Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессори эронӣ барои “ҳамкорӣ бо кишвари душман” ба зиндон рафт


Муҳаммад Мақиса, додраси додгоҳи инқилоби исломии шаҳри Теҳрон
Муҳаммад Мақиса, додраси додгоҳи инқилоби исломии шаҳри Теҳрон

Додгоҳи инқилоби исломии Эрон як профессори ҳуқуқро бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо кишвари душман” ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар дар ИМА (HRANA) рӯзи 8-уми феврал гузориш дод, ки Ризо Исломӣ, профессорӣ донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии Теҳрон инчунин аз ҳақи таълим ва тарки кишвар ҳам маҳрум шуд. Ҳукми додгоҳи 15-уми Теҳронро қозӣ Абдулқосим Салавотӣ содир кард, ки соли 2019 ҳамчун додраси содиркунандаи ҳукмҳои сангин нисбати журналистон, фаъолон ва дигарҳо ба феҳристи таҳримшудаҳои ИМА ворид шуд.

Исломӣ шаҳрвандии дугонаи Эрону Канадаро дорад ва хатмкардаи донишгоҳи McGill-и Канада мебошад. HRANA хабар дод, ки ӯ моҳи маи порсол бо иттиҳоми “ҳамкорӣ бо кишвари душман аз роҳи ширкат дар тренинге дар Ҷумҳурии Чех” боздошт шуд. Худи Исломӣ ин иттиҳомотро бепояву асос номида, дар як баёнияи аудиоиаш аз дохили зиндон гуфтааст, ки корҳои таҳқиқотии ӯ ҳам “орӣ аз масоили сиёсӣ, амниятӣ ва равобити хориҷӣ” мебошад. Бар асоси парвандаи мазкур дар маҷмӯъ 15 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 14 нафарашон аз иттиҳоми ҳамкорӣ бо ИМА озод шуданд. Афроди наздик ба профессор Исломӣ гуфтанд, ки тренинг дар Ҷумҳурии Чех аз ҷониби созмони ғайридавлатие ташкил шуд, ки бо пули ИМА кор мекунад. Ба гуфтаи онҳо, профессор Исломӣ, омӯзгори масоили ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун, бо ҳеҷ нафаре аз маъмурияти ИМА дар тамос набудааст.

Дар давраи раёсарҷумҳурии Доналд Трамп дар Амрико, таниш дар равобити

Теҳрону Вашингтон боло гирифт, чун ӯ маъракаи “фишори ҳадди аксар” болои Эронро роҳандозӣ кард.

Дар солҳои охир дар Эрон чандин донишманд ва нафарони дорои душаҳрвандӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Яке аз онҳо Фарибо Одилхоҳ аст, ки шаҳрвандии Эрону Фароснаро дорад ва июни соли 2019 боздошт шуда, моҳи октябр муваққатан аз зиндон таътил шуд.

XS
SM
MD
LG