Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири пешини Қирғизистонро ба бозпурсӣ даъват карданд


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов

Сарвазири пешин ва собиқ раиси ҳизби "Республика"-и Қирғизистон Омурбек Бабановаро ба бозпурсии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) даъват карданд.

Бино ба иттилои масъулини КДАМ, тафтиши чанде аз парвандаҳо идома дорад, ки яке аз афроди дар онҳо зикршуда Бабанов аст.

Сана ва соати бозпурсӣ дақиқ нест.

Баъди интихоботи президентии соли 2017 дар Қирғизистон, ки Омурбек Бабанов мақоми дувумро касб карда буд, кишварро тарк ва фаъолияти сиёсиашро хатм кард. Вай дар Маскав қарор дошт ва моҳи августи соли 2019 ба Қирғизистон баргашт.

Бабановро дар моҳи августи соли 2019 дар пулиси молӣ ва КДАМ борҳо бозпурсӣ карданд. Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки нисбати Бабанов 8 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG