Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воксини қазоқистонии зидди коронавирус барои 9 моҳ сабт шуд


Воксини қазоқистонии KazCOVID-in рӯзи 31-уми декабр барои замони муваққат сабт шуд. Дар ин бора дар як нишасти хабарӣ рӯзи 13-уми январ Нурлибек Асилбеков, як масъули вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод.

"Вазорати тандурстӣ талош мекунад, ки ҳамаи воксинҳо дастрас бошанд. Аммо бо назардошти воқеиятҳо, ҳоло мо ба воксини истеҳсоли дохилӣ ва "Спутник V" дастрасӣ дорем. Воксини истеҳсоли қазоқистонии KazCOVID-in барои нуҳ моҳ муваққатан сабт шудааст", - гуфт Асилбеков.

Вай илова кард, ки омодагӣ ба воксинзанӣ идома дорад.

"Дар бораи харидории воксинҳои Pfizer ва Moderna гуфтугӯ дорем", - гуфт Асилбеков.

Ба гуфтаи вай, эҳтимол дорад, воксини русии "Спутник V" охири моҳи феврал ба Қазоқистон оварда шавад.

Мақомоти Қазоқистон пештар гуфта буданд, ки воксини қазоқистонии KazCOVID-in дар озмоишҳо коромадии худро бо нишондоди 96 дарсад собит кардааст.

XS
SM
MD
LG