Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи интихоботи президентӣ -- номзадҳо то 15-уми сентябр сабти ном мешаванд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нақшаи баргузории интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябрро эълон кард.

Бар асоси ин нақша, номзадҳо ба мақоми президентӣ бояд то 15-уми сентябр сабти ном шаванд. КМИР мегӯяд, имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо то 30 рӯзи пеш аз интихобот ҷамъ оварда мешаванд. Аз рӯи ин тартиб, номзадҳо барои таблиғи барномаҳои худ ҳудуди 25 рӯз мӯҳлат доранд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад ва то кунун танҳо Ҳизби аграрии Тоҷикистон номзади худро барои иштирок дар он муайян кардааст. Аҳзоби дигар рӯзҳои наздик муайян мекунанд, ки оё номзад пешниҳод хоҳанд кард ё не.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шумораи пешакии умумии интихобкунандагон дар кишварро 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар эълон кард, ки рӯзи интихоботи президентӣ дар 68 ҳавза раъй хоҳанд дод.

КМИР гуфтааст, ки то панҷуми октябр интихобкунандагонро дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ хабардор мекунад. Тибқи тартиби пешниҳодии КМИР, раъйдиҳӣ аз соати 06:00 то 20:00 давом мекунад.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон, натиҷаҳои аввалияи интихоботи президентӣ як рӯз баъд аз интихобот эълон шуда, натиҷаҳои ниҳоӣ то 21-уми октябр дар нашрияҳои давлатӣ нашр мешавад.

Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шашуми август қарор қабул кард, ки интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор шавад. Ин муҳлат як моҳ пеш аз замони интихоботҳои гузашта аст. Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд.

Бархе аз аҳзоби мухолиф, аз ҷумла раҳбари ҲСДТ Раҳматилло Зоиров гуфт, ки қарори Маҷлиси Олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст. "Яъне як моҳ қабл аз анҷоми муҳлати ваколати президент ғайриқонунӣ аст, чун ҳамаи қонунгузориҳои интихоботиро ақиб меандозад",-гуфт Зоиров.

Аммо вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласи рӯзи 6-уми август гуфтаанд, ки ҳавои муносибтар дар моҳи октябр ва пешгирӣ аз хатари сирояти коронавируси нав, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, аз сабабҳои пеш аз анҷоми ваколатҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъйин кардани санаи интихобот аст.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил он замон интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG