Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафари аввал кист: президент ё пешво? Баҳсе, ки баъд аз нишасти Тошканд доғ шуд


Нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд. 29-уми ноябри соли 2019

Дар нишасти президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 29-уми ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, Қазоқистонро на президенти ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев, балки раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев намояндагӣ кард. Назарбоев моҳи марти имсол аз мақоми президенти Қазоқистон истеъфо дод ва расман раиси Шӯрои амнияти кишвараш аст. Казбек Бейсебаев, дипломати собиқ, мегӯяд, иштироки Нурсултон Назарбоев дар вохӯрӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ суолҳоеро дар бораи нақш ва мақоми президенти собиқ ва таъсири ӯ ба ҳукумат ба вуҷуд овардааст.

Дар рӯзе, ки Нурсултон Назарбоев бо президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сари як миз нишаста, масъалаи минтақа ва вазъи ҷаҳонро баррасӣ мекард, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон (Остонаи собиқ) бо намояндагони тиҷоратии Фаронса мулоқот дошт.

Расонаҳои Узбекистон Назарбоевро ҳамчун "президенти нахустини Қазоқистон", "Элбаси" ва ё пешвои миллат муаррифӣ карданд. Ӯ дар фурудгоҳ нахуствазири Узбекистон Абдулло Орифов пешвоз гирифт ва дар Тошканд барояш унвони фахрӣ – раиси ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро доданд.

Ним сол пеш Нурсултон Назарбоев роҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, як созмони зери назари Русия шуда буд, ки Арманистону Беларус ва Қирғизистонро дар бар мегирад. Баъди истеъфо додан аз мақоми президенти Қазоқистон дар моҳи марти имсол, ба Назарбоев унвони "Сенати фахрӣ"-ро доданд ва раиси ҷумҳури пешин ин нишонро аз дасти духтараш гирифт, ки ҳоло роҳбари палатаи болоии порлумони Қазоқистон аст.


Сарфи назар аз истеъфо, Назарбоев дар ҳаёти сиёсии Қазоқистон иштироки фаъол дорад. Президенти пешини 79-сола роҳбари доимии Шӯрои амнияти Қазоқистон аст, ки раиси ҷумҳур мақомҳои калидиро дар мувофиқа ба он таъйин мекунад.

Ӯ роҳбари ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва роҳбари доимии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон низ ҳаст, ки 9 вакили палатаи поёнии порлумонро интихоб мекунад. Назарбоев дар дафтари худ шахсони мансабдори баландпояро қабул мекунад ва ҷаласаҳои Бунёди “Самрук-Казина”-ро мегузаронад, ки ҳамаи ширкатҳои миллиро муттаҳид мекунад. Вай дар сиёсати дохилӣ иштироки фаъол дорад ва дар сафарҳои хориҷӣ низ ӯро мансабдорони ҳукуматӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар миёнаи моҳи октябри имсол Назарбоев дар нишасти Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар пойтахти Озарбойҷон иштирок кард.

21-уми октябр ба маросими тоҷгузории шоҳи нави Ҷопон Нарухито рафт. Дар ҷараёни сафар ба Ҷопон бо раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский дидор кард ва пешниҳод кард, ки метавонад мулоқоти ӯро бо Владимир Путин дар Қазоқистон ташкил кунад. Ин мулоқот, ба гуфтаи Назарбоев, ба хотири баррасии вазъи Донбасс аст. Зоҳиран ин ташаббус дастгирӣ наёфт.

Иштироки Нурсултон Назарбоев дар вохӯрии расмии президентҳои кишварҳои дигар чӣ маъно дорад? Барои чӣ ба нишасти Тошканд на Тоқаев, балки Назарбоев рафт? Ӯ бо намояндагии расмӣ аз Қазоқистон чӣ паёме ба атрофиён ва ҷаҳон дод?

Дипломати собиқ Казбек Бейсебаев дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси Конситутсияи Қазоқистон мақоми олии ҳокимият ва муайянкунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар танҳо як нафар аст, ки он ҳам раиси ҷумҳури Қазоқистон аст. Дар масъалаҳои хориҷӣ бо иҷозаи президент танҳо вазири корҳои хориҷӣ метавонад машғул шавад.

"Иштироки раиси Шӯрои амният Назарбоев дар нишасти роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъияти номафҳумро ба миён овард. Дар ҳоле ки дар баробари Назарбоев дар ин нишаст вазири корҳои хориҷӣ низ иштирок дорад. Ин чунин маъно дорад, ки вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Назарбоевро ҳамчун президент мешуморад. Узбекистон ӯро дар сатҳи зарурӣ пешвоз мегирад ва барои қабули ӯ нахуствазири худро ба фурудгоҳ мефиристад", -- шарҳ дод дипломати собиқ.

Ӯ дар ҷавоб ба суоли онки мумкин аст қонун "Дар бораи президенти нахустини Қазоқистон" ба Назарбоев чунин салоҳиятро додааст, гуфт, "чунин салоҳият нест. Шӯрои амният наметавонад бевосита ба сиёсати хориҷӣ машғул шавад."

"Ба ин монанд вазъият баъд аз марги Сталин рух дода буд. Он замон Георгий Маленков ҳукуматро раҳбарӣ мекард ва Никита Хрушев котиби аввали Ҳизби коммунист буд. Байни онҳо мубориза барои қудрат ҷараён дошт. Як замон ҳарду ба Деҳлӣ рафтанд. Дар Ҳиндустон надонистанд, ки кадоме аз онҳоро ба ҳайси нафари аввали Шӯравӣ бипазиранд. Ҳоло маълум нест, Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Тоқаев ва ё Назарбоевро ба ҳайси шахси аввали кишвар муаррифӣ мекунад. Ҳарчанд аз сафари Назарбоев ба Тошканд маълум шуд, ки ӯ нафари якум аст. Дар дохил баҳсҳо дар бораи дуҳокимиятӣ имконпазир аст, вале дар хориҷа дарҳол мушаххас мекунанд, ки шахси аввал кист ва бояд бо кӣ музокира кард", -- афзуд ӯ.

Давраи озмоиши намунае, ки дар он сардори давлат зери раҳбарии пешвои миллат кор мекунад, чизи наве дар таърихи минтақа аст ва, зоҳиран, осон намегузарад. Пас аз татбиқи ин намуна коршиносони Қазоқистон аз дуҳокимиятӣ суҳбат карданд, аммо Назарбоев қаблан дар мусоҳибааш ин ақидаро рад кард ва гуфт, "ин сарусадоро нафароне эҷод мекунанд, ки оромиро намехоҳанд".

Зимнан, ҳоло ки ҷомеаи Қазоқистон, хусусан дар фазои иттилоотӣ дар мавриди пазириш ва устувории шакли мавҷуди мудирият баҳс мекунанд, Тоҷикистон ба он лаҳзаи таърихие наздик мешавад, ки дар он сарнавишти минбаъдаи режими сиёсӣ ҳал хоҳад шуд. Дар кишвар аллакай соли оянда интихоботи порлумонӣ ва пас он президентӣ баргузор мешавад.

Коршиносон бо такя ба шароити сиёсӣ таъкид мекунанд, ки давлат ё модели қазоқиро интихоб мекунад ё бояд кадом як модели дигарро бисозад. Душанбе соли 2016 қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро пазируфт. Баъд аз шаш соли тарҳи ба ин монанд, ки порлумони Қазоқистон дар соли 2010 қабул карда буд.

Гузашта аз ин, Қазоқистону Тоҷикистон ба андешаи коршиносони ғарбӣ ва таҳлилгарон кишварҳои худкомае ба шумор мераванд, ки ҳамеша ҳуқуқи башар нақз мешавад. Ҳеч кадоме аз интихоботи президентии ин кишварҳо аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ шаффоф ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилаӣ эътироф нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG