Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳни нав дар сиёсати хориҷии Амрико


Ҷо Байден, президенти ИМА
Ҷо Байден, президенти ИМА

Президенти ИМА ҷо Байден ваъда дод, ки дар сиёсати хориҷии кишвар аҳди нав фаро расидааст ва паёми он “Бозгашти Амрико” аст, ки, аз ҷумла, муқобила бо “худкомагиҳо”-и Чину Русия ва наздикшавӣ бо муттафиқонро дар назар мегирад. Зимни суханронии 4-уми февралаш Байден гуфт, ки баъди чор соли маъмурияти Доналд Трамп дар сиёсати хориҷӣ тағйироти ҷорӣ карда, дубора нақши пешбарандаи ИМА дар арсаи байналмилалиро барқарор хоҳад кард. Байден, аз ҷумла, гуфт, ки ИМА барои ҳимоят аз манфиатҳои худ ва мардумаш дар баробари Русия истиҳола намекунад. Зимни муроҷиат ба Чин ӯ гуфт, Пекин “як рақиби ҷиддитарини мо аст” ва ИМА ба чолишҳое, ки ба шукуфоӣ, амниятӣ ва арзишҳои демократиаш таҳдид мекунад, муқовимат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG