Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истифода аз шеваи истиқболи президент дар ифтитоҳи "Дорухонаи байторӣ". АКС


Аксҳо аз маросими ифтитоҳи "Дорухонаи байторӣ" (рӯзи 16-уми ноябр) дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сабаби танқиду масхараи мақомоти ноҳия шуд. Дар аксҳое, ки баъдан муаллифаш пок кард, вале онро дигар корбарон гирифта паҳн карданд, дида мешавад, чӣ гуна духтарон дар либоси баҳорӣ даст пеши бар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фотеҳ Аминзодаро пешвоз мегиранд. Баръакси духтарон, Аминзода ва ҳамроҳонаш либоси ғафс пӯшидаанд.

Корбарон бо дидани аксҳо рафтори мақомотро "ҷабр ба духтарон", "хушомадгӯӣ", "сирояти шахспарастӣ дар сатҳҳои поён" ва "тақлид ба раиси ҷумҳур" номиданд. Дар ҳукумати ноҳияи Темурмалик гуфтанд, ин кори хонандагон ихтиёрӣ буд ва "хушҳолии онҳоро аз ободкорӣ дар ноҳия нишон медиҳад".

Хилватшоҳи Маҳмуд, журналисти тоҷик, ин саҳнаро "ду бому ҳаво ва ин сӯ зимистон ва он сӯ тобистон" номид. Ӯ рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "вақте як соҳибкор дар мавзеи дурдаст корхона ё мағоза месозад, табиист, ки бояд дастгирӣ шавад ва аз ӯ ба некӣ ёд кунанд, вале на ба ин шева. Ин шеваи номақбул ва нохушоянд аст."

Зуҳрои Маҳмадсаид, раиси ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, ки "Дорухонаи байторӣ"-ро дар онҷо кушоданд, ба Радиои Озодӣ гуфт, "воқеан, он рӯз ҳаво сард буд ва худи ӯ либоси тирамоҳӣ дошт". Вай афзуд, духтарон дар ҳавои сард зиёд наистоданд ва пас аз адои маросим зуд либоси гармашонро пӯшиданд.

"Ҳаво абрӣ буд. Барои он ки либоси миллии духтарон дар навор хуб биояд, гуфтем, либосҳои зимистонаашонро муваққатан гиранд. Ин кор панҷ дақиқа давом карду бас," -- нақл кард ӯ. Ба қавли Зуҳрои Маҳмадсаид, дар маросими кушодани "Дорухонаи байторӣ" аз ду мактаб 30 духтар (хонандагони синфҳои 9 ва 11) иштирок кардаанд.

Самариддин Шарифов, соҳиби "Дорухонаи байторӣ” гуфт, дорухонаро барои истифодаи сокинони ноҳияи Балҷувон ва Темурмалик сохтааст. Дар дорухона маводи маҳви ҳашарот ва дору барои табобати чорво фурӯхта мешавад.

Соҳиби дорухона гуфт, як рӯз пеш аз кушодани бинои навсохт писарашро, ки бемории дил дорад, ба Душанбе бурда буд. "Ба ман занг заданд, ки баргардам ва дар маросими боз кардани дорухона иштирок кунам," -- гуфт ӯ.

Аксҳоро дар "Фейсбук" Аслиддини Айниддин, раиси идораи ҷавонони ноҳияи Темурмалик гузошт, аммо пас аз танқиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз саҳифааш пок кард.

Мавзӯи ҷалби кӯдакону наврасон ба маросим ва бо либосҳои тунук дар фаслҳои сард ҳангоми сафарҳои президент ба минтақаҳо солҳо боз вуҷуд дорад. Соли 2013 дар ноҳияи Фархор кӯдаки хурдсолеро, ки ба пешвози президент оварда буданд, бо лаҳни кӯдакона шикоят кард, "хунук хӯрдааст".

Эмомалӣ Раҳмон он замон гуфта буд, кӯдаконро набояд дар сардӣ ба пешвози ӯ биоранд, вале натанҳо ин ҳолат кам нашуд, балки зоҳиран дар ноҳияҳо ва дар сатҳҳои поин ҳам ба анъана даромадааст.

Соли гузашта Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд барои чунин шеваи пешвозгирӣ танқид шунид. Ӯро ҳам, ки дар сар кулоҳ ва дар тан либоси зимистона дошт, духтарон бо либосҳои тунук дар шаҳри Панҷакент истиқбол гирифтанд.

Як корбар зери аксҳои пешвози Фотеҳ Аминзода, раиси ноҳияи Темурмалик дар Фейсбук навиштааст, шояд аз ин пас кӯдакон "дар пешвозгириии раисони ҷамоат низ иштирок кунанд". Сунатулло Ҷонбобоев, яке аз корбарон гуфтааст, "кӯдакон ва ҷавононро аз банди намоишкориҳои сиёсиву маъмурӣ озод кунед. Бигзор, беҳтар таҳсил кунанд."

Масъулон барои кори кардаи худ далел пеш меоранд. Манзар Самадов, мудири мактаби рақами 16-и ноҳияи Темурмалик, ки хонандагонаш ҳангоми кушодани "Дорухонаи байторӣ" иштирок кардаанд, гуфт, "духтарон танҳо 10-15 дақиқа бо либоси тунук дар ҳавои хунук қарор доштанд. Либосҳояшон дар наздикӣ буд. Ҳаво сард буд. Диламон ба кӯдакон сӯхт, лекин гуфтем, тоқат кунед."

Салтанат Равшанова, мудири мактаби рақами 30-и ноҳияи Темурмалик мегӯяд, аз волидони кӯдакон барои иштироки онҳо дар ин маросим ризоят гирифта буданд. "Ягон мушкилӣ набуд. Бо чеҳраи гарм, дилу дидаи нарм, ободиҳоро дида, хунукиро ҳис ҳам намекунем," -- афзуд ӯ.

Хонандагон дар соати дарсӣ дар ифтитоҳи "Дорухонаи байторӣ" иштирок кардаанд. Волидони яке аз духтарон бе зикри номаш гуфт, онҳо ҳам аз ҷалби фарзандонашон ба чунин чорабиниҳо розӣ нестанд. "Духтарам ҳамон шаб каме таб кард. Шамол хӯрдааст. Як меҳмони хориҷӣ меояд, ба пешвоз мебаранд. Як кас аз ҷамоат мегузарад, ба пешвоз мебаранд. Гуфта будам, дигар наравад. Он рӯз дар хона набудам, ҳамсарам иҷозат додааст," -- гуфт падари яке аз духтарон.

Пешвози мансабдорон сол ба сол дар Тоҷикистон ба як маъракаи пурхарҷ табдил меёбад. Агар қаблан ин ба пешвози раиси ҷумҳур маҳдуд мешуд, зоҳиран раисони вилояту шаҳру ноҳияҳо низ намехоҳанд аз корвон қафо монанд. Истифодаи кӯдакон дар чунин маъракаҳои пешвозгирӣ ҳамеша мавриди интиқод қарор мегирад.

Мунтақидон чунин пешвозгириҳои бодабдабаро навъе аз шахспарастӣ медонанд. Вале мақомоти сатҳи олӣ онро кори мансабдорони маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар навбати худ кори ихтиёрии сокинон медонанд.

XS
SM
MD
LG