Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба кормандонаш гуфт, ба ҳавопаймоҳои покистонӣ нанишинанд


Исломобод, фурудгоҳи байналмилалии "Беназир"
Исломобод, фурудгоҳи байналмилалии "Беназир"

СММ ба кормандонаш ҳушдор дод, ки аз хидмати ҳавопаймоҳои сабтшудаи покистонӣ истифода накунанд, чун, ба хулосаҳои ин ниҳод, бархе халабонҳои покистонӣ ихтисоси худро дуруст намедонанд. Дар як ҳушдоре ба номи кормандони СММ, ки 23-юми январ матнашро матбуоти покистонӣ дарёфт кардааст, Идораи СММ оид ба мудирияти низомҳои амн (UNSMS) гуфтааст, дар паи тафтиши иҷозатномаҳои шубҳаноки парвоз машварат медиҳад, ки ба ҳангоми “истифода аз операторҳои сабтшудаи покистонӣ эҳтиёт ба кор бурда шавад”. Санаи нашри ин ҳушдор маълум нест.

Моҳи июни соли 2020 Покистон эълон кард, ки дар паи садамаи ҳавопаймое, ки бо марги 97 нафар анҷомид, санҷише барпо ва 262 халабон дар нақзи талаботи имтиҳонсупорӣ гумонбар дониста шуд. Машварати СММ ба ин маъност, ки ҳатто дар сурати парвоз дар дохили кишвар кормандони СММ бояд аз нишастан ба ҳавопаймоҳои маҳаллӣ худдорӣ кунанд.

Оҷонсии The News-и Покистон менависад, ки кормандони СММ метавонанд аз ҳавопаймоҳои Сомон-Эйр-и Тоҷикистон, Kam Air-и сабтшуда дар Афғонистон ва “Узбекистон ҳаво йуллари” истифода кунанд.

Дар даҳ соли гузашта чор ҳавопаймои сабтшудаи покистонӣ суқут карда, боиси кушта шудани 450 мусофир ва ҳайати халабонҳо шуданд.

Моҳи маи порсол ҳавопаймое, ки аз Лоҳур ҳаракат мекард, дар як минтақаи аҳолинишини Карочӣ суқут кард. Собиқ вазири умури ҳавопаймоӣ Ғулом Сарвархон он замон гуфт, ки сабаби фоҷеа иштибоҳи инсон буда, пилот ё халабон аз рӯи муқаррарот амал накард.

XS
SM
MD
LG