Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон


Идораи зилзилашиносии Тоҷикистон гуфт, соати даҳи шаби 12-уми феврал дар ҳудуди кишвар заминларза рух дод. Ба иттилои манбаъ, шиддати заминларза дар Душанбе ба 2-3 дараҷаи Рихтер баробар буд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар паёме дар Фейсбук навишт, талафоту хисороте нест. Ба қавли ӯ, маркази зилзила дар 420-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 35 километр дур аз ноҳияи Мурғоб, дар қаламрави Чин, рух додааст. Шиддати заминларза дар маркази он 5-6 дараҷаи Рихтер будааст.

Дар моҳи январи имсол дар Тоҷикистон чанд дафъа заминларзаи сахт рӯй дод.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла, моҳи июли соли 2020 наздик ба 60 хонаи сокинони чаҳор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

XS
SM
MD
LG