Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси намояндагон аз паи импичменти Трамп мешавад


Трампро дар таҳрики ҳамла ба бинои Капитол айбдор мекунанд, ки дар натиҷаи он 5 нафар ба ҳалокат расид
Трампро дар таҳрики ҳамла ба бинои Капитол айбдор мекунанд, ки дар натиҷаи он 5 нафар ба ҳалокат расид

Демократҳои Конгресси ИМА ҳафтаи ҷорӣ талош хоҳанд кард президент Доналд Трампро водор бикунанд, ки аз мақомаш канор биравад ва ин корро онҳо мехоҳанд аз ду роҳ анҷом бидиҳанд: ё болои муовини президент ва кабина барои истифода аз ҳақи худ барои барканории ӯ истифода кунанд ё ҷараёни импичмент – эълони нобовариро ба роҳ монанд. Дар ин бора раиси маҷлис Ненси Пелоси рӯзи 10 январ бо нашри як номае хабар дод. Ин дар ҳолест, ки баъди нақшаш дар таҳрики ҳамлаи маргбори издиҳоми тарафдоронаш ба бинои Капитол, Доналд Трамп дар рӯзҳои охир таҳти фишори афзоянда ва инзивои бештар қарор гирифтааст.

Маҷлиси намояндагони таҳти назорати демократҳо ният дорад рӯзи 11-уми январ аз муовини президент Майк Пенс тақозо кунад, ки ҳамроҳ бо дигар аъзои ҳукумат моддаи 25-уми қонунро фаъол кунад. Ин банди қонун дар сурате татбиқ мешавад, ки президент натавонад салоҳиятҳои худро иҷро кунад. Пелоси гуфт, агар Пенс дар 24 соат посух надиҳад, демократҳо бо ҷараёни импичмент пеш мераванд. Пелоси гуфт, “ба хотири ҳимоят аз конститутсия ва демократияи мо, бояд сареъ кор кунем, чунки президент ба ин ду чиз таҳдиди билофосила дорад”.

XS
SM
MD
LG