин имзоҳои ду ё се ҳизб аз як ноҳия ба маротиб бештар аз шумори аҳолии онҳо бошанд. Ё чӣ шаффофу ҳақиқӣ мебуд, агар КМИРТ номи ҳар шаҳрванд ва имзои онро, ки ба тарафдорӣ аз ин ё он номзад рӯйи коғаз гузоштааст, дар интернет нашр мекард! На. Яке садҳо нафаре пайдо мешавад, ки аслан ҳеч куҷо имзое нагузоштааст.

Ё Додситонии кул ҳамаи имзоҳоро тафтиш кунад, ки дуруст будаанд, ё не? На, ин ягон ҷазои ҷиноӣ ё маъмурӣ надорад. Ба интихобкунанда гуфта мешавад, ки нодида ва носанҷида бовар кун, тамом.

Вақте ба навишта нуқта мегузоштам дар шабакаи иҷтимоӣ ин шарҳро дидам ва, ба назарам, ҷой дорад, ки инҷо иқтибос шавад:

  • "Дар мачмуъ, 1,5 миллион имзо. Аз куҷо ин қадар имзо? Ба интихобот оё 1,5 миллион нафар меравад, ё не? Бигзор, 3 миллион одам дар интихобот овоз медиҳад ё не? 2 миллион муҳоҷир дорем, пас, маълум мешавад дар Тоҷикистон ҳҳар як нафари сеюм имзо кардааст. Шумо дар кӯча пурсед, аз се не, аз сӣ нафар якеяш имзо мондагӣ нест. Чаро ба муҳоҷирон иҷозаи имзо нест ? Овоз медиҳанду имзо не?"

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Саломат метарсад, ба интихобот равад, мақомот мегӯянд, натарсед. ВИДЕО

Омодагӣ ба интихобот идома дорад, бими сироят ҳам дар байни сокинон будааст.

Саломат, сокини 43-солаи шаҳри Душанбе, даҳ рӯз аст, ки аз бемории COVID-19 ранҷ мекашад. Мегӯяд, бо шавҳараш дар хона табобат мегиранд ва пизишкон тавсия додаанд, ки хешу ҳамсояҳо ба аёдаташон наоянд. Саломат яке аз даҳҳо нафар аст, ки коронавирус дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба онҳо сироят кардааст. Шояд сокинон аз ҳоло дар бораи раъй додан ба номзаде фикр кунанд, вале тасмими Саломат ниҳоӣ шудааст.

Ӯ мегӯяд, ба раъйдиҳӣ намеравад, чун метарсад, ки дигаронро сироят накунад ва ё бо масунияти заиф ба бемории дигаре гирифтор нашавад. Саломат, ки телефонӣ бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт: "Ҳар нафаре, ки ин бемориро аз сар гузаронидааст, медонад, чӣ қадар сахт аст. Аз ин рӯ, намехоҳам, ба овоздиҳӣ рафта, чанд нафари дигарро бемор кунам, ё сиҳатии худро зери хатар монам. Агар қуттиҳои сайёр биёранд, имкони овоз доданро дорам, вале ҳеҷ вақт дар ин вазъ таваккал намекунам."

Бими Саломат аз ширкат дар интихобот дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, интихоботро бо назардошти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор мекунанд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки маъракаи интихоботӣ дар аҳди коронавирус дар кишварҳои дигар таҷриба шудааст ва Тоҷикистон низ ин корро бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ анҷом дода метавонад.

Дар посухи комиссия чунин омадааст: “Вазъи вобаста ба коронавируси нав мушкилоти ҷаҳонӣ буда, Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки дар ин давра чунин маъракаи сиёсиро мегузаронад. Маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин давра дар кишварҳои гуногун маъракаҳои интихоботӣ гузаронда шудаанд, ё мешаванд”. Дар посухи Комиссияи марказии интихобот гуфта нашудааст, ки риояти кадом қоидаҳои беҳдоштӣ зимни раъйдиҳӣ ҳатмист ва ё иҷро карда мешаванд.

Назарҳои дигар доир ба шеваи раъйдиҳӣ

Интихобот рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. Ба фарқ аз солҳои пеш имсол ин маъракаи сиёсӣ дар шароите баргузор мегардад, ки пандемияи COVID-19 ҷаҳонро фаро гирифтааст ва дар аксари кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон барои монеъ шудан ба сирояти васеи беморӣ чорабиниҳои серодамро манъ кардаанд. Бино ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то 14-уми сентябр коронавируси нав дар Тоҷикистон ба бештар аз 9000 нафар сироят кардааст ва 72 нафар ҳам фавтидаанд.

Дар як назарпурсии сарироҳии Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе чанде аз раҳгузарон гуфтанд, агар воқеан ба раъйи онҳо эҳтиром гузошта шавад, бояд мақомот чораҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд. Тоҳир Лашкаров, як сокини пойтахт гуфт, беҳтар аст нуқтаҳои райъдиҳӣ на дар утоқҳои хурду баста, балки дар хиёбон ва ё майдонҳо сурат бигирад. Вай гуфт: “Маводи антисептикӣ ва дигар маводе, ки ба вирус муқовимат мекунад, бисёртар гузошта шавад, хуб мешуд”.

Аваз Маҳмудов, ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ аз ноҳияи Варзоб гуфт, бовар надорад, ки дар интихобот ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ риоя мешавад ва аз сокинон хост худро эҳтиёт кунанд: “Интихоботро монему дохили нақлиёти мусофиркашро бубинем. Ҳама бениқоб, болои ҳамдигар савор мешаванд. Дар интихобот чӣ кор мекунанд? Ҳар кас пешгирӣ кунад, барои худаш аст.”

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Интихобот дар давраи пандемия чӣ хел мегузарад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Тавсияи табибон чист?

Дар Тоҷикистон 5 миллион нафар ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Таҳлилгарон мегӯянд, дар сурати ширкати нисфе аз онҳо дар интихобот хатари васеъ паҳн шудани беморӣ вуҷуд дорад.

Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт машварат додаанд, ки назорати қоидаҳои беҳдоштӣ дар ин маъракаи серодам ҷиддӣ гирифта шавад. Ин ниҳоди байналмилалӣ аз ҷумла гуфтааст, интихобот, ки маъракаи серодам аст, метавонад, сабаби паҳншавии фавқулодаи беморӣ гардад, барои ҳамин, тамоми ниҳодҳо, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи сокинон бояд эҳтиёткор бошанд.

Пизишкон ҳузури ҳамтоёни худро дар марказҳои овоздиҳӣ муҳим медонанд. Саидҷон Нодирӣ, номзади илмҳои тиб ва раҳбари "Ҷамъияти пайравони Сино” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Агар фосилаи ҷисмонӣ нигоҳ дошта шавад, ҳарорати ҳар нафар санҷида шавад, он гоҳ метавон, хатари сироятро кам кард. Ҳарчанд гирифторӣ дар Тоҷикистон поён рафтааст, боз ҳам барои онҳое, ки сироятёфта, ё гуруҳи осебпазир ҳастанду дар хона мемонанд, барояшон қуттиҳои сайёр бурда шавад."

Интихоботи моҳи октябр интихоботи президентии панҷум аз соли 1994 дар Тоҷикистон аст. Дар чаҳор интихобот расман Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунуниро пирӯз эълон карданд. Натиҷаи интихоботҳое, ки мақомоту кишварҳои дӯсти Тоҷикистон онро демократӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ ношаффофу ғайриодилона хондаанд.

Раиси Ҳизби демократро ба интихобот роҳ надоданд

Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, ки ҳизбаш дастнигари ҳукумат нест.

Комиссияи марказии интихобот ғайричашмдошт эълон кард, ки довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби демократро сабти ном накардааст. Дар баёнияи кӯтоҳи марказ аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, ки санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмоновро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд.

Дар ин баёния омадааст, ки санадҳои Ҳизби демократро рӯзи 13-уми сентябр дарёфт карданд ва “Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии ... (интихоботи президент) ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд.”

Зоҳиран бар тибқи хулосаи Комиссияи марказии интихобот, Ҳизби демократ натавонистааст, теъдоди кофии имзои тарафдоронашро ҷамъ оварад. Дар ду банде, ки комиссия ба онҳо такя карда ва гуфтааст, ки санадҳои ҳизби демократ ба ин талабот ҷавобгу набуд, омадааст, “Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ, ки хабари рад шудани дархост барои сабти номзадиашро аз Радиои Озодӣ шунид, гуфт, ки ҳануз посухи расмиро ба онҳо надодаанд. Ӯ афзуд, баъд аз тамоми дигар аҳзоби сиёсӣ санадҳояшонро ба Комиссияи марказии интихобот супурдаанд ва 285 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд: “Мо мутобиқи талабот ва қонун санадҳоро бурда додем, онҳо ҳам мутобиқи қонун ваколат доранд ва мутобиқи қонун тафтиш мекунанд. Дигар намедонам. Агар қарор бароварда рад карда бошанд, ҳоло моро расман маълумот надодаанд.”

Саидҷаъфар Усмонзода соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ - Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт.

Саидҷаъфар Усмонзода соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ин ҳизб ширкат кард. Вакили Маҷлиси намояндагон аст. Азбаски сиёсатҳои ҳукуматро тарафдорӣ мекунад, коршиносону таҳлилгарон мегуфтанд, ки ҳизбаш қабл аз ҳар кор, ризояти ҳукуматро мегирад ва ба саҳна овардани у як навъ рақобатӣ нишон додани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст.

Аммо ӯ чанде пеш дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ман шахси мустақил ҳастам, арзишҳои зиндагии ҳамаро эътироф мекунам ва дар баробари он арзишҳои зиндагии худро дорам. Омадани маро ба Ҳизби демократ бисёр собиқадорон бовар надоштанд. Вале ман исбот кардам, ки ҳизб порлумонӣ шуд. Мо эълон кардем, ки ҲДТ ҳизби "опозитсиони конструктиви" аст, яъне бо ҳама аҳзоб кор мекунем, алалхусус бо ҳукумат ва ҳизби ҳукмрон. Чун нуфузи бештар дорад ва сохторҳои давлатӣ дар дасти ҳизби ҳукмрон ва ҳукумат аст. Вале новобаста аз ин аз таҷрибаи порлумонии ман медонед, ки тамоми нуқтаҳоеро, ки новобаста аз онки он шахсият кӣ аст, хешутаборӣ кӣ аст, интиқоди сахт мекардам. Аз манфиатҳои мардум пуштибонӣ мекардам. Чӣ мавзӯи корти пластикӣ, чӣ интернет, соҳаи бонк, қарзҳо, хеле мавзуъҳои зиёде буд, ки мо дар муқобили ҷараёни ҳукумат будем ва камбудии сохторҳоро гуфтем. Пас чигуна мо ҳукуматӣ ҳастем?”

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Комиссияи марказии интихобот панҷ нафарро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр сабти ном кардааст. Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ, Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳоест, ки сабт шудаанд.

Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд. Аксарият пешбинӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дигарбора 7 соли дигар дар мақомаш мемонад.

Довталаби курсии президенти Тоҷикистон гуфт, соли 2027 ҳам айни корро мекунад

Фаромуз гуфтааст, ки акнун барои ислоҳи Қонуни интихобот саъй мекунад, ки иҷоза намедиҳад, касе мустақилона номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ намояд.

Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшинос ва ягона довталаби курсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки худаш номзадиашро ба ин мақом пешниҳод кард, гуфт, ба қадри кофӣ имзо ҷамъ карда натавонист ва аз ин сабаб корзори интихоботиашро ба анҷом мерасонад. Муҳлати сабти номзадҳо ба мақоми президент рӯзи 15-уми сентябр поён меёбад.

Фаромуз Иргашев рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо тими интихоботиаш 83 ҳазор имзо ҷамъ карданд, ки кофӣ нест, чун бар асоси қонун довталаби курсии раиси ҷумҳур барои сабти ном шудан ба ҳайси номзад бояд 260 ҳазор имзо ҷамъ оварад. Иргашев гуфт, варақаҳои имзоҳоро барои мушкил эҷод нашудан барои тарафдоронаш, нобуд мекунад. Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, аз ин баъд барои ислоҳи Қонуни интихобот саъй мекунад ва ба Додгоҳи конситутсионӣ муроҷиат хоҳад кард.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Тоҷикистон касе ҳақ надорад, мустақилона номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кунад. Дар кишварҳои дигар чунин таҷриба ҳаст. Фаромуз Иргашев мегӯяд: “Бигзор қонунро мукаммал гардонанд. Чун ин талаботи қонун бисёр монеаовар аст, ки бисёр ҳуқуқи конситутсионии шаҳрвандро вайрон мекунад. Сар карда аз додани муҳлати зиёдтар барои ҷамъ кардани имзоҳо то зарурияти тасдиқ кардани имзоҳо аз сӯи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки лозим нест. Онҳо ҳизби ҳукуматро муаррифӣ мекунанд ва баҳона карда, дар умрашон имзоҳоро тасдиқ намекунанд.”

Дар интихоботи гузашта номзади нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова низ ба гуфтаи мақомот натавонист 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биоварад ва ба интихобот роҳ наёфт.

Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, аз сабти ном накарданаш ноумед нашудааст ва соли 2027 низ айни корро мекунад ва барои расидан ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон мубориза мебарад. Тасмими Фаромуз Иргашев барои пешбарии номзадиаш баҳсу вокунишҳои зиёдеро ба миён овард, зеро кори ӯ дар Тоҷикистон, ки барои саркӯби дигарандешон танқид мешавад, як навъ ҷасорат ва қолабшиканӣ ба ҳисоб меравад. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин тасмими ӯ ҷонибдорӣ карданд.

Мақомот ҳарчанд расман дар ин бора чизе нагуфтанд, аммо саҳифаи ҳукумати Бадахшон дар Фейсбук аз номи як омӯзгор ва сомонаи Маркази тадқиқоти стратегӣ тасмими Иргашевро танқид карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам алайҳи Фаромуз Иргашев як маъракаи бадномкунӣ оғоз шуд. Коршиносон бо ишора ба ин ҳама ҳадс мезаданд, ки мақомот ба вуруди як номзади мустақил ба интихобот роҳ намедиҳанд.

"Зеби интихобот мешуд"

Ба гуфтаи Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ширкати як номзади мустақил метавонист, ба интихобот таъсири ногаҳонӣ расонад, ки пешгӯи карданаш душвор аст. Ӯ афзуд: “Ин як омили нав аст ва бинобар таҷрибаи дигар кишварҳо бахусус таҷрибаи Беларус ҳамин гуна омилҳои нав шояд боиси нигаронӣ бошад. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ ин нигарониҳо вуҷуд доранд.”

Аммо коршиносони наздик ба ҳукумат дар бораи талошҳои Фаромуз Иргашев назари дигар доранд ва мегӯянд, мақомот барои ширкати ҳуқуқшиноси ҷавон дар интихобот ягон монеа пеш наовардаанд, танҳо Иргашев бояд талаботи қонунро иҷро кунад. Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, Иргашев мехост дар сафи муборизон бошад, “вале ҳамчун ҳуқуқшинос ҷиҳатҳои гуногуни қонунро ҳоло намедонад, вазъият бахусус вазъияти сиёсиро.”

Сайфулло Сафаров афзуд: “Агар дар интихобот ширкат ҳам мекард, чизеро тағйир дода наметавонист. Аммо як зеби сабқати интихоботӣ мешуд, чун мо медидем, ки ҷавонон албатта як қисмаш, ки саводи сиёсиву фаҳмиши ҳуқуқӣ надоранд, нохудогоҳ ба ӯ овоз медоданд. Ин ҳам нишонаи сохтори демократии ҷомеа мешуд.”

Сабти панҷ номзад ба мақоми раиси ҷумҳур

Рӯзи 11-уми сентябр муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот панҷ нафарро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи моҳи октябр сабти ном кардааст. Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ, Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадҳоест, ки сабт шудаанд.

Наврӯз Самадзода, котиби комиссия рӯзи 14-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷҷатҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ дар баррасӣ мебошанд. Қарор аст, фардо шаҳодатномаи ширкат дар интихоботро ба номзадҳо ба мақоми президент супоранд. Маъракаи таблиғи номзадҳо ҳам баъди гирифтани шаҳодатномаи номзадӣ оғоз мешавад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр сурат мегирад. Аз ҳоло бисёриҳо тахмин мезананд, ки натиҷаи интихобот маълум аст ва иштироки чанд нафар ба ҳайси номзад танҳо барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот аст. Назаре, ки тарафдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд. Аксарият пешбинӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ дигарбора 7 соли дигар дар мақомаш мемонад.

Аз ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон, танҳо Ҳизби сотсиал-демократ дар интихобот ширкат надорад. Ин ҳизб ягона нерӯи мухолиф дар дохил охири моҳи август эълон кард, интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.

Даъвогарони қудрат: Кӣ бо чӣ барнома мехоҳад президенти Тоҷикистон шавад?

Акс аз ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи порлумонии моҳи марти 2020

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (11-уми октябр) камтар аз як моҳ мондааст. Бештари номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ онҳое ҳастанд, ки дар интихоботҳои гузашта низ вориди рақобат шуда буданд. Бо вуҷуди ин, Радиои Озодӣ тасмим гирифт интихобкунандагонро бо шахсият ва барномаи пешазинтихоботии онҳо ошно кунад.

Дар мавриди интихоботи пеширӯ дар Тоҷикистон наметавон билофосила ҳадс зад. Ҳолу ҳаво дар дохили кишвар тақрибан ба рақобат барои курсии сардори давлат монанд нест, ба истинои пайдо шудани таблиғот дар шабакаҳои давлатӣ, ки ёдовар мешаванд чӣ касе ҳаққи рақобат барои мансаби президентиро дорад. Аммо ин ҳақро танҳо президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисони ҳизбҳои сиёсии кишвар, ки худро мухолиф меноманд, вале аз сӯйи доираҳои коршиносии мустақил ин гуна эътироф намешаванд, истифода мебаранд.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН

Сарфи назар аз набуди алоқамандии густарда ба райъдиҳии пеширӯ, бештари номзадҳо барномаҳои пешазинтихоботияшонро омода кардаанд.

Яке аз аввалин номзадҳое, ки ваъдаҳои худро ҳамагонӣ кард, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон аст. Барномаи пешазинтихоботии ӯ аз чанд бахш иборат аст: Дар бахши амният болои ҳамкорӣ дар доираи СПАД, ИДМ ва СҲШ ва роҳандозӣ намудани хидмати сарбозии шартномавӣ таъкид мешавад; дар бахши иқтисод номзад ба пайваст шудан ба иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва ҳадди ақал кардани санҷиш дар корхонаҳои саноативу истеҳсолиро ваъда медиҳад; дар бахши кишоварзӣ озод шудани кишоварзонро аз андоз ва боло бурдани нафақапулии кормандони ин бахшро то ҳадди миёна дар сатҳи ҷумҳурӣ пешбинӣ мекунад; дар бахши илм ва соҳаи маориф баланд кардани маоши муаллимон ва то 50% коҳиш додани ҳаққи таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳҳо барои қишри нодори аҳолӣ пешбинӣ мешавад. Ваъдаи хеле пурсарусадои Латифзодаро метавон қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми президенти Тоҷикистон донист.

  • Рустам Латифзода зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳии Санкт-Петербург бо тахассусҳои "муҳандиси ҳидротехник" ва "муҳандис-эколог" мебошад. Вакили феълии Маҷлиси Намояндагон. Ба сифати мудири шуъба дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист, сармутахассиси шуъбаи мелиоратсияи Дастгоҳи президент, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ҷангал ва раиси ноҳияи Восеъ низ кор кардааст. Соли 2005 муовини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон шуд ва аз соли 2014 ба ин сӯ онро раҳбарӣ мекунад.

Рустам Латифзода
Рустам Латифзода

Иттиҳоми "кисагӣ" будани ҳизби худро Латифзода комилан рад мекунад ва бар ин аст, ки онҳо дар интихоботҳои ахири порлумонӣ ба муваффақиятҳои бузурге даст ёфтанд ва соҳиби ҳафт курсӣ дар ниҳоди қонунгузорӣ шуданд.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ ДЕМОКРАТИ ТОҶИКИСТОН

Дар барномаи номзади Ҳизби демкорати Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода махсусан таъкид мешавад, ки ҳизби ӯ тағйироти радикалии хосияти инқилобидоштаро намепазирад ва ҷонибдори роҳи рушди таҳаввулотӣ (такомулӣ, эволютсионӣ) аст. Дар баробари ин, Усмонзода муттаҳид ба мусоидат кардан ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифозат аз истибдод, озодсозии низоми сиёсӣ, баргузории интихоботҳои одилонаву шаффоф, боло бурдани нақши порлумон ва васеъ кардани ваколатҳои маҷлисҳои маҳаллӣ мебошад. Дар барнома ҳамчунин ба зарурати мухолифин ва озодии расонаҳо ва даст кашидан аз инҳисор (монополия) дар соҳаи иттилоотиву иртибототӣ низ таъкид мешавад.

Дар миёни ваъдаҳои марбут ба бахши иқтисоди Усмонзода мешавад пешниҳоди ташкили харитаи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишварзиву саноатиро бо ишора ба сарватҳои табиӣ, шумораи одамон, нишондиҳандаҳои кишварзӣ, зерсохтҳо ва ғайраро дид. Номзад бар ин аст, ки чунин шева ҷолибтар ва барои сармоягузорон фоидаовартар хоҳад буд.

  • Саидҷаъфар Умсонзода зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва фориғи риштаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар вазифаҳои иқтисоддони бонки сохтмонии Қӯрғонтеппа дар солҳои 80-ум, Кумитаи гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, роҳбари Иттифоқи ҷавонон дар Душанбе дар соли 1997, дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ, Вазорати мудофиа ва пулиси андоз кор кардааст. Соли 2005 муовини ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст. Соли 2012 роҳбари Ҳизби демкорати Тоҷикистон шуд. Дар соли 2013 бидуни натиҷа дар интихоботи президентии Тоҷикистон рақобат кард ва бо гузашти 2 сол як курсиро дар порлумон ба даст овард, ки онро дар интихоботи баҳори соли 2020 низ ҳифз кард.

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Усмонзода ҳамчунин ин андешаи коршиносонро, ки ҳизби ӯ танҳо ба хотири нишон додани вуҷуди гуногунандешии сиёсӣ фаъолиятҳои сёисӣ мекунад, намепазирад. Дар охирин мусоҳибааш дар Радиои Озодӣ ин сиёсатмадор дар дифоъ аз худ гуфт, ки борҳо алайҳи тасмимҳои ҳукумат бархостааст ва ҳатто истеъфои вазиронро талаб кардааст.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров дар барномааш дар мавриди зарурати ҳифзи субот, амният ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мегӯяд. Ваъда додааст, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, боло бурдани маблағгузории маориф ва илм, пуштибонии ҳуқуқи зан, таъмини хидматчиёни давлат бо хона мусоидат мекунад ва дар Душанбе метро месозад.

  • Абдуҳалим Ғаффоров дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст ва дар риштаи педагогика тахассус дорад. Номзади илм, дотсент ва аълочии маорифи Тоҷикистон аст. Ду бор – солҳои 2006-2013 бидуни муваффақият дар интихоботи президентӣ иштирок кардааст. Бори севум аст, ки курсии ваколатро дар ниҳоди қонунгузории кишвар ба даст меоварад.

Абдуҳалим Ғаффоров
Абдуҳалим Ғаффоров

НОМЗАДИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Барномаи номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Меҳроҷ Абдуллоев тақрибан шабеҳи барномаи номзадҳои дигар аст. Дар он дар бораи ислоҳоти сохторҳои қудратӣ, зарурати рушди истеҳсолоти ватанӣ, коҳиши сатҳи фақр ва муҳоҷират, мубориза бо коррупсия, кам кардани ниҳодҳои назораткунандаи соҳибкорону истеҳсолкунандагон, ҳифзи манофеи меҳнаткашон ва ғ. гуфта мешавад.

  • Раиси ҳизби коммунистӣ, Меҳроҷ Абудллоеви 72-сола аз миёни номзадҳо аз ҳама калонсолтар аст. Ин сиёсатмадор зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аст ва аз соли 2017, баъд аз марги Исмоил Талбаков ҳизбро раҳбарӣ мекунад. То омадан ба сиёсат дар бахши омодакунии кадрҳо дар мақомоти қудратӣ кор кардааст.

Мироҷ Абдуллоев
Мироҷ Абдуллоев

Ҳизби замоне пурнуфузтарини Тоҷикистон, бино ба баҳогузории коршиносни тоҷик, маҳруми муваффақиятҳои сиёсист. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи Абддулоев ҳизби онҳо дар интихобот сарбаландона иштирок мекунад.

НОМЗАДИ ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН

Роҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода дар барномаи худ масъалаҳои ақибмондагии иқтисодии ҷумҳуриро матраҳ мекунад ва пешниҳод мекунад, ки корхонаҳои коркарди канданиҳои фоидаоварро миллӣ кунанд. Барномаи номзад ислоҳот дар бахши андоз, бонкдориву кишоварзӣ, коҳиши дастгоҳи девонсолорӣ (чиновничий аппарат), ҳамчунин бозгардонии сармояҳои молӣ аз минатқаҳои офшорро дар бар мегирад. Ба ҷуз аз ин, Раҳматзода бештар кардани маблағгузории илму навоварӣ, шароит барои сармоягузорӣ ва коҳиши андозҳои иҷтимоӣ барои манотиқи баландкӯҳи ВМКБ, Хатлон ва Зарафшону Раштро ваъда медиҳад.

  • Рустам Раҳматзода, зодаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар риштаи "иқтисод ва мудирияти комплексҳои агросаноатӣ" мебошад. Ба унвони декани факултаи фермерии ин донишгоҳ кор кардааст. Маркази бозомӯзии кадрии Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро ҳам раҳбарӣ кардааст. Соли 2019, баъди истеъфои Олим Бобоев роҳбари ҲИИТ шуд. Вале то кунун ҳеч таъсире ба имиҷи ҳизб, ки доирҳои коршиносӣ ҳукуматмаобаш медонанд, наафзудааст.

Рустам Раҳматзода
Рустам Раҳматзода

НОМЗАДИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Пештози корзорҳои интихоботӣ, тавре пештар тахмин зада мешуд, раисҷумҳури барҳоли кишвар Эмомалӣ Раҳмон боқӣ мемонад. Дар барномаи пешазинтихоботии ӯ омори баланд шудани нишондиҳандаҳо дар бахши иқтисод, саноат, соҳаи иҷтимоӣ ва ғайра оварда шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳафт соли ахир дар доираи иҷроӣ кардани “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои соли то 2030” роҳандозии истеҳсолоти рақобатпазир дар бозори молу коло ва таъмини содироти онҳо, таннавӯи иқтисод, бештар кардани қишри миёна ва расидан ба сатҳи иҷтимоиву иқтисодии кишвари дорои даромади миёна дар назар дошта шудааст. Дар барнома доир ба зарурати маблағгузории зуд дар бахши маориф, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ таъкид мешавад. Беҳтарсозии дастгоҳи девонсолорӣ ва истифодаи муассири маблағҳои буҷавӣ низ дар барнома таъкид шудааст.

Гуфта мешавад, ҳадафҳое, ки барои 7 соли оянда дар назар гирифта шудаанд, имкон медиҳанд, ки модели нави иқтисодӣ сохта шавад ва ҳадафҳои стратегӣ дастрас гарданд, муҳоҷирати аҳолӣ коҳиш дода шавад ва сатҳи зиндагӣ боло бурда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Дар интихоботи пеширӯ Эмомалӣ Рамон бори нахуст аз имконоти қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат”, ки барояш ҳақ медиҳад мудомулумр дар корзорҳои интихоботӣ ширкат кунанд, истифода мекунад.

НАХУСТИН ХУДПЕШБАР

Дар миёни номзадҳои барои ҷомеа маъмул, хабари ғайримунтазир худпешбари Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз Хоруғ буд. Дар барномаи пешазинтихоботии худ номзади ҷавон барҳам додани маҷлиси болоии порлумон, тағйири тартиби таъмини маъмурии раисони шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, додани бахше аз салоҳиятҳои президент ба порлумон, тақвияти кори Додгоҳи Қонуни асосӣ, таъсии палатаи ҷамъиятии назди президент, сахттар кардани ҷазо барои фасод ва ғайраро пешниҳод кардааст. Ба ҷуз ин номзад ба пуштибонии иҷтимоии пизишкон, муаллимон ва дигар қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ваъда медиҳад.

Асоси барномаи Иргашев, бино ба изҳороти ӯ, мубориза алайҳи фасод мебошад. То изҳори эълони ширкат дар интихобот Иргашев мушовири ҳуқуқӣ буд. Солҳои 2015-2020 дар маҷлиси вилоятӣ курсии ваколатро ба даст оварда буд.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин номзад имзоҳои лозимро барои ҳимояти худ ҷамъ карда метавонад ё не, вале ҳукумати ВМКБ дар саҳфаи фейсбукии худ ба он ишора кардааст, ки имзоҳоро зарур аст, ки дар варақаи вижа ҷамъ кард. Дар ҳоле, ки Иргашев аз ҷонибдоронаш талаб кардааст, имзои худро барои пуштибонияш тавассути почтаи электронӣ ва паёмрасонҳо бифиристанд.

Қобули таваҷҷуҳ аст, ки дар миёни номзадҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама пештар маҳз Иргашев мавриди ҳамла қарор мегирад.

Фаромуз Иргашев
Фаромуз Иргашев

ИНТИХОБОТИ БИДУНИ ИНТИХОБ?

Муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, натиҷаҳои интихобот маълум аст, зеро ҳеч кадом аз номзадҳо обрӯву эътибори Эмомалӣ Раҳмонро надоранд. “Худи иштироки намояндаи аҳзоб ва чӣ миқдор раъй ба даст оварданашон муҳим аст”, -- мегӯяд Сафаров. Ба гуфтаи вай, хусусияти фарқкунандаи интихобот ширкати номзади 30-сола аст, ки имконоти густардаи ҷавононро дар Тоҷикистон ба намоиш мегузорад.

Коршиносони мустақил тахмин мезананд, ки интихоботи пешорӯ сарфи назар аз рушди фанновариҳо ва имконоти нав бар асоси сенарияи кӯҳна такрор мешавад. Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо тахмин мезанад, ки ба интихобот танҳо 4 номзад роҳ меёбанд. "Мешавад тахмин зад, ки 85%-и овозҳоро раисҷумҳури феълӣ ва боқимондаро миёни номзадҳои дигар тақсим мекунанд, вале ин танҳо тахмин аст", -- таъкид мекунад коршинос.

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов амалкарди қобили пешбинии мақомотро дар интихобот марбут ба сабақҳо аз таҷрибаи Белорус медонад. Ӯ гуфт, "ҳоло ба шахсиятҳое, ки ба сифати чеҳраҳои рақиб дар интихобот ширкат мекунанд, ҷиддан бархӯрд мешавад. Ба Тихановская дар Белорус талош мешуд, ки таваҷҷуҳ накунанд, ҳоло талош мешавад, ин иштибоҳ дар дигар кишварҳо такрор нашавад."

Шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев мегӯяд, ешгӯиҳо дар мавриди ин ки мақомот дар интихоботҳо интригаҳои сиёсӣ ташкил мекунанд, дақиқан ба далоили табиати худи қудрат рад шуданд. "Таҷриба нишон медиҳад, ки шахсиятҳои рақами як дар ин гуна низомҳо то охир, мисли Сафармурод Ниёзов ва Ислом Каримов истодагарӣ мекунанд", -- мегӯяд Мамадшоев.

Ба гуфтаи вай, заминаҳо барои норизоятиҳо дар ҷомеа вуҷуд доранд, хусусан дар пасманзари бад шудани вазъи иқтисодӣ бар асари ҳамагирӣ, "вале баъид аст, ки мунтазири норизоятиҳои ошкоро бошем."

Интихоботи пеширӯ дар Тоҷикистон интихоботи шашум хоҳад буд, ки дар таърихи давлати навин баргузор мешавад. Ба иттилои расмӣ, аз соли 1994, дар чаҳор интихоботи гузаштаи президентӣ пирӯзиро сардори кунунии давлат Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст. Вале рақибаш дар интихоботи соли 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов иддао дошт, ки пирӯзи насиби ӯ буд.

Ҳеч кадом аз интихоботҳои Тоҷикистон аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ ҳамчун интихоботи одилонаву шаффоф эътироф нашудааст, ҳарчанд мақомот ва кишварҳои дӯсти Тоҷикистон ббовар доранд, ки ин интихоботҳо демократӣ буданд.

ODIHR барои назорат аз интихоботи президентии Тоҷикистон ҳанӯз даъватнома нагирифтааст

Акс аз бойгонӣ

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон, як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, барои фиристодани ҳайати нозиронаш ба Тоҷикистон ҳанӯз даъватнома нагирифтааст.

Ин созмон аз соли 2006 ба ин тараф ҷараёни интихоботҳои президентиро дар Тоҷикистон назорат мекунад ва ҳеч кадоме аз онҳоро ҷавобгӯ ба меъёрҳои байнулмилалӣ эътироф накардааст.

Лорен Барановска, ноиби сухангӯи Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), рӯзи 10-уми сентябр дар як паёми кӯтоҳи хаттӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт: “Айни замон ODIHR интизори даъватнома аст, то мувофиқи уҳдадориҳои САҲА ба назорат шуруъ кунад.”

Барановска афзуд, "танҳо дар сурати гирифтани даъватнома (манзур аз Тоҷикистон) метавонем фаъолиятҳоямонро ҷиҳати назорати интихобот ба нақша гирем."

То интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, ки 11-уми октябр доир мешавад, камтар аз як моҳ мондааст. Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд. Дар сурати ба даст омадани шарҳи кумисюни марказии интихобот ва ё ниҳодҳои дигари расмии Тоҷикистон дар ин ҷо нашр хоҳем кард.

Зимнан, бори нахуст дар соли 2020 ин созмон аз ирсоли ҳайати дарозмуддати худ барои назорат аз ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистон худдорӣ карда, танҳо ҳайати хурди коршиносонашро фиристода буд.

Гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки моҳи март барои назорати интихоботи вакилон ба Маҷлиси Намояндагон омаданд, рӯзи 27-уми май гузориши ниҳоии хешро аз дидаву шунидаҳо ва таҳқиқи қонунгузории интихоботии Тоҷикистон нашр карданд.

Дар ин гузориш аз ҷумла омадааст, интихоботи порлумонӣ дар як муҳите баргузор шуд, ки “нақзи пайвастаи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои бунёдӣ, фазое барои мубоҳисаҳои гуногунандеши сиёсӣ нагузошт ва мухолифони аслӣ аз саҳнаи сиёсӣ ронда шуданд.”

Дар натиҷа, ба гуфтаи муаллифони гузориш, мардум дар Тоҷикистон алтернатива ва ё гузинаҳои сиёсӣ барои интихоб надоштанд. Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон рӯзи 1-уми март баргузор шуд.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро “шаффофу демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф накардааст”.

Муносибати Тоҷикистон бо САҲА ва ниҳоду созмонҳои зертобеи он баъд аз ҳузури мухолифони тоҷик дар нишасти Варшава сард шуд. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 Тоҷикистон ба дубора таъин шудани Ҳарлем Дезир, дипломати фаронсавӣ ба ҳайси намоянда дар умури озодии матбуоти САҲА мухолифат кард. Дезир борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид карда буд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Ҳизбҳои аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалистӣ, демократӣ, коммунистӣ ва халқии демократӣ роҳбарони худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд.

Сокинон дар Тоҷикистон мегӯянд, дигарбора пирӯз эълон шудани раисҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Кумисюни марказии интихобот аз ҳоло маълум аст ва номзадҳои дигар танҳо барои вонамуд кардани рақобат ва демократӣ ҷилва додани интихобот пешбарӣ шудаанд. Иддаое, ки мақомот ва номзадҳо ба курсии президентӣ онро рад мекунанд ва ба ҷиддӣ будани кӯшишҳои худ таъкид доранд.

Дар ин миён Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботро бо чанд далел, аз ҷумла барвақт таъйин шудани санаи интихобот ва набудани рақобати воқеӣ таҳрим ё бойкот кард. Фаромуз Иргашев, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ, довталаби мустақил шуд, ки мехоҳад, бо роҳи худпешбарӣ вориди сабқат шавад ва то 11-уми сентябр ба ҷонибдориаш 70 ҳазоор имзо ҷамъ овардааст.

Роҳ ба марҳилаи асосии интихобот. Кӣ чӣ қадар имзо ҷамъ кард?

Аъзои Кумисюни интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон

Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон хабар доданд, ки имзоҳои заруриро барои сабтиноми номзадҳои худ ба мансаби президентӣ ҷамъ оварда, ба Кумисюни марказии интихобот супурданд.

Дар маҷмуъ, номзадии шаш нафар пешбарӣ шудааст, вале дар ин миён маълум нест, ки намояндагони Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади худ чӣ қадар имзо гирифтанд. Рустам Раҳматзода, раиси ҳизб, ба зангҳои паёпайи мо посух надод.

Фаромуз Иргашев, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ, ки мехоҳад бо роҳи худпешбарӣ дар интихобот ширкат ҷӯяд, гуфт, ба тарафдорияш 70 ҳазор имзо ҷамъ овард. Ин дар ҳолест, ки довталабони мансаби президент вазифадоранд, ризояти панҷ дарсади интихобкунандаҳо ё имзои 260 ҳазор касро бигиранд.

Усмонзода 285 ҳазор ва Ғаффоров 295 ҳазор имзо гирифтаанд

Рӯзи 11-уми сентябр, моҳе пеш аз интихоботи президентӣ, муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ то 15-уми сентябр имзоҳоро тафтиш ва номзадҳоро сабтином хоҳад кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 285 ҳазор имзо ҷамъ карданд.

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалист иддао кард, ки 295 ҳазор имзо гирифтанд.

Масъулони Ҳизби халқии демократӣ, аграрӣ ва коммунист низ гуфтанд, ки имзоҳои заруриро ҷамъ овардаанд, вале рақами мушаххасеро ба забон наоварданд.

Ваъдаи Иргашев ба мардум

Фаромуз Иргашев, довталаби мансаби президенти Тоҷикистон, ки мехоҳад аз роҳи худпешбарӣ номзад шавад, рӯзи 11-уми сентябр дар як баромади видеоӣ аз шаҳрвандон хост, ба тарафдории ӯ имзо гузошта, барояш фиристанд. Ҳуқуқшиноси ҷавон афзуд, дар сурати сабти ном нашудан дар интихобот имзоҳоро нобуд мекунад, то барои шаҳрвандон мушкил пеш наояд.

Маъракаи имсолаи ҷамъоварии имзо ба фарқ аз интихоботҳои пешина сокит гузашт ва ҳеч яке аз ҳизбҳо аз ҷараёни ин кор аксу навор нашр накарданд. Ба дархостҳои зиёди мо дар бораи мушоҳидаи рӯйхати имзоҳои ҷамъшуда низ посухи рад доданд. Намояндагони баъзе аз ҳизбҳо гуфтанд, ки рӯйхатро ба КМИРТ супориданд, бархеи дигар гуфтанд, дидани рӯйхат мумкин нест.

Бо ин вазъ шубҳаҳо дар бораи тавоноии ҳизбҳо ба ҷамъоварии то 260 ҳазор имзо зиёд аст. Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар посух ба ин гуна шубаҳаҳо гуфт, “тавонистем, қудрату тавоноӣ дорем.”

Шикояти донишҷӯён

Намояндагони ҳизбҳои дигар ҳам посухи ҳамсон доданд. Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ гуфт, сарусадо дар бораи ҷамъоварӣ шудани имзоҳо аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ беасос аст: “Ин корро ҳеч кас накардааст. Маърака бисёр хуб буд, бачаҳои мо хона ба хона рафта, имзо ҷамъ карданд.”

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, устодон аз онҳо талаб кардаанд, дар зери варақаҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо имзо гузоранд. Масъулони баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ мегӯянд, аз донишҷӯён низ имзо гирифтанд, аммо ин кор ихтиёрӣ буд.

Дар интихоботи гузашта номзади нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова тайи як маърака натавонист буд 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биоварад ва танҳо ба ҳамин далел ба марҳилаи асосии интихобот роҳ наёфт.

Шубҳаи коршиносон

Бо таваҷҷуҳ ба он, таҳлилгарон мегӯянд, гирифтани 260 ҳазор имзо дар Тоҷикистон кори мушкил аст ва бештари аҳзоб чунин тавоноиро надоранд. Азизи Нақибзод, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ба тавоноии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ва коммунист то ҷое метавон бовар кард, ки ин миқдор имзо ҷамъ кардаанд.

Вале ба қавли ӯ, ба тавоноии ҳизбҳои дигар дар бораи ҷамъ кардани имзои панҷ дарсад аз интихобкунандаҳо наметавон мутмаин буд. “Дар ҳоле ки бештари мардум на шахсиятҳои ҳизбро мешиносанду на барномаи ин ҳизбро хондаанд. Мо дар ҳеч куҷо нахондем, ки барномаи ҳизб тақсим шуда бошад ё дар расонаҳо тарғиб карда бошанд. Пас, аз куҷо метавон бовар кард, ки инҳо 250 ҳазор имзо ҷамъ карданд,” -- суол гузошт ӯ.

Нақибзод афзуд, мақомоти маҳаллӣ ба ҷамъ кардани имзо барои номзадҳои пешбаришуда аз ҳизбҳо манфиатдор аст, чун ҳукумат мехоҳад “интихоботро машруият бахшад, то мардум ба ҳақиқӣ буданаш мардум бовар кунанд.”

Масъулини ҳизбҳо чунин шубҳаву суолгузориро беасос шумурданд.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Маъракаи таблиғи номзадҳо баъд аз рӯзи 15-уми сентябр оғоз мешавад. Ягона нерӯи мухолиф дар дохили кишвар, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG