Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Узбекистон дар сафар ба Намангон аз маҳаллаҳо дидан мекунад


Шавкат Мирзиёев.
Шавкат Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон субҳи 18 феврал ба вилояти Намангони кишвараш рафт. Маркази матбуоти президент гуфт, ҳадафи асосӣ аз ин сафар - ошноӣ бо иҷрои дастурҳои президент, ошноӣ бо вазъи маҳаллаҳо унвон шудааст. Ҳамчунин Мирзиёев дар ин сафар аз корхонаҳои саноатӣ, тарҳҳои кишоварзӣ дидан мекунад.

Ду ҳафта пеш президенти Узбекистон баъди сафар ба як маҳалла дар вилояти Фарғона аз вазъи он ҷо интиқод ва ҳокими Фарғона, додситон, сардори раёсати корҳои дохилӣ ва роҳбари мақомоти андози шаҳрро сабукдӯш кард. Баъди ҳодисаи Фарғона, мақомоти Намангон фавран ба бартарафсозии камбудҳо пардохтанд.

XS
SM
MD
LG