Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон шуд


Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҲСТ

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ин ҳизбро рӯзи 22-уми август номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод кард.

Раҳбари 69 солаи ин ҳизб дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 низ номзад буд, вале бо дарёфти ками овози интихобкунандагон мағлуб эълон шуд. Мунтақидони Ғаффоров бар ин назаранд, ки ӯ як номзади идорашаванда аз ҷониби ҳукумат аст, вале худи ӯ мегӯяд, мустақилона амал мекунад.

Дар анҷумани 11-уми ҳизб, ки 51 вакил иштирок доштанд, дар баробари раҳбари ҲСТ, инчунин Маъруфҷон Юсупов, Зариф Наимов ва Давлатхотун Саидошорова, аз фаъолони ҳизб ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуданд. Вакилон ба ҷонибдории Абдуҳалим Ғаффоров овоз доданд.

Абдуҳалим Ғаффоров пас аз анҷоми анҷуман дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи ҳизбҳоро рақиби асосии худ медонад ва бо барномаи ҳизбие, ки дорад, дар интихобот овози бештари мардумро соҳиб хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон ширкати Ҳизби сотсиалистиро дар интихобот намоишӣ хонда, ин ҳизбро ҳамчун ҳизби “кисагӣ” ном мебаранд. Раҳбарияти ҳизб ба чунин назар розӣ нестанд ва худро аз ҳизбҳои фаъол дар ҷомеа унвон мекунанд.

Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, ки баланд кардани маоши сокинон, мубориза бо терроризму ҳифзи сарҳадот, соҳаи маориф, беҳтар намудани сифати зиндагии нафақахурон ва бартарафнамудани одамрабоӣ аз нуқтаҳои аслии барномаи пешазинтихоботиаш аст.

Масъулони Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯянд, ҳизбашон дар кишвар беш аз 21 ҳазор узв дорад ва дар интихобот ширкати фаъолона хоҳанд кард.

Абдуҳалим Ғаффоров дар ҳоле мегӯяд, дар интихобот ширкати фаъолона мекунад, ки Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик ӯро номзади ҷиддие намеҳисобад.

Абдумалик Қодиров рӯзи 22 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ танҳо барои пур кардани фазои интихоботӣ вориди ин корзор шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки “дар Тоҷикистон ҳамаи он нафароне, ки имрӯз кӯшиш мекунанд ба корзори интихобот ворид шаванд, ба хотри пур кардани фазои интихоботӣ ворид мешаванд”.

Ба қавли Қодиров, аксари ҳизбҳои сиёсии кишвар кисагӣ ҳастанд ва ҳангоми маъракаҳои пешазинтихоботӣ ҳеҷ таблиғоти ҷиддиеро ба роҳ нахоҳанд монд .

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 октябр баргузор хоҳад шуд. Аз 7 ҳизби сиёсӣ то ҳол ду ҳизб номзадҳои худро барои ворид шудан ба маъракаи интихоботӣ эълон кардаанд. Аз ин пеш, ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода, раиси ин ҳизбро номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда буд.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил он замон интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.

Шарҳҳоро бинед (22)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG