Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Вашингтон табодули зиндониёнро баррасӣ мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вакили мудофеи Пол Уилан, низомии пешини амрикоӣ ба хабаргузории "Reuters" гуфтааст, ки Русияву ИМА имкони табодули зиндониёнро баррасӣ доранд.

Ба гуфтаи Владимир Жеребёнков, вакили мудофеи Уилан, гуфтугуҳо ташаббуси ҳукумати нави ИМА ҳастанд.

Пол Уилан моҳи декабри соли 2018 дар Москва боздошт шуд. Ӯро бо айби ҷосусӣ зидди Русия 16 сол зиндонӣ карданд. ИМА борҳо озодии ӯро талаб кард.

Ба гуфтаи Жеребёнков, гуфтугуҳо оид ба табодули зиндониён дар ду-се моҳи оянда натиҷа хоҳанд дод. Жеребенков намедонад, ки оё ин гуфтугуҳо ба табодули Тревор Рид ҳам анҷом хоҳанд шуд ё на. Тревор Рид бо айби "ҳамла ба пулис" моҳи июли соли гузашта боздошт ва 9 сол зиндонӣ шуд.

Дар Вашингтон муҳокимаи Ридро дар Русия "театри ҳазён" унвон карданд.

Эҳтимол меравад, ки Москва дар ивази Пол Уилан ва Тревор Рид шаҳрвандони Русия Виктор Бут ва Константин Ярошенкоро аз ИМА талаб кунад. Бут ва Ярошенко бо айби "тиҷорати маводи мухаддир" дар ИМА зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG