Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзо Бегматов, охирин иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон аз Кӯлоб даргузашт. АКС, ВИДЕО


Мирзо Бегматов
Мирзо Бегматов

Мирзо Бегматов, охирин иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон аз минтақаи Кӯлоб, рӯзи 2-юми феврал дар 97-солагӣ даргузашт.

Ҳақназар Ғоиб, шоир ва дӯсти наздики Мирзо Бегматов, гуфт, ӯ то нафаси охирин дар хидмати халқ ва тарбияи ҷавонон буд.

"Даҳшатҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузароида буданд ва, аз ин рӯ, одамонро дӯст медоштанд. Ҳамеша талош мекарданд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ дар канори одамон бошанд", -- ба ёд овард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Дар Кӯлоб охирин иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Мирзо Бегматов дар 17-солагӣ дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Тошканд хонда, бо шурӯи Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба ноҳияи собиқ Шӯрообод фиристода шудааст, то ба хонандагон дарс диҳад.

Аммо баъди ду сол ба ҷанг бурдаанд ва ӯ то лаҳзаи пирӯзӣ дар майдон будааст. Исмоил Иброҳимов, яке аз дӯстони Мирзо Бегматов, мегӯяд, "25 сол дар якҷо кор кардем. Аз ҷанг қисса мекард ва хотираҳои гузаштаро мегуфт. Дар Шӯрои ветеранҳои минтақаи Кӯлоб кор мекардем ва то ҳамин рӯз пуштибони аъзои шӯро буд."

Мирзо Бегматов баъд аз адои ҷанг бо София Акалаева, духтари осетинӣ, хонадор шуда, аз ин издивоҷ ҳашт фарзанд доранд. Акалаева соли 2012 фавтидааст.

Бегматов дар замони барҳаёт будан китобҳои "Таърихи ташкилёбии ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи Кӯлоб", "Раиси комитети инқилобӣ Саидҷон Назаров", "Паҳлуҳои зиндагӣ" ва "Умри босамар"-ро нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG