Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаи нохуш дар шахтаи "Ленин"-и Қазоқистон: ҷустуҷӯҳо идома доранд


Дар шахтаи ба номи Ленини вилояти Қарағандаи Қазоқистон нимашаби 13-уми январ ихроҷи газ мушоҳида шудааст. Ҳодиса ҳангоми пармакунӣ рух додааст.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳангоми рух додани ҳодиса дар дохили шахта 137 нафар қарор доштаанд ва тавонистаанд 136 нафарро сари вақт ба берун бароранд. Ҷустуҷӯи нафари боқимонда идома дорад.

Дар ширкати "АрселорМиттал Темиртау", ки шахта ба он тааллуқ дорад, гуфтанд, "гуруҳи пармакунон тавонистанд берун бароянд, вале як нафарашон натавонистааст ҷойи ҳодисаро тарк кунад.

Дар ҳукумати вилояти Қарағанда хабар доданд, ки барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи махсуси давлатӣ таъсис ёфтаа, ба ҳайати он, аз ҷумла сардори Департаменти кумитаи бехатарии саноати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, намояндагони нозироти вилоятии меҳнат, иттифоқи касаба ва раҳбарияти шахтаи "Ленин" шомиланд.

XS
SM
MD
LG