Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми ҳабси Алексей Навалнийро бе тағйир гузошт


Алексей Навалний пешвои мухолифони рус дар додгоҳ. Маскав. 21.02.2021
Алексей Навалний пешвои мухолифони рус дар додгоҳ. Маскав. 21.02.2021

Додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми пешвои мухолифон Алексей Навалнийро, бо айбномаи талафи маблағҳо бе тағйир гузошт, аммо муҳлати адои ҷазоро бо назардошти рӯзҳои пушти панҷара сипарӣ кардаи ӯ, 50 рӯз кам кард.

Рӯзи 20-уми феврал Навалний дар додгоҳ қарор дошт то ҳукми баҳсбарангезе, ки ҳамин моҳ дар нисбаташ содир шуд, бозбинӣ шавад. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки ҳукми рӯзи 2-уми февралро бе тағйир гузорад, чун ба таъкиди додситон аз зиндони шартӣ ба ҳабси воқеӣ тағйир додани ҳукми Навалний, қонунӣ буд. Мувофиқи ин ҳукм Навалиний ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудааст, аммо бо назардошти муҳлате, ки дар зиндон сипарӣ кардааст, ӯ бояд 2 солу 8 моҳро пушти панҷара гузаронад.

Вадим Кобзев вакили мудофеи Навалний мегӯяд, “бо назардошти ҳукми имрӯзаи додгоҳи Маскав, Навалний бояд 2 солу 6 моҳро дар зиндон сипарӣ кунад”. Навалний имрӯз ҳамчунон дар мурофеаи додгоҳии дигар- таҳқири ветерани Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ширкат карда ҳарфи ниҳоиро дар робита ба ин қазия гуфт.

XS
SM
MD
LG