Мудофеони ҳуқуқи башар ҳукумати Эронро танқид карданд, ки сиёсатро аз ҳаёти мардум боло мегузорад. Интиқод баъди он садо дод, ки раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи 8-уми январ воридоти ваксинаҳои истеҳсоли Амрикову Бритониёро ба кишвараш манъ кард.
Ширкатҳои Pfizer ва Moderna аз Амрико ва AstraZeneca аз Бритониё ваксинаҳои зидди коронавирусро тавлид карда, то кунун ба миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дастрас кардаанд.
Аммо Хоманаӣ тавассути телевизионҳои давлатии Эрон ва Твиттер гуфт, ваксинаҳои истеҳсолшуда "комилан қобили боварӣ нестанд" ва илова кард, "мумкин аст, онҳо мехоҳанд кишварҳои дигарро олуда кунанд".
Твиттер шакли англисии паёми Хоманаиро бо далели он ки ба зиндагии одамон дар ҷаҳон таҳдид мекунад, пинҳон кардааст. Шакли форсии он дастикам то рӯзи 9-уми январ вуҷуд дошт.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба ин изҳорот вокуниш кард ва аз кишварҳои ҷаҳон хост, ваксинаи зидди коронавирусро бо сиёсат олуда накунанд.
Мансур Миллс, пажӯҳишгари созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International, гуфт, раҳбари олии Эрон бо ҳаёти миллионҳо кас бозӣ мекунад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ коронавируси нав то кунун дар Эрон ҷони беш аз 55 ҳазор нафарро рабудааст.