Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як руҳониро дар Қазоқистон ҷарима бастанд


Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон шикояти Раёсати умури дини шаҳрро нисбати руҳонӣ Абдукарим Ҳасан ба баррасӣ гирифт.

Ин руҳонӣ дар вайрон кардани қонун "Дар бораи фаъолияти динӣ ва муассисаҳои динӣ" айбдор мешавад. Додгоҳ гуфт, вай "одамонро ба манзилаш даъват ва маросими динӣ анҷом додааст". Ба ин тартиб, Ҳасан аз сӯи додгоҳ 194 ҳазор танга, муодили 460 доллари ИМА ҷарима шуд.

Ин дар ҳолест, ки Абдукарим Ҳасан тирамоҳи соли гузашта барои "таълими шакли сабтношудаи суфигарӣ" 140 ҳазор танга ҷарима шуда буд. Абдукарим Ҳасан гуфт, додгоҳ бори дувум ӯро дар асоси парвандаи пешин ҷарима кардааст.

Вакилони мудофеи Абдукарим Ҳасан аз додгоҳ талаб карданд, ки парванда қатъ шавад, зеро нафари таҳти ҳимояти онҳо як маротиба ҷарима пардохт кардааст.

XS
SM
MD
LG