Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти эътирозгарон дар рӯзи интихоботи Қазоқистон. Раиси ҷумҳур аз адолат гуфт. ВИДЕО


Боздошти эътирозгарон дар Алмато

Дар ҳоле ки дар Қазоқистон интихоботи порлумонӣ бе ҳузури намояндагони мухолифин ҷараён дорад, даҳҳо нафар аз фаъолон дар шаҳри Алмато ба таҳрим ё бойкоти интихобот даъват карда, ба зидди Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешин шиор доданд.

Назарбоев соли 2019 баъд аз тақрибан сӣ соли раёсаташ истеъфо дод, вале ҳамчун раиси Шӯрои амният нуфузи худро дар қудрат нигоҳ дошт.

Эътирозгарон дар Алмато асосан аз гуруҳи ташаббускор барои ташкили Ҳизби демократ ва аъзои ҷунбиши "Oyan, Qazaqstan" буданд. Онҳо рӯзи 10-уми январ ба кӯчаҳо баромаданд, аммо зуд аз сӯйи нерӯҳои вижаи пулис иҳота карда шуданд.

Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, ки дар пеши чашми онҳо дастикам сӣ нафарро дастгир карда бурданд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, пас аз раъй додан дар яке аз қитъаҳои интихоботӣ дар шаҳри Нурсултон гуфт, ҳама корро карданд, то адолат дар интихобот таъмин бошад. Вай гуфт, "ба ҳама номзадҳо имкони баробар дода шуд" ва ибрози умед кард, ки ба порлумон намояндагони ҳизбҳои гуногун ворид мешаванд.

Ин интихоботи нахустин баъд аз истеъфои Нурсултон Назарбоев аз мансаби раиси ҷумҳури Қазоқистон дар соли 2019 аст. Дар он панҷ ҳизб иштирок доранд, вале ҳеч кадом мухолиф ё оппозитсионӣ нестанд. Бино ба қонунҳои Қазоқистон, барои ворид шудан ба порлумон убури садди 7-дарсадӣ зарур аст.

Интизор меравад, ҳизби ҳокими "Нур Отан", ки раёсаташро Нурсултон Назарбоев ба уҳда дорад, курсиҳои худро дар порлумон ҳифз хоҳад кард. Назарбоев ҳамзамон раиси Шӯрои амният аст ва аз масунияту имтиёзҳои беохири "Элбаси" ё "Пешвои миллат" низ истифода мекунад.

То кунун созмонҳои байнулмилалӣ ягон интихоботи Қазоқистонро озоду одилона эътироф накардаанд.

"Назарбоев, бирав". Эътирозҳо ва боздоштҳо дар Алмато
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

XS
SM
MD
LG