Дар Узбекистон аз 1-уми январи соли 2023 дар ҳама идораҳои давлатӣ таҷрибаи истифодаи алифбои узбекӣ дар асоси хатти лотинӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Ба иттилои Вазорати адлияи он кишвар, 10-уми феврал ҳукумати Узбекистон дар ин маврид қарор қабул кардааст. Ба ҷуз ин, тартиби марҳила ба марҳила гузаштан ба алифбои лотинӣ муайян шудааст.
Дар тартиби гузаштан ба алифбои лотинӣ гуфта шудааст, ки намои сомонаҳои расмӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ҷойномҳо, номи кӯчаҳо, номи муассисаҳо, таблиғот ва ғайра низ ба хатти лотинӣ баргардон хоҳанд шуд.