Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Шӯрое бармегардад, ки борҳо Тоҷикистонро танқид кардааст


Яке аз нишастҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал
Яке аз нишастҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал

Як намояндаи Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида баъд аз ду соли он ки ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳидро оид ба ҳуқуқи башар тарк кард, дубора ҳамчун нозир бармегардад.

Марк Кассайре, фиристодаи Амрико, дар Шӯрои ҳуқуқи башар, воқеъ дар Женева, рӯзи 8-уми феврал гуфт: "Мо баъзе аз норасоиҳои кори шӯроро ба эътибор гирифтем, вале айни замон дарк мекунем, ки ин минбар барои мубориза бо истибдоду ноадолатиҳо дар саросари ҷаҳон хеле муҳим аст."

Бозгашт ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал яке аз иқдомҳои президент Ҷо Байден аст, ки қарорҳои раиси ҷумҳури пешин Доналд Трампро дар бораи хориҷ шудан аз чанд созмони байналмилалӣ ва аҳдномаҳо бозбинӣ мекунад.

Кассайре гуфт, "маъмурияти Байден ба сиёсати хориҷии бунёдшуда бар асоси демократия, ҳуқуқи башар ва баробарӣ эътимод дорад". Вай афзуд, "истифодаи муассири васоили бисёрҷониба як ҷузъи муҳими ин дидгоҳҳо мебошад."

Маъмурияти собиқи Кохи Сафед моҳи июни соли 2018 бо иттиҳоми ин ки Шӯрои ҳуқуқи башар нисбат ба Исроил гуё мунсифона амал намекунад, курсии худро дар созмон тарк кард. Норизоятии дигари Иёлоти Муттаҳида ин буд, ки Шӯрои ҳуқуқи башар талаботи Вашингтонро дар заминаи ислоҳот иҷро накард ва "ба чанд кишвари худкома ҳаққи узвият дод".

Дар миёни кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Чин, Куба, Русия ва Венесуэла низ ҳастанд, ки ҳар яке аз онҳо барои поймолшавии дағалонаи ҳуқуқи башар дар кишварашон танқид мешаванд.

Феълан Амрико дар ин Шӯро ҳуқуқи нозири бидуни ҳаққи овозро хоҳад дошт, вале баъзе мансабдорони амрикоӣ гуфтанд, Иёлоти Муттаҳида талош хоҳад кард, яке аз курсиҳои холишудаи аъзои комилҳуқуқи ниҳодро ба даст оварад. Муҳлати кунунии узвияти Австрия, Дания ва Итолиё дар поёни имсол ба охир мерасад.

Овоздиҳии ниҳоӣ барои қабули аъзои комилҳуқуқ дар Маҷмаи кулли СММ тирамоҳи ҳар сол баргузор мешавад ва кишварҳо барои се сол ҳаққи узвиятро ба даст меоранд.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ниҳоди муҳими нозири риоя шудани ҳуқуқи одамон дар кишварҳои узв мебошад ва дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо масоили доғу ҳассосро матраҳ мекунад.

Ин созмон, ки бо Тоҷикистон ҳам кор мекунад, дар гузашта аз ҳабсҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ, шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониён, ҳукмҳои тӯлонии дигарандешону фаъолон интиқод карда, иҷрои тааҳҳудоти байналмилалиро тақозо кардааст. Бо ин ки Тоҷикистон на ҳама талаботи ин ниҳод, ба мисли озод кардани чеҳраҳои сиёсиро иҷро кард, ҳама гуна танқидҳову таҳқиқоти коршиносони он мояи нороҳативу ҳушдор барои мақомот мебошад.

XS
SM
MD
LG