Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон муштариёни фиребхӯрдаи "УзАвтоТрансСитӣ" пулҳои худро талаб доранд


Даҳҳо сокини вилояти Бухорои Узбекистон, ки барои хариди мошин ба ширкати "УзАвтоТрансСитӣ" миллионҳо сӯм додаанд, рӯзи 7-уми январ бо талаби баргардонидани пулҳояшон дар назди додгоҳи вилоятӣ ҷамъ шуданд.

Онҳо пештар ба маъмурияти ҳукумат ва қабулгоҳи мардумии президенти Узбекистон муроҷиат карда буданд, вале посухе нагирифтанд.

Шумори муштариёни фиребхӯрдаи "УзАвтоТрансСитӣ" ба 80 расида, дар миёнашон онҳое низ ҳастанд, ки аз бонк бо фоизи баланд пул қарз гирифтаанд.

Абдуқаюм Шукуров, муассис ва мудири кулли "УзАвтоТрансСитӣ" ва се корманди дигари ширкат моҳи ноябри соли гузашта дар қаллобӣ ва нақзи қоидаҳои савдо айбдор эълом ва ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки миллионҳо сӯми пардохтаи муштариёнро кӣ бармегардонад.

XS
SM
MD
LG