Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИИТ номзадии Рустам Раҳматзодаро ба мақоми президенти Тоҷикистон пешбарӣ кард. ВИДЕО


Рустам Раҳматзода (Қудратов)

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки масъулонаш худро “мухолифи созанда” ва мунтақидон "тарафдори ҳукумат" меноманд, рӯзи 24-уми август номзадии роҳбари ҳизб Рустам Раҳматзода (Қудратов)-ро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ рӯзи душанбе аз кори ҳукумати кунунӣ ситоиш кард, аммо айни замон аз чанд камбуд ном буд, ки ба гуфтаи ӯ роҳи ҳаллашро дар барномаи худ пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, «мутахассисони ҷавон манзили зист надоранд ва бо маоше, ки мегиранд дар 20-30 соли оянда манзил харида наметавонанд. Андоз хеле вазнин аст. Барои ҷалби сармоя бояд фазои мусоиди дуруст кунем, ки маблағгузорони хориҷӣ биоянд.»

Раҳматзода бори аввал дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад, вале ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шуда, ҳоло узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумон аст. Дар интихоботи президентии солҳои 2006 ва 2013 раҳбари пешини ин ҳизб Олимҷон Бобоев иштирок карда, раъйи камтар ба даст оварда буд.

Ба ин тартиб, аз ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон то кунун номзадҳои Ҳизби аграрӣ, сотсиалистӣ, демократ ва ислоҳоти иқтисодӣ маълум шуданд. Ҳизби аграрӣ номзадии Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ номзадии Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҳизби демократ номзадии Саидҷаъфар Усмонзодаро пешниҳод карданд.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин номзадҳо ба хотири "пуррақобат" нишон додани интихобот дар Тоҷикистон вориди корзори сиёсӣ шудаанд. Иддаое, ки номзадҳо ва ҷонибдоронашон рад мекунанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Рустам Раҳматзода ба мақоми Президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Ба таъкиди коршиносони мустақил, дар интихоботи президентии моҳи октябр наметавон мунтазири «сюрприз» буд. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 24-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «натиҷаи интихобот муайян аст, чун ягон номзади алтернативӣ вориди майдон нашудааст».

Ба таъкиди ӯ, агар Ҳизби сотсиал-демократ дар интихобот ширкат кунад, рақобати воқеӣ ба вуҷуд меояд, бовар дорад, «баъд аз ҳодисаҳои Белорус ба гумон аст, ки ба иштироки номзади ҲСДТ дар интихобот иҷозат диҳанд».

«Ҳодисаҳои Белорус муносибати ҳукуматро ба мухолифин шояд каме дигар кунад. Акнун ба шахсоне, ки ба таври алтернативӣ дар интихобот ширкат хоҳанд кард, ҷиддӣ нигоҳ мекунанд. Мисли ин ки дар Белорус ба Тихановская он қадар таваҷҷуҳ накарданд, дар дигар кишварҳо ин хаторо такрор нахоҳанд кард», -- шарҳ дод Муллоҷонов.

Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳанӯз замони баргузории анҷумани худро эълон накардааст. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, 21-уми август гуфт, ҷонибдоронаш муқобили иштироки ҳизб дар интихоботи президентӣ ҳастанд.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Нозирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон баҳои мусбат додаанд, вале нозирони созмону кишварҳои ғарбӣ ин интихоботҳоро шаффофу демократӣ ва одилона эътироф накардаанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG