Президент Ҷо Байден гуфт, ки ИМА захираҳои кофии воксинаро барои эмкунии ҳар як инсони калонсоли кишвар то моҳи июли соли ҷорӣ фармоиш додаанд, вале, ба гуфтаи ӯ, таъхир дар таъминот то ҳол дастрасии саривақии аҳолиро ба ин мавод мушкил мекунад. Байден рӯзи 11 феврал зимни суханронӣ дар Пажӯҳишгоҳи сиҳҳатии миллӣ дар беруни Вашингтон гуфт, маъмурияти ӯ барои харидории 100 миллион донаӣ воксинаи ширкатҳои Pfizer ва Moderna мувофиқа ҳосил кардааст. Ӯ гуфт, то охири моҳи июл имкони таъмини 300 миллион аҳолии Амрико бо воксина даст медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, баъди чандин моҳи маҳдудиятҳо дар бархе кишварҳои Аврупо ҳолатҳои олудашавӣ ба COVID-19 коҳиш ёфтааст. Вале Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор дод, ки ҳукуматҳои ин минтақа аз паи сабук кардани босуръати ҳама соҳаҳо нашаванд. Бо вуҷуди ҳушорҳои СҶТ, парлумони Ҷумҳурии Чех рӯзи 11-уми феврал нахост ҳолати изтирориро баъди анҷоми мӯҳлати кунунӣ тамдид кунад.