Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав интиқодҳои Ғарб аз зиндонӣ шудани Навалнийро ҳамоно рад мекунад


Хешовандони боздоштшудаҳо пушти дарҳои Маркази боздошти муваққатии "Сахарово". 4 феврал, Маскав
Хешовандони боздоштшудаҳо пушти дарҳои Маркази боздошти муваққатии "Сахарово". 4 феврал, Маскав

Дар остонаи суханронии мақомдори калони Иттиҳоди Аврупо дар Маскав, Русия ҳамоно интиқодҳо аз зиндонӣ шудани сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва саркӯби ҳазорҳо эътирозгарро рад мекунад. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррелл 4-ми феврал сафари серӯзааш ба Маскавро шурӯъ мекунад ва ин сафар дар пасманзари интиқодҳои Ғарб аз ҳукми Навалний ва тарзи бархӯрд бо эътирозгарон баргузор мешавад. Ин мавзӯъ яке аз масоили калидӣ дар гуфтугӯҳои Боррелл бо мақомоти Русия хоҳад буд. Боррел пеш аз сафар гуфт, ки бо “паёми рӯшанбе” ба Кремлин сафар мекунад. Ӯ аввалин фиристодаи ИА аст, ки баъди соли 2017 ба Маскав сафар мекунад.

Маскав то ҳол даъватҳо ба озод кардани Навалнийро аз зиндон нодида гирифтааст. Ӯ дар як мурофиаи 2-юми феврал бо гуноҳи нақзи ҳабси шартӣ аз рӯи мурофиаи соли 2014 оид ба фасод ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ин дар ҳолест, ки Навалний аз моҳи августи порсол то 17-уми январи имсол дар Берлин буд ва аз осори як заҳри низомӣ табобат мегирифт.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 3 феврал Ғарбро дар он муттаҳам кард, ки бо вокуниш ба қазияи Навалний “аз ҳад гузаштааст”. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, Маскав барои пешбурди равобит бо Брюссел “ба ҳама чиз омода аст”, вале Кремлин “омода нест, ки маслиҳатҳо”-ро гӯш кунад.

XS
SM
MD
LG