Рӯзноманигори "Супер ТВ" Шоиста Шатманова дар "Фейсбук" навиштааст, ба ӯ телефонӣ ҳушдор доданд, ки масоили марбут ба Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистонро бозтоб накунад.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳушдорро баъди он шунид, ки иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитовро барои суҳбат ба барномаи телевизионӣ даъват карданд ва суолҳоро ба вай пешакӣ фиристод.
Рӯзноманигор мегӯяд, онҳо аз иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон дар бораи Матраимов низ суол карданд. Аз ҷумла пурсида шуд, ки чаро Мамитов вакили дифои Матраимовҳоро додрас таъйин кардааст.
Шатмаманова мегӯяд, Искандар Матраимов, вакили порлумони Қирғизистон ва бародари Райимбек Матраимов ба ӯ занг зада, гуфтааст, "чаро ҳамеша масоили марбут ба Матраимовро матраҳ мекунед? Магар дар Қирғизистон дигар мушкилот намондааст?". Ба гуфтаи рӯзноманигор, Матраимов ҳарчанд дастур ҳам надода бошад, вале ин гуфтааш, ки "дигар мушкилот нест?" ҳамчун "фишор" шумурда мешавад.
Искандар Матраимов тасдиқ кард, ки ба рӯзноманигор занг задааст, вале гуфт, ҳеч гуна фишоре ба ӯ наовардааст ва занги телефонӣ ҳам марбут ба Талант Мамитов будааст.
Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон 6 январ бо имзои фармоне як қатор додрасҳоро таъйин кард, ки дар миёни онҳо номи вакили дифои Матраимовҳо -- Лайло Байдаева низ ҳаст.
Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.
Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.