Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, ки соли гузашта 300 ҷасадро ба Тоҷикистон оварданд


Солона аз Русия садҳо ҷасади муҳоҷиронро меоранд.

Вазири умури хориҷӣ эълон кард, ки соли гузашта 300 ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистонро аз хориҷа ба кишвар интиқол доданд. Сироҷиддини Муҳриддин рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, ин афрод дар натиҷаи тасодуф ва дигар ҳодисаҳо фавтидаанд.

Ӯ афзуд, ки мақомоти вазорати умури хориҷӣ мусоидат кардаанд, то бо вуҷуди маҳдудиятҳои рафтуомад, ин ҷасадҳо аксаран аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуданд. Дар байни онҳо қурбониёни бемории СОVID-19 низ будаанд. Ба қавли вазир, дар соли гузашта бо вуҷуди пандемияи СОVID-19 ҳазорон мусофиру муҳоҷири дармонда дар хориҷаро ба кишвар баргардондаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар як соли гузашта аз хориҷа ба Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 6 ҳазор нафарашон бо роҳҳои заминӣ интиқол дода шуданд.

Дар рӯзҳои аввали бастани марзҳо, садҳо муҳоҷири тоҷик бахусус дар фурудгоҳҳои Русия монданд ва ҳукумати Тоҷикистонро сахт танқид мекарданд, ки натавонистааст, саривақт ба доди онҳо бирасаду ба Душанбе баргардонад.

XS
SM
MD
LG