Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафарҳои президент дар аҳди коронавирус. Бо ҷалби садҳо ҷавон барои пешвози ӯ. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Даҳҳо нафар аз ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ барои истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба тамрин ҷалб шудаанд. Мақомот мегӯянд, эҳтимол президент моҳи сентябр ба ин ноҳия сафар кунад.

Моҳи апрели соли равон барои ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус маъракаҳои оммавӣ, раҳпаймоӣ ё маршировкаи ҷавононро дар Тоҷикистон манъ карданд. То кунун дар бораи иҷоза додани маъракаҳои оммавӣ эълони расмие нашудааст.

Видеои тамрин барои пешвози президент дар Мастчоҳ

Сафарҳои президент дар аҳди коронавирус. Бо ҷалби садҳо ҷавон барои пешвози ӯ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00

Самариддин, як ҷавон аз ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, чаҳор рӯз боз барои пешвози президент дар ҳавои гарм тамрин мекунанд. Ӯ афзуд: “Хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯёни коллеҷи ноҳияро овардаанд. Ҳар рӯз чор панҷ соат давом мекунад.”

Ҷалби ҷавонон барои чорабиниҳои фарҳангӣ, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад, солҳо боз маъмул аст.

"Пешвоз бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ сурат мегирад"

Охирин чунин барнома ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд дар моҳи март буд, ки садҳо донишҷӯ ва хонандаҳои мактабро барои иштирок дар он ҷалб карданд. Бо вуҷуди интиқодҳо, ки ин чорабинӣ метавонад сирояти сокинон ба коронавирусро афзоиш диҳад, ҷашнро оммавӣ таҷлил карданд.

Дар сафарҳои президент ба шаҳру ноҳия, ки тақрибан ҳамасола пайиҳам идома мекунад, аз моҳҳо пеш ҷавононро барои пешвозгирӣ бо дастҳо пеши бар, парчамафшонӣ ва рақсу бозӣ дар варзишгоҳҳои бузург омода мекунанд.

Азиззода Тоҳирҷон, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тамринҳо барои пешвози президент бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ сурат мегиранд, то аз эҳтимоли сирояти коронавируси нав пешгирӣ шавад.

Ӯ гуфт, феълан, ягон барномаи консертӣ дар назар нест ва ҷавонон барои пешвози президент дар назди биноҳои ҷашнӣ омода мешаванд.

Маъмулан дар чунин сафарҳо Эмомалӣ Раҳмон корхона, биноҳои маъмурӣ ва роҳҳу пулҳое, ки аксаран сокинону соҳибкорон сохтаанд, ба истифода медиҳад. Ӯ лентаи рамзии боз кардани корхонаро мебурад, ки духтарон ба назди ӯ меоранд. Гурӯҳи дигар маъмулан шеър мехонанд, ё рақс мекунанд ва ба президент мадҳу сано мегӯянд.

Интихобот ё ошноӣ бо зиндагии мардум?

Сафари имсолаи президент ба минтақаҳо пеш аз интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр ва дар шароите сурат мегирад, ки созмонҳои беҳдоштӣ аз дигарбора авҷ гирифтани сирояти коронавирус сӯҳбат мекунанд.

Як пизишки тоҷик бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд, дида мешавад, ки сокинон дар пешвозгириву вохӯриҳо ниқоби тиббӣ доранд, вале ин кафолати сироят наёфтани онҳоро дода наметавонад.

"Чун дар вақти омодагиҳо ба пешвози президент на ҳама ниқоб ба руй мекунанд. Дар мо шумораи сироятёбӣ коҳиш наёфтааст ва набояд як гуруҳ сокинон, ҳатто ниқоби тиббӣ ҳам дошта бошанд, аз чанд дақиқа бештар дар як ҷо ҷамъ шаванд.",-гуфт ӯ.

Шокирҷон Ҳакимов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо вуҷуде, ки хатари афзоиши сирояти беморӣ дар миён аст, вале Эмомалӣ Раҳмон фурсати таблиғи худ пеш аз интихоботи президентиро аз даст доданӣ нест.

“Бо баҳонаи шиносоӣ бо авзоъ сафар мекунанд, вале ҳадаф интихобот аст. Барои нигоҳ доштани обрӯ дар миёни мардум аз тарзу усулҳои гуногун истифода мекунанд, вале таъмини сиҳатии мардумро аз коронавирус ҷиддӣ намегиранд. Ин популизм аст. Барои ба ҳадаф расидан аз роҳи барои мардум зиёновар низ мераванд”- гуфт Шокирҷон Ҳакимов.

Интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистон як баранда дошт

Аз замони эълони истиқлол дар соли 1992 моҳи октябри имсол бори шашум аст, ки Тоҷикистон интихоботи президентӣ дорад. Интихобот дар ҳафт сол як бор баргузор мешавад ва як нафар ду бор ҳақ надорад, президент бимонад, вале Эмомалӣ Раҳмон бо тағйири конститутсия дар ҳамаи интихоботҳо пирӯзӣ ба даст овардааст. Нозирони ғарбӣ гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз ин интихоботҳо шаффофу одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои як интихоботи демократӣ набудааст. Кишварҳои шарики Тоҷикистон ва худи мақомот мегӯянд, интихобот бе қонуншиканҳои хурд, вале дар умум мутобиқ ба меъёру одилона ва шаффоф сурат гирифтаанд.

Расонаҳои давлатӣ пайваста аз сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат мекунанд ва вохӯриҳои ӯ бо мардумро намоиш медиҳанд. Коре, ки ба гуфтаи коршинсон, таблиғи пешазинтихоботӣ бо истифода аз абзору манобеъи давлат аст, ки ҳеҷ номзади дигар дар Тоҷикистон онро надорад.​

XS
SM
MD
LG