Намояндагии “Россотдрудничество” дар Тоҷикистон дар бораи шурӯи номнависӣ барои таҳсил дар макотиби олии Русия дар соли хониши 2021-2022 хабар медиҳад. Сабти довталабон тариқи вебсайт аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Қаблан нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарори зиёд кардани квотаро барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия имзо намуд. Тибқи он, дар соли нави хониш шумори квотаҳо 18 ҳазор, соли 2022 - 23 ҳазор ва шурӯъ аз соли 2023 - 30 ҳазор хоҳад буд. Тоҷикистон чун солҳои қаблӣ 630 квотаро соҳиб шудааст. Донишҷӯёни тоҷике, ки соли гузашта тибқи квота ба донишгоҳҳои Русия дохил шуданд, бинобар пандемияи коронавирус натавонистанд ба Русия сафар кунанд. Ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки дарсҳоро тариқи онлайнӣ бихонанд. Мақомоти рус гуфтанд, бозгашти донишҷӯён ба Русия дар сурати барқарор шудани парвозҳои доимӣ имконпазир хоҳад шуд.