Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигороне, ки эътирозҳои Минскро бозтоб доданд, зиндонӣ шуданд


Катерина Андреева ва Даря Чултсова хабарнигорони телевизиони Belsat
Катерина Андреева ва Даря Чултсова хабарнигорони телевизиони Belsat

Ду хабарнигори телевизиони моҳвораии Belsat, ки барои Беларус барномаҳо таҳия мекунад, барои пахши зиндаи гузоришҳо аз эътирозҳои Минск дар моҳи ноябр ҳар кадом ба ду соли зиндон маҳкум шуданд.

Наталя Буҳук, додраси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Минск ҳукм кард, ки хабарнигорон Катерина Андреева ва Даря Чултсова дар “ташкили маъракаи ҷамъиятие гунаҳгор ҳастанд, ки ҳадафаш ба ҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ буд” ва онҳоро ба ҳукми зиндон маҳкум намуд. Андреева ва Чултсова дар охирин суханашон дар додгоҳ ҳама иттиҳоми зидди худро рад карда додгоҳро дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд. Андерева инчунин талаб кард, ки ӯву Чултсова ва “дигар зиндониҳои сиёсӣ дар Беларус билофосила озод шаванд”.

Журналистон 15 ноябр дастгир шуданд. Ин замоне буд, ки хабарнигорон намоиши эътирозӣ ба хотири Роман Бондаренкоро пӯшиш медоданд. Бондаренко, ки дар намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои Александр Лукашенко иштирок мекард, мавриди латукӯби шадиди ходимони амниятии ниқобпӯш қарор гирифт ва дар натиҷа, бар асари захмҳои сангини гирифтааш даргузашт. Хабарнигорон дар додгоҳ гуфтанд, ки кори ғайриқонуние накарданд, танҳо вазифаҳои касбии худро иҷро карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Андреева ва Чултсоваро зиндониҳои сиёсӣ номида талаб карданд, ки билофосила озод ва тамоми иттиҳомоти зидди онҳо ҳам бекор шавад.

Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии 9 августи соли 2020 дар Беларус номида шуд. Вале ба натиҷаҳои расмии интихобот бисёриҳо дар Беларус бовар надоранд ва аз замони эълони расмии барандаи интихобот, дар саросари кишвар намоишҳои эътирозӣ идома дорад. Талаби онҳо истеъфои раҳбари худкома ва даъвати интихоботи нав дар кишвар мебошад. Посухи ҳукумат ба эътирозҳо сахту сангин буд: намоишҳои эътирозӣ бо шеваи бераҳмона саркӯб шуд ва ҳазорҳо нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки дар боздоштгоҳҳо садҳо нафар шиканҷа шуданд. Дар миёни боздоштшудаҳо даҳҳо журналистон ва раҳбарони мухолифон ҳам мебошанд. Бархе раҳбарони мухолифон ба хориҷа рафтанд. Дар паи саркӯби эътирозгарон чанд нафар кушта шуд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтанд, ки бархе боздоштшудаҳо аз шиканҷаҳои шадид даргузаштанд. Худи Лукашенко гуфтааст, ки ҳеҷ кори ғайриқонуние нашудааст ва то ҳол омода нашуд, ки бо мухолифон мулоқот ва ба талабҳои онҳо гӯш кунад. Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Канада ва дигар кишварҳо гуфтанд, ки пирӯзии Лукашенкои 66-соларо дар интихобот эътироф намекунанд ва нисбати ӯву чандин мақомдори баландпояи Беларус барои тақаллуби натиҷаҳои интихобот ва саркӯби эътирозгарон таҳрим ҷорӣ карданд.

Созмонҳои ҳомии озодии баён мегӯянд, хабарнигорон дар Белорус ба фишорҳои давомдор ва озору азияти шадидтарин рӯбарӯ шудаанд, ки дар давоми 30 соли фаъолияти худ дар дохили ин кишвар ба он мувоҷеҳ набудаанд. Дастикам 17 хабарнигор, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд, ба шумули панҷ хабарнигори бахши белорусии Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми августи соли 2020 аз иҷозатномаи кор маҳрум шуданд. Дар оғози моҳи август панҷ хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба далели дарёфт накардани аккредитатсия аз Белорус ихроҷ шуданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG