Президенти Тоҷикистон амр дод, ки шурӯъ аз моҳи сентбяри соли 2021 андозаи стипендияи донишҷӯён 30 дарсад, нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ 20 фоиз ва маъюбони гуруҳи якум 50 дарсад боло бардошта шавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳини ироаи паёми солонааш ба порлумони кишвар рӯзи 26 январ дар ин замина ба ҳукумат дастур дод. Дар ин суханронӣ раисҷумҳур аз ҷумла гуфт, нафақаи маъюбон мутобиқ бо қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» баланд бардошта шавад
Айни замон, ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, андозаи миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ, ки аз он маъюбон бархурдоранд, 289 сомониву 67 дирам аст. Дастури боло бурдани нафақаҳо ва он ҳам барои маъюбон дар ҳолест, ки тавварум ва инфлятсияи сомонӣ соли равон назар ба солҳои қаблӣ хеле баланд буд ва то поёни соли 2020 ба 9,4 дарсад расид. Солҳои қаблӣ мизони таварруми сомонӣ дар сатҳи 6-7 дарсад қарор мегирифт. Аз ин рӯ қисме аз болоравии нафақаҳоро таваррум ва гарон шудани нархи маводи хӯрокворӣ фурӯ мебарад.