Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии кайҳонии "Perseverance"-и Амрико дар Миррих нишаст


Киштиии кайҳонии "Perseverance" ба сайёраи Миррих расид. Расидани киштӣ дар сомонаи Оҷонси ҳавонавардии амрикоӣ (NASA) ба таври мустақим пахш шуд.

Миррихгарди амрикоӣ барои пайдо кардани осори ҳаёт дар Миррих ва овардани намунаи хоки он сайёра фиристода шудааст.

Нишасти киштӣ тақрибан ҳафт дақиқа идома кард. Ба маҳзи фуруд омадан киштӣ ба аксбардорӣ ва наворгирӣ шуруъ кард.

"Perseverance" моҳи июли соли гузашта ба сафари Миррих баромада буд. Дар доираи тарҳи "Миррих-2020" киштӣ наздики 700 рӯз дар Миррих мемонад.

Ибтидои моҳи феврали ҷорӣ дастгоҳи чинӣ ҳам ба наздики Миррих расид. Интизор меравад, киштӣ ё дастгоҳи чинӣ ҳам охири моҳи май дар Миррих нишинад. Олимони Чин мегӯянд, киштии чинӣ имкон хоҳад дод, ки шароити зиндагӣ дар Миррих омухта шавад.

Киштии кайҳонии арабии "Ал-Амал" ҳам ба фазои Миррих расид. Ҳадафи ин киштӣ - омӯзиши фазо, шароити иқлимӣ ва тағйирёбии фаслҳои сол унвон шудааст.

XS
SM
MD
LG