Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Комиссиюни Аврупо гуфт, дар иҷрои стратегияи зидди коронавирус "иштибоҳ роҳ ёфт"


10 феврал, Парлумони Аврупо. Дар акс: президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен
10 феврал, Парлумони Аврупо. Дар акс: президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен

Дар пасманзари интиқодро аз шеваи бархӯрди мақомоти аврупоӣ бо бӯҳрони коронавирус, президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен эътироф кард, ки дар стратегияи босуръат таъмин кардани сокинони Иттиҳоди Аврупо, ки 447 миллион аҳолӣ дорад, ба иштибоҳ роҳ доданд. Зимни суханронӣ дар Парлумони Аврупо рӯзи 10-уми феврал ӯ гуфт: “Мо ҳанӯз ҳам ба он марҳилае, ки мебояд мерасидем, нарасидем. Мо дар тасдиқи (воксинаҳо) дер кардем. Вақте истеҳсол шурӯъ шуд, мо аз ҳад беш хушбин будем ва аз ҳад зиёд ба худ боварӣ доштем, ки он чи ки фармоиш додем, сари вақт дастрас мешавад”. Дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо шумори талафот бар асари коронавирус аз 500 ҳазор нафар гузаштааст ва Комиссиюни Аврупо барои нақшаи кашидааш дар заминаи тақсими воскинаҳо мавриди интиқод қарор гирифт. Ин ниҳод ҳуқуқ дорад ба ҷои ҳама кишварҳои узв дар заминаи харидории воксинаҳо музокира кунад.

XS
SM
MD
LG