Дар Вашингтон дар паи як маъракаи хеле пурбаҳси интихоботӣ ва давраи гузор дар таърихи ИМА, демократ Ҷо Байден нисфирӯзии 20-уми январ дар Капитол ба ҳайси президенти 46-уми ин кишвар савганд ёд мекунад. Маросими савгандёдкунӣ дар шароити сахти амниятӣ баргузор мешавад ва Байдени 78-сола кӯҳансолтарин президент дар таърихи ИМА мешавад, ки вориди Кохи Сафед хоҳад шуд. Аввалин бор дар таърихи 152-сола, президенти рафтаистода дар маросими савгандёдкунӣ иштирок намекунад, дар ҳоле, ки президентони гузашта – Ҷорҷ Буш, Билл Клинтон ва Барак Обама ҳузур хоҳанд дошт. Собиқ президент Ҷимми Картери 96-сола гуфтааст, ки дар ин маросим иштирок карда наметавонад. Мувоини президент Доналд Трамп – Майк Пенс гуфт, ки дар ин маросим ҳозир мешавад ва бисёр ҷумҳурихоҳҳои дигар ҳам ҳамин корро хоҳанд кард. Дар рӯзи 20-уми январ бо савгандёдкунии Камала Ҳарриси 56-сола дар мақоми муовини президент ҳодисаи нави таърихӣ рӯй медиҳад, чун ӯ аввалин зан ва намояндаи аққалиятҳои Амрико аст, ки дар ин мақом ифои вазифа мекунад. Дар остонаи савгандёдкунӣ Байден ва Ҳаррис дар як маросиме иштирок карданд, ки барои гиромидошти хотири 400 ҳазор қурбонии коронавирус дар ИМА ташкил шуда буд.