Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони парвандаи низои қавмӣ дар Қазоқистон мегӯянд, шиканҷа шуданд


Мурофиаи муттаҳамон дар низои қавмӣ дар Қазоқистон.
Мурофиаи муттаҳамон дар низои қавмӣ дар Қазоқистон.

Яке аз гумонбарони парвандаи ҷанҷоли қавмӣ дар Қазоқистон дар толори додгоҳ ба нишони эътироз ба хушунат алайҳи айбдоршавандаҳои парванда худро захмӣ кард. Як гумонбари дигар гуфт, ӯву чанд ҳамроҳашро шиканҷа кардаанд.

Ба огаҳии додгоҳи Қазоқистон, гумонбар Шамил Харсанов 18 январ баъди анҷоми мурофиа ба китфи тарафи рости худ осеб расондааст. Ин ҳодиса баъди хориҷ шудани додрас аз толор рух додааст. Ҷузъиёти ҳодиса гуфта намешавад.

Харсанов мегӯяд, чандин бор ба додрас муроҷиат карда, кушиш кардааст, сабабҳои даст ба ин кор заданашро ба вай шарҳ диҳад, вале додрас суханҳои ӯро гуш накардааст.

Ба гуфтаи вакили дифои гумонбарон, Харсанов ҳангоми захмӣ кардани худ гуфтааст, "маъмурони пулис дар пеши чашмони ман айбдоршавандаҳоро латтукӯб карданд". Додраси парванда Айдарбек изҳор дошт, ки ба кори маъмурон баҳо дода наметавонад, зеро ҳангоми рух додани ҳодиса дар толори додгоҳ набуд.

Пештар низ гумонбарони парвандаи мазкур гуфта буданд, ки латтукӯб шудаанд. Яке аз гумонбарон дар мурофиаи 18 январ фарёд зад, ки "моро латтукӯб кардаанд".

Дар доираи парвандаи низои қавмӣ 51 кас - сокинони чаҳор деҳаи ноҳияи Кордай муттаҳам мешаванд. Ин афрод бо моддаҳои "Беназмиҳои оммавӣ", "Ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигаҳдорӣ ва ба каси дигар додани аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда", "Тамаъҷӯӣ" ва "Роҳзанӣ" айбдор мешаванд. Дар додгоҳ дар маҷмуъ 60 вакил аз муттаҳамон дифоъ мекунад.

Шаби 8 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи занозанӣ дар деҳаҳои асосан дунганнишини ноҳияи Кордайи Қазоқистон 11 кас кушта, бештар аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд. Зиёда аз 20 ҳазор одам, асосан дунганҳо аз маҳалли зисти худ фирор карданд. Бисёре аз онҳо ба Қирғизистон фирор карданд. Ҳукумати Қазоқистон баъдтар хабар дод, ки қисме аз фирориҳо ба манзилҳои худ баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG