Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо фосилаи ҷисмонӣ. Нахустин сафари президент Раҳмон дар аҳди коронавирус


Боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун. 28 майи соли 2020
Боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун. 28 майи соли 2020

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои бори аввал пас аз эълони ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон, ба яке аз ноҳияҳои кишвар сафар кард. Вай охирҳои моҳи март ба Суғд сафар карда, дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат карда буд. Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел аз нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми май хабар дод, ки оқои Раҳмон субҳи имрӯз ба ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин)-и вилояти Хатлон рафтааст. Манбаъ ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмонро "шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодабарии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ" гуфтааст.

Дар силсилаи аксҳо дида мешавад, ки раҳбари Тоҷикистон аз боғу киштзорҳо дидан кардааст. Ба фарқ аз сафарҳои ҳамсони гузашта, ин бор зери қадамҳои ӯ қолин густарда нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла "бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуд. Ин ниҳодест, ки бо ташаббуси ӯ дар соли 2013 таъсис ёфта буд.

Дар идомаи хабар омадааст, ки президент бо фаъолияти Беморхонаи марказии ин иноҳия шинос шуда, бо табибон мулоқот кардааст. Дар ин диду боздидҳо фосилагирии ҷисмонӣ барои эҳтиёт аз COVID-19 риоя шудааст. Аммо гуфта ё дида намешавад, ки оё ӯ беморонро низ аёдат кард ё на. Дар шаҳри Душанбе низ ӯ танҳо аз бемористони навсохт дидан кард ва ба аёдати беморон дар чанд шифохонаи пойтахт иқдом накард.

Президент Раҳмон дар вохӯрӣ бо пизишкони ноҳияи Ҷайҳун аз ҷумла гуфтааст, "бо эълони вазъияти пандемия дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирӣ аз эпидемияи баамаломада, корҳои заруриро ба сомон расонид". Ин дар ҳолест, ки мунтақидон ҳукумати Тоҷикистонро ба пинҳон доштани сироят, сари вақт огоҳ накардани аҳолӣ, худдорӣ аз эълони карантини сартосарӣ ва тақсими кумакҳои башарии кишварҳои дигар аз номи худ муттаҳам мекунанд.

Раҳбари Тоҷикистон гуфт, манзураш, аз омодагӣ ба сироят, аз ҷумла муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҳҷизоти зарурӣ, таъмини табибон бо либосҳои вижаи муҳофизатӣ ва таъсиси беморхонаҳои муваққатии сироятӣ аст. Бо вуҷуди ин омодагиҳо табибон дар пойтахт ва ноҳияҳои гуногуни кишвар аз нарасидани дорувор ва василаҳои ҳифозатӣ шикоят мекунанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, либосу ниқоби ҳифозатиро бо пули худ харидаанд.

Сафари президент Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ҳоле ҷараён мегирад, ки як моҳи охир дар кишвар садҳо ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд ва мақомот мардумро ба эҳтиёкорӣ даъват мекунанд. Мақомот мегӯянд, муолиҷаи ин беморон ройгон аст, вале чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки чунин табобат аз ҳисоби хонаводаи беморон сурат гирифта, маблағҳои зиёдеро талаб мекунад.

Як мақоми ҳукумати шаҳри Бохтар низ гуфт, ки қарор аст онҳо президентро пешвоз гиранд ва як бинои фарҳангиро расман ифтитоҳ кунад, вале на мисли пешина бо чорабиниҳои серодам, балки дар ҳалқаи маҳдуди мансабдорон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ҷайҳун ба рушди иқтисод даъват кард ва танҳо як дафъа аз короновирус ёдрас шуд ва гуфт, он "боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, ҳалли масъалаҳои беҳтар кардани таъминоти муассисаҳои тандурустӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, омори гирифторӣ ва шифоёбии беморони COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта баробар буд. Ба иттилои Вазорат, дар 24 соати гузашта 158 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуда, ҳамин миқдор беморон шифо ёфтаанд.

Ба изофаи омори нав, шумори гирифторшудагон ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон акнун ба 3424 нафар расид. Ба иттилои мақомот, 1575 нафар аз беморон шифо ёфта, 47 нафар ҳам ҷон додаанд.

Ин омори расмӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери шубҳа гузошта мешавад ва бино бар як феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет, шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" то имрӯз 354 кас ҳисоб мешавад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия ва барӯз мекунанд, аммо мақомот онро қабул надоранд ва дастрасии аҳолӣ ба он дар Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст.

XS
SM
MD
LG