Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки то моҳи сентябр даст ёфтан ба масунияти куллӣ дар кишвар “бисёр душвор” хоҳад буд. Байден дар сӯҳбат бо CBS News рӯзи 7-уми феврал гуфт, “дастёбӣ ба ин ҳадаф ва то охири тобистон таъмин кардани масунияти сартосарӣ бисёр душвор мешавад”. Масунияти дастаҷамъӣ ё куллӣ ин аст, ки қисмати калони аҳолӣ аз роҳи як дафъа сироят ёфтан ваё эмкунӣ дар муқобили вирусе устувор ва муқовиматпазир мешавад. Донишмандон мегӯянд, ки дар сурати масунияти дастикам 75 дарсади аҳолии як кишвар имкон дорад, ки аҳолӣ аз вирус ҳимоят карда шавад. Байден гуфт, ки як қисми мушкилот ба нокифоягии шумори воксинаҳо ва таъминот бо маводи зарурии тиббӣ рабт дорад.