Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як ҳафта се бор раиси шаҳри Бишкек нав шуд. ВИДЕО


Бинои ҳукумати шаҳри Бишкек
Бинои ҳукумати шаҳри Бишкек

Ин ҳафта пойтахти Қирғизистон якбора се шаҳрдорро иваз кард. Балбак Тулобоев дар ин вазифа чанд моҳ кор карда, бо сабаби вазъи саломатияш аз мансаб рафт. Эрмек Нурғозиев, ки ӯро иваз карда буд, дар курсии шаҳрдорӣ камтар аз як рӯз нишаст. Тасмими барканории Нурғозиев ба таври фаврӣ ва дар пасманзари норозигии сокинон гирифта шуд.

Норозиён гуфт, як сол пеш, вақте Нурғозиев соҳибкор буд, зани ҳомилаеро задааст ва ӯ тифли батнашро аз даст додааст. Навори латукӯби зан ва вокунишҳои хашмолуди корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашт ва шаҳрдор маҷбур шуд, аз кор биравад.

Рӯзи 12-уми феврал маълум шуд, ки собиқ раиси вилояти Чуйро раиси шаҳри Бишкек мондаанд. Бахтибек Худойберганов ба фарқ аз ҳамтои пешинааш ба ин мақом бе ягон сару садо омад.

Ягона коре, ки шаҳрдори тозатаъин анҷом дод, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сокинон муроҷиат кард ва ваъда дод, ба муқобили коронавирус дар пойтахт мубориза мебарад, технологияҳои навро ҷорӣ мекунад ва нақлиёти ҷамъиятиро бо сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ безарар таъмин менамояд.

Дар айни замон ҷаҳиши кадрӣ дар шаҳрдории Бишкек ҳатто порлумони ҷумҳуриро ба хашм овард. Яке аз вакилон таъиноти охирро ба курсии шаҳрдорӣ ғайриқонунӣ донист.

Кенҷабек Бокоев, вакили порлумони Қирғизистон, гуфт, "тибқи қонун, баъд аз истеъфои шаҳрдор иҷрои вазифаҳои ӯ ба дӯши муовини аввалаш вогузор мешавад. Агар ҷонишини аввал набошад, пас, муовини шаҳрдор ба таври муввақатӣ ин вазифаро анҷом медиҳад. Дар қонун чунин омадааст. Ба нахуствазир лозим нест, ки ҳар рӯз касеро таъйин кунад."

Дар ҳамин ҳол, мири нави шаҳри Бишкекро мухолифонаш дар назди бинои шаҳрдорӣ бо эътироз пешвоз гирифтанд. Бек Масаев, яке аз иштирокдорони тазоҳурот, гуфт, "бояд як шаҳрдори арзандаро интихоб кард, на ин масхарабозҳоро, ки имрӯз ҳастанду фардо – не. Шаҳрдор 58-сола аст. Ман 63 сол дорам ва мефаҳмам, ки дар ин син шахс бояд ба нафақа биравад. Бояд ҷавонон кор кунанд."

Ҳамзамон эътирозгарон дар бораи ҷанҷоли кӯҳнае бо иштироки мири нав ёдовар шуданд. Ба иддаои онҳо, хонаводаи раиси шаҳр як қисми замини каси дигарро ғасб карда, хона сохтааст. Тамоми ин муддат дар баҳс бо Худойберганов шаҳрдорӣ низ ширкат доштааст. Ҳоло бармеояд, ки шаҳрдорӣ раҳбари худро ба додгоҳ мекашад.

Шарҳи бештар дар ин навори видеоӣ аст:

Дар се рӯз се шаҳрдори Бишкек иваз шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

XS
SM
MD
LG