Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алифбои нави қазоқӣ бо ҳуруфи лотинӣ муаррифӣ шуд


Дар ҷаласаи Комиссияи миллии Қазоқистон барои тағйири алифбои ин кишвар гузина ё интихоби нави алифбои қазоқӣ бо ҳуруфи лотинӣ муаррифӣ шуд. Ба гуфтаи мақомоти қазоқ, алифбои нав аз миёни 40 пешниҳод интихоб шудааст.

"Алифбои такмилшуда дорои 31 аломат аст, ки ҳамаи 28 овоз дар забони қазоқиро фаро мегирад. Ин алифбо тибқи меъёри "як овоз - як ҳарф" таҳия шудааст", - навиштааст сомонаи сарвазири Қазоқистон.

Ҳукумати Қазоқистон нақша дорад, ки тадриҷан аз соли 2023 то соли 2031 ба ҳуруфи лотинӣ гузарад. Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев соли 2017 дастур дода буд, ки алифбои қазоқӣ ба лотинӣ тағйир дода шавад. Ин аллакай гузинаи чаҳоруми алифбо аст, ки ҳукумати Қазоқистон пешниҳод мекунад.

Бо дастури Назарбоев пештар ду гузинаи алифбо пешниҳод шуд, вале ҳардуи онҳо мавриди интиқоди умум қарор гирифтанд.

Расонаҳои Ғарб гузариши Қазоқистонро ба ҳарфи лотинӣ "ақибнишинӣ аз олами рус" номиданд.

XS
SM
MD
LG