Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 соли зиндон барои заҳри деги оши хонавода


Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро ба 18 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додистонии кулли Тоҷикистон бо нашри як хабарнома мегӯяд, иттиҳоми Ҷалолиддин Исломов дар мавриди заҳролуд кардани хӯроки аҳли хонаводааш исботи худро ёфт. Ба қавли манбаъ, маҳкумшуда, ки майнуш будааст, аз рӯи хусумати шахсӣ моҳи сентябри соли гузашта ба деги хӯрок маводи заҳрогинро меандозад. Дар натиҷа модари Исломов ба ҳалокат расида, 6 нафари дигар, аз ҷумла ду кӯдаки хурдсол бо заҳролудшавии шадид дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона бистарӣ шуданд. Гуфта мешавад, даъвои аҳли хонавода сари майнушии Ҷалолиддин Исломов мояи аслии муноқишаҳои оилавӣ будааст. Маълум нест, ки назари худи Исломов ба ин иттиҳом чӣ аст ва то куҷо ӯ дар додгоҳ айбномаро эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG