Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав мурофиаи Алексей Навалний шурӯъ шуд


Алексей Навалний дар додгоҳи рӯзи 2 феврал аз рӯи иттиҳоми нақзи ҳукми додгоҳи соли 2014 посух медиҳад. Ба ӯ 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад
Алексей Навалний дар додгоҳи рӯзи 2 феврал аз рӯи иттиҳоми нақзи ҳукми додгоҳи соли 2014 посух медиҳад. Ба ӯ 3,5 соли зиндон таҳдид мекунад

Додгоҳи ноҳияи Симоновскии шаҳри Маскав дар ҷаласаи сайёре, ки дар бинои додгоҳи шаҳри Маскав шурӯъ шудааст, аризаи Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар бораи тағйири ҳукми додгоҳи Алексей Навалнийро аз рӯи парвандаи “Ив Рошер”-и соли 2014 содиршуда баррасӣ мекунад. Алексей Навалний, ки аз 18-уми январ дар боздоштгоҳи мавсум ба “Матросская тишина” нигаҳдорӣ мешавад, ба вакилон дастрасӣ дорад ва ба толори додгоҳ инчунин ҳамсараш Юлия роҳ дода шуд. Дар миёни онҳое, ки барои дидани мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шудаанд, журналистони маҳалливу хориҷӣ ва дипломатҳо дида мешаванд.

Радио Свобода мегӯяд, дар остонаи шурӯи мурофиа додраси парванда иваз шуд ва маълум нест, ки тағйирот бо чӣ вобаста аст. Наталия Репникова, додраси тозатаъиншуда бо қарори айбдоркуниаш аз рӯи парвандаи ғоратгарӣ ба ҳангоми сохтмони пойгоҳи кайҳонии "Восточний " дар соли 2018 маъруф аст ва ин танҳо парвандаи пурсарусадо бо иштироки ин додрас мебошад.

Хабарнигорони ТВ "Настоящее время" мегӯяд, маҳалли додгоҳ дар иҳотаи сахти нирӯҳои қудратӣ буда, аз субҳи сешанбе кормандони ОМОН ё Гурӯҳи таъиноти махсус дар ин ҷо занҷираи амниятӣ ташкил кардаанд. Санадҳоро дар баромадгоҳи метрои "Преображенская площадь" тафтиш мекунанд. Оҷонсии Reuters хабар дод, ки пеш аз шурӯи мурофиаи додгоҳӣ 20 нафар боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG