Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон манзилҳоеро, ки "ғайриқонунӣ сохта шудаанд", афв мекунанд


Раиси Кумитаи замин дар Тоҷикистон гуфт, д ар назар аст, манзилҳое, ки дар гузашта, ба қавли ӯ, "ғайриқонунӣ сохта шудаанд", имсол афв шаванд.

Мақомот мегӯянд, ҳазорҳо сокини кишвар солҳо боз дар хонаҳои бидуни ҳуҷҷати расмӣ зиндагӣ доранд. Сокинон мегӯянд, санади манзилашонро аз сӯи ниҳодҳои маҳаллӣ гирифтаанд, вале бо ин вуҷуд, бо далели ғайриқонунӣ будани сохтмон дар ҷамоатҳо сабт нашудаанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ, рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз нигаронии сокинон огоҳӣ доранд ва дар назар аст чунин манзилҳо афв шаванд.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми январ дар паёмаш ба порлумон ба ҳукумат дастур дод, барои эълони чунин афв заминаҳои меъёриву ҳуқуқиро фароҳам намояд. Ҳадаф аз эълони афви амволи ва дигар намуди сарватҳо, расман "фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ" гуфта шуд.

Дар Тоҷикистон дар 30 соли истиқлол танҳо як бор афви дороиҳо эълон шуд, вале кишварҳои пешрафта дар ин муддат чандин бор чунин маърака баргузор намуданд. Раиси Кумитаи замин мегӯяд, барои таҳияи санадҳо ва муайян намудани манзилҳои ғайриқонунӣ корро шурӯъ кардаанд.

Тоҷикистон соли 2007 афви молу амвол доир карда буд. Мақомот он замон мегуфтанд, кишвар ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, хусусигардонии корхонаву дигар амвол дар шароити бесуботӣ ҷараён гирифт ва зарурати афви дороиҳо пеш омад.

Афви дороиҳо ба сарвате дахл дорад, ки қонунмандии он тасдиқ нашудааст. Ҳадаф ин буд, ки моликон бе хавфи он, ки мақомот сарчашмаи ин дороиҳоро суроғ кунанд, онҳоро расман сабти ном кунанд ва ба маҷрои қонунӣ ворид шаванд.

XS
SM
MD
LG